Jump to content

Интернет дар Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Интернети Тоҷикистон ё Интернет дар Тоҷикистон, баъзан Тоҷне́т — бахши Интернет дар қаламрави Тоҷикистон. майи соли 2000 дар ш. Душанбе истифодаи шабакаи Интернет оғоз гардид.[1]

Ба унвони як навъи иртибот, технологияи интернетӣ дар Тоҷикистон дар миёнаҳои солҳои 90-уми асри гузашта — замоне, ки созмони байналмилалии CADA дар Душанбе ва як қатор шаҳрҳои калони Тоҷикистон почтаҳои электронӣ роҳандозӣ кард, пайдо шуд. Дар моҳи декабри соли 1999 аввалин дастрасӣ ба шабакаи ҷаҳонии интернет тавассути ширкати «Телеком Техноложӣ» ироа шуд.

Рушди фаъолтари интернет дар Тоҷикистон, тавассути ширкати Вавилон-Т, ироа шуд. Дар Тоҷикистон интернет барои муддати тӯлонӣ хадамоти нухбагон монд ва танҳо ба бахши маҳдуде аз мардум ва ширкатҳои бузург дастрас буд. Ва ин ҳам ба ду далел — яке қимати болои хидматгузориҳо ва дигар адами тавоноии ширкатҳои ироадиҳандаи интернет дар барқарор кардани иртибот бо минтақаҳои дурафтодаи кишвар.

Инқилоби интернетӣ дар Тоҷикистон соли 2005, замоне ки барои аввалин бор дар ҷаҳон, аз ҷумла дар кишвари мо иртиботи мобилӣ бо стандарти 3G (UMTS, CDMA 2000) муаррифӣ ва бомуваффақият озмоиш шуд, рух дод. Аввалин хадамоти «аҷиб ва ғариб», ин тамосҳои видеоӣ буд[2].

Хизматрасонӣ ва истифодабарандагони Интернет

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бино бар иттилои Internet Live Stats соли 2016 Тоҷикистон аз ҷиҳати шумораи истифодабарандагони шабакаи интернет дар мақоми 114-ум қарор дошт[3] ва дар қаламрави Тоҷикистон шумораи истифодабарандагони интернет ба 1,6 миллион нафар расида ин адад 18,7 % аз шумораи умумии аҳолиии кишварро ташкил медиҳад. Дар муқоиса бо соли 2015 шумораи корбарони интернет 4,3 % афзудааст[4].

Солҳои охир, дар Тоҷикистон ширкатҳои гуногун — ҶСП «Индиго Тоҷикистон» («Tcell»), ҶСП «ТТ-Мобайл» («МегаФон Тоҷикистон»), ҶСП «Вавилон Мобайл» ва ҶДММ «Таком» («ZetMobile», собиқ Beeline»), «Таджиктелеком», «Телеком-технолоджи», хидматрасониро дар бозори алоқаи мобилии телефонӣ ба сомон расонида истодаанд. Тибқи маълумоти соли 2017 дар Тоҷикистон шумораи истифодабарандагони Интернет дар якҷоягӣ бо истифодабарандагони интернети мобилӣ ва маҳаллӣ дар Тоҷикистон 2,3 млн нафарро ташкил медиҳад[5].

Соли 2019 бино ба маълумотҳои раддабандии глобалии Speedtest оид ба суръати интернети мобилӣ — Тоҷикистон ҷойи 132-умро аз байни 141 кишвари дунё, аз рӯи суръати интернети хонаводагӣ - 108-умро аз 176 кишвар ишғол кардааст. Суръати алоқаи пайвастшавии фарохмаҷро дар кишвар ба ҳисоби миёна 21,1 Мбит/с ва суръати Интернети мобилӣ ҳатто камтар - 10,8 Мбит/с буд.[6].

Тибқи маълумоти соли 2020 вазни қиёсии операторони хусусӣ дар бозори алоқаи ҷумҳурӣ 93,4% -ро ташкил дод. Теъдоди корбарони Интернет аввали соли 2021 беш аз 3,3 млн ва муштариёни мобилӣ беш аз 6 млн нафарро ташкил намуд.[7].

Бино ба далели маълумотҳои раддабандии глобалии Speedtest, моҳи январи соли 2021 Тоҷикистон байни 140 кишвари дунё ҷои 129-умро гирифтааст ва дар натиҷа дар як моҳ панҷ зина поён рафтааст. Суръати боркунии маълумот дар Тоҷикистон моҳи январи соли 2021 — 13,8 Мб/сонияро ташкил дод.[8].

Аз нигоҳи суръати интернети симӣ низ, тибқи ҳисобҳои моҳи январи соли 2021, Тоҷикистон низ мавқеъро аз даст дод ва дар байни 175 кишвар дар ҷои 99-ум қарор гирифт.[8].

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Ҳотамов Н.Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011, – С. 554.
  2. Интернет дар Тоҷикистон: Гузаштаи бошукӯҳ, ояндаи пурмоҷаро(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 12 феврали 2018 санҷида шуд.
  3. Internet Users by Country (2016) - Internet Live Stats(англ.). www.internetlivestats.com. 12 феврали 2018 санҷида шуд.
  4. Sputnik-tj.com. Тоҷикистон аз ҷиҳати истифодабарандагони интернет дар ҷои 114 қарор гирифт(тоҷ.). sputnik-tj.com. 12 феврали 2018 санҷида шуд.
  5. Илҳомҷон Атоев: «Теъдоди истифодабарандагони Интернет дар Тоҷикистон ба 2,3 млн. нафар расид» | АМИТ "Ховар"(тоҷ.). khovar.tj. 12 феврали 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 май 2021.
  6. Названы страны с самым медленным интернетом: на каком месте Таджикистан(тоҷ.). tj.sputniknews.ru. 12 октябри 2019 санҷида шуд.
  7. Дар Тоҷикистон соли гузашта даромади операторони хусусии алоқа афзоиш ёфт(тоҷ.). khovar.tj. 3 марти 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 май 2021.
  8. 8.0 8.1 sputnik-tj.com. Мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии суръати интернет боз пасттар шуд(тоҷ.). sputnik-tj.com. 5 марти 2020 санҷида шуд.