Саҳифаи Аслӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Main Page)
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Википе́диа — интернет-донишномаи озоди ройгон, ки ҳаркас метавон вироиш кунад.

Имрӯз дар донишнома бо забони тоҷикӣ 46,355 мақолаҳо навишта.

Мақола эҷод кунед Вуруди корбарон Боркунӣ Мундариҷа

Мақолаи баргузида
Эмомалӣ Раҳмон (порсӣ: امام‌علی رحمان‎, то 21 марти соли 2007 — Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов; тав. 5 октябри соли 1952) — сиёсатмадори тоҷик, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1992—1994), аз соли 1994 — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат (аз 25 декабри соли 2015). Дорандаи унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999
  • 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.
  • 6 ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.
  • 6 ноябри соли 1999 Эмомалӣ Раҳмон дар асоси алтернативӣ ва бо овоздиҳии умумихалқӣ бори дуюм ба мӯҳлати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
  • 6 ноябри соли 2006 Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи озоду шаффофи демократӣ дар асоси алтернативӣ бори сеюм ба мӯҳлати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.
  • 6 ноябри соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон бо 84,23% овози интихобкунандагон дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пирӯз гардид.(Эмомалӣ Раҳмон |бештар...)
Дар бораи Википедиа
Википедиа як донишномаи интернетӣ бо беш аз 280 забон бо мӯҳтавои озод аст ки бо ҳамкории афроди довталаб навишта мешавад ва ҳар касе ки ба интернет дастрасӣ дошта бошад, метавонад мақолаҳои онро вироиш кунад.

Хадафи Википедиа офариниш ва интишори як донишномаи ҷаҳонии озод ба тамомии забонҳои зиндаи дунёст, ки бо рушди рӯзафзуни ин Донишнома гардонандаҳои он дар Бунёди Викимедиа чандин лоиҳаҳои мушобеҳи дигар ҳамчун Викилуғат, Викикитоб, Викиситатаҳо, Викиахбор, Викидонишгоҳ, Виксафар, Викидода ва Викиумумиро падид оварданд.

Википедиаи Тоҷикӣ нусхаи забони тоҷикии вебгоҳи Википедиа аст ки рӯзи 27 январи соли 2004 таъсис ёфтааст. Ҳоло (1 Июн 2016) дар донишнома 46,355 мақолаҳо бо забони тоҷикӣ навишта шудаанд.

бештар...