Jump to content

Au pair

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Au pair [oˈpɛʁ "о пер"] (шакли кӯтоҳи "аu-pair-духтар ё au-pair-писар") гуфта ҷавонони ба синни балоғат расида ё дар баъзе кишварҳо наврасонеро меноманд, ки дар кишвари худ ё хориҷи кишвар дар ягон оилаи қабулкунанда зиндагӣ ва кор мекунанд. Маоши онҳо асосан хароҷот барои озуқа, ҷои зист ва пули киссагиро дар бар мегирад. Ба ғайр аз ин, мақсади асосии чунин фаъолият омӯхтани забон ва фарҳанги кишвар ё минтақаи мизбон мебошад.

Вожаи au pair сифат аст (аз фаронсавӣ, маънояш "дар иваз(и амале)" ё "дутарафа"). Агар мақсади au pair бо курси забономӯзӣ сурат гирад, пас онро Demi-pair ҳам номидан мумкин аст.

Пайдоиши барномаи au pair ба асри 18 рост меояд ва он сарчашмаи худро аз Швейтсария мегирад. Дар он ҷо оилаҳои сарватманд духтарони худро барои зиндагӣ ба хориҷа ё ба минтақаҳои забонаш дигар мефиристоданд, то онҳо забон омӯзанд ва дониши худро васеъ кунанд. Дар Англия духтаронро ба оилаҳои фаронсизабон равон мекарданд. Дар Олмон бошад дар асри 19 ҷавондухтареро, ки дар як муддати муайян бо оилаи қабулкунанда бо мақсади омӯхтани корҳои хоҷагии хона зиндагӣ мекард, дастёри хона ё ёвари хона мегуфтанд.

Маълумоти умумӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Барномаи au pair ба ҷавонон имкон медиҳад, ки онҳо бидуни сарфи маблағи зиёд забон омӯзанд ва бо фарҳанги нав шинос шаванд. Одатан, аксарияти ҷавонони au pair духтарон буда, дар солҳои охир ҳиссаи писарони au pair низ меафзояд. [1]

Иқомат дар доираи барномаи au pair чунин имкониятҳоро барои ҷавонон муҳайё месозад:

Вазифаҳои au pair

[вироиш | вироиши манбаъ]

Вазифаи асосии au pair нигоҳубин ё парастории кӯдак(он) аст. Илова бар ин, бештари вақт корҳои сабуки хона низ талаб карда мешаванд. Таносуби кори хоҷагии хонагӣ набояд аз 50% вақти умумии корӣ (мисол, парастории кӯдакон) зиёд шавад. Au pair пеш аз ҳама барои оилаи мизбон ҳамчун корманди тозагӣ ҳисобида намешавад. Барои пешгирӣ ва бартараф намудани ихтилофу якдигарнофаҳмиҳо, пеш аз оғоз намудани фаъолият, бояд соатҳои корӣ, аз ҷумла таносуби соатҳои нигоҳубини кўдак ва корҳои хона дар шартномаи корӣ бодиққат ба назар гирифта шаванд.

Барои мисол, Оҷонсии Федеролии Шуғли Аҳолии Олмон вазифаҳои au pair-чиёнро чунин тавсиф намудааст:

"Вазифаҳои ҳаррӯзаи шуғлварзони au pair хеле гуногунанд. Онҳо комилан аз хусусиятҳо ва тарзи ҳаёти оилаи қабулкунандаи au pair вобастагӣ доранд. Ҳаррӯза иштирокчиёни барномаи au pair вазифаҳои зеринро ба анҷом мерасонанд:

Ба вазифаҳои au pair парастории беморон ва пиронсолон (мисол, нигоҳубини шахсони ниёзманд ё маъюби оила) дохил намешаванд.

- Оҷонсии Федеролии Шуғли Аҳолии Олмон[2]

Дар бораи фаъолиятҳои мушаххаси иштирокчиёни барномаи au pair дастурҳои қатъӣ вуҷуд надоранд.

Баъзе вазифаҳои ба au pair хос чунинанд:

  • Ба кӯдакон хӯрок омода намудан
  • Барои пӯшидан ва кашидани либос ёрӣ додан (вобаста аз синну соли кӯдак)
  • Кӯдаконро оббозӣ доштан
  • Бо кӯдакон бозӣ кардан
  • Якҷоя китоб хондан ё хонда додан
  • Ба иҷрои супориши хонагии мактабӣ ёрӣ расонидан
  • Кӯдаконро ба боғча, мактаб, гурӯҳҳои бозӣ ё маҳфилҳо бурдан ва овардан
  • Ҷомашӯӣ ва дарзмол кардани либосҳои кӯдакон
  • Ба кӯдакон хӯрок пухтан ё гарм кардан
  • Ҳуҷраи кӯдакон ва ҳуҷраи шахсии худро тоза карда ба тартиб овардан.

Масалан вазифаҳои au pair инҳоро дар бар намегиранд:

  • Кори хоҷагии хонаро пурра мустақилона бурдан
  • Ҳуҷраи хоби волидони мизбонро тоза кардан
  • Боғи хонаро нигоҳубин кардан
  • Парастории пиронсолон

Одатан, ба ғайр аз вазифаҳои марбут ба нигоҳубини кӯдак, имконпазир аст, ки волидони мизбон инчунин дигар корҳои сабуки хонаро ба au pair таъин намоянд, масалан:

Au pair набояд барои волидони мизбон боиси ташвиш ё харҷи иловагӣ гардад, ё набояд бо роҳҳои гуногун мушкилоте ба бор орад. Аu pair ҳуҷраи худро тоза нигоҳ медорад ва ин ҳамчун вақти корӣ ҳисоб карда намешавад.

Раванди интегратсионӣ ба оила

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ташкилотҳои ҳамоҳангсоз

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муқаррароти ҳуқуқӣ дар давлатҳои қабулкунанда

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба au pair иҷозати иқомат дар асоси шартҳои зерин дода мешавад: [3]

  • Au pair дониши ибтидоии забони олмонӣ дорад ва синнаш аз 27 сола боло нест.
  • Забони олмонӣ дар оила ҳамчун забони модарӣ ё забони оилавӣ ҳарф зада шавад. Ва ниҳоят, au pair набояд ҳамватани оилаи қабулкунанда бошад.

Ҳангоми дархост барои раводид, синну соли au pair метавонад дар ҳудуди 18 то 27 сол бошад ва дар Олмон танҳо 1 сол бимонад. Дониши ибтидоии забони олмонӣ талаб карда мешавад. Au pair хароҷоти сафар ба оилаи мизбон ва бозгаштро пурра ба дӯши худ мегирад.

Ҳаққи хизмати умумии иштирокчиёни au pair дар як моҳ 280 евро пули киссаӣ, суғурта барои саломатӣ ва садама, ҷои зисти ройгон аз ҷумла утоқи шахсии худ ва ҳама хӯрокҳоро дар бар мегирад. Au pair ҳамроҳи оилаи мизбони худ дар сари як дастархон нишаста ғизоро истеъмол мекунад; яъне аu pair ҳамчун аъзои он хонавода муносибати ҳамаҷонибаи ба оила хосро дорад.

Ҳар як au pair имкон дорад, ки ба курсҳои забони олмонӣ биравад ва дар вақтҳои холии худ дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва зеҳнӣ иштирок намояд. Оилаҳои мизбон одатан ҳар моҳ 50 евро барои хароҷоти курси забонӣ ҷудо мекунанд.

Au pair ҳамарӯза ба нисфирӯзии озод ва ҳар ҳафта ба як рӯзи истироҳат ҳақ дорад (аз ҷумла ба истеъмоли ҳама таомҳо дар рӯзҳои истироҳат). Асосан давомнокии рухсатӣ 4 ҳафта дар як соли пурраро ташкил медиҳад ё дар асоси чунин нақша мутаносибан ҳисоб карда шавад.

Ҳадди ниҳоии фаъолияти au pair дар Иёлоти Муттаҳида 45 соат дар як ҳафта ва 10 соат дар як рӯз муқаррар гардидааст.

Шартҳои дигаре, ки ҳукумати ИМА муқаррар кардааст: [4]

Шартҳои иштирок:

Маҳдудиятҳои синну солӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Контексти иҷтимоӣ (Олмон)

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Олмон шумораи дархостҳои au pair ва шумораи раводидҳои ба au pair додашуда аз соли 2003 ба таври назаррас коҳиш ёфта буд, талабот бошад баръакс пайваста баланд ё афзоиш меёфт. Аз ҷумла, аз кишварҳои нави узви Иттиҳодияи Аврупо Лаҳистон, Литва, Латвия, Эстония, Ҷумҳурии Чех, Словакия ва Маҷористон пас аз ворид шудан ба ИА кам дархост ворид кардаанд. [6]

Дастури (ИА) 2016/801

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар моҳи майи соли 2016, Дастури (ИА) 2016/801 (Директиваи REST) қабул карда шуд, ки додани иҷозатномаи иқоматро барои будубоши au pair ба шаҳрвандони кишварҳои сеюм танзим мекунад.

Рӯйхати адабиёт

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Frauke Lüpke-Narberhaus: Kerle als Kindermädchen – Hilf mir, Super-Manny, Spiegel-Online, 26. Juli 2010; In: Spiegel.de
  2. Дастурамал барои оилаҳои мизбон ва иштирокчиёни au pair.
  3. § 12 BeschV
  4. US Department of State Regelungen der Amerikanischen Regierung zum Au-pair-Programm in den USA (englisch)
  5. Хатои ёдкард: Барчасби <ref> ғайримиҷоз; матне барои ёдкардҳо бо номи Amerikahaus ворид нашудааст
  6. Хатои ёдкард: Барчасби <ref> ғайримиҷоз; матне барои ёдкардҳо бо номи pressetext-20060526 ворид нашудааст

Шаблон:Rechtshinweis