Jump to content

Валтер Шил

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Walter Scheel)
Валтер Шил
олмонӣ: Walter Scheel
1 июл 1974 — 30 июн 1979
Пешгузашта Густов Ҳойнимон
Ҷонишин Карл Карстенс
21 октябр 1969 — 16 май 1974
Пешгузашта Уилли Брандт
Ҷонишин Hans-Dietrich Genscher[d]
21 октябр 1969 — 15 май 1974
Пешгузашта Уилли Брандт
Ҷонишин Hans-Dietrich Genscher[d]
1 июл 1956 — 20 ноябр 1961
6 октябр 1953 — 6 октябр 1957
1950 — 1954
14 ноябр 1961 — 28 октябр 1966
Ҷонишин Werner Dollinger[d]
7 май 1974 — 16 май 1974
Пешгузашта Уилли Брандт
Ҷонишин Helmut Schmidt[d]
15 октябр 1957 — 15 октябр 1961
17 октябр 1961 — 17 октябр 1965
19 октябр 1965 — 19 октябр 1969
20 октябр 1969 — 22 сентябр 1972
13 декабр 1972 — 27 июн 1974

Таваллуд 8 июл 1919(1919-07-08)[1][2][3][…]
Даргузашт 24 август 2016(2016-08-24)[2][3][4][…] (97 сол)
Мадфан
Ҳамсар Mildred Scheel[d]
Ҳизб
Таҳсилот
Фаъолият сиёсат[6]
Эътиқод Protestant Church in Germany[d]
Соядаст
Ҷоизаҳо
Навъи артиш Luftwaffe[d]
Рутба Таҳмбон
Набардҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Валтер Шил ё Уолтер Шейл ( олмонӣ: Walter Scheel ; 8 июли соли 1919, Солинген, Рейни Шимолӣ — Вестфалия - 24 августи 2016, Бад Кротзинген, Баден-Вюртемберг, Олмон ) - сиёсатмадори олмонӣ, аз соли 1974 то соли 1979 вазифаи Президенти федеролии Олмонро бар ӯҳда дошт.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шил соли 1919 дар Солинген, Рейни Шимолӣ — Вестфалия таваллуд шудааст. Дар давоми Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ӯ дар Luftwaffe (қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Олмини фашистӣ) хидмат кардааст, адютант ва радисти ҳавонаварди машҳури давраи ҷанг Мартин Древс [7] буд. Баъди ҷанг ба сафи Ҳизби озоди демократии Олмон дохил шуд.

Фаъолияти сиёсӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз соли 1950- Узви ландтаги Рейни Шимолӣ — Вестфалия. Соли 1953 вай ба Бундестаг интихоб шуд, ки аз соли 1967 то соли 1969 дар он буд. солхо вазифаи ноиби президентро ишғол менамуд. Аз соли 1958 то соли 1961 узви Парлумони Аврупо буд. Аз соли 1961 тосоли 1966  Вазири федеролии рушди иқтисодиёт буд. Соли 1968  дар анҷумани ФДР дар Фрайбург раиси ҳизб интихоб мешавад.

Аз 21 октябри соли 1969 то 16 майи соли 1974 дар хукумати коалитсионии ҲСЛО ва ФДП (хукумати Брандт-Шил) ҷонишини кантслер ва вазири корҳои хориҷӣ буд.

Соли 1971 аввалин вазири корҳои хориҷии Олмон гардид ва ба Исроил сафари расмӣ кард. Худи ҳамон сол ба ӯ ҷоизаи Теодор Ҳойсс дода шуд.

Соли 1972 ба Пекин бо мақсади созиш дар бораи муқаррар намудани муносибатҳои дипломатии байни Олмон ва Хитой сафар кард.

Шил дар имзои созишномаи соли 1970 байни Ҷумҳурии Федеролии Олмон (1949—1990) ва ИҶШС дар бораи эътирофи сарҳадҳои баъдиҷангӣ дар Аврупо, ки оғози як қатор созишномаҳои байни Олмон ва кишварҳои Аврупои Шарқӣ буд, иштирок кард [8].

Баъди истеъфои Уилли Брандт 7 май соли 1974 Шил муваққатан вазифаи кантслерро гирифт. Пас аз нӯҳ рӯз (16 май) ӯро Ҳелмут Шмидт иваз кард.

Вай 15 май соли 1974 Президенти федеролии Олмон интихоб шуд ва то 30 июни соли 1979 дар ин вазифа буд. Соли 1975 ӯ ба ИҶШС Фаронса, ИМА ва Испониё сафари давлатй кард. Дар соли 1976 вай имзо кардани «Қонун дар бораи бекор кардани имтиҳони озод кардан аз хидмати харбӣ» бо сабаби виҷдонро рад кард.

  • Валтер Шил яке аз собиқ сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо дар ҷаҳони муосир аст.
  • Валтер Шил рекорди давомнокии умр дар байни тамоми императорҳо ва президентҳои Олмон (аз ҷумла ҶДО ) мебошад.
  • Р. Кривонос. Шеел Уолтер // Українська дипломатична енциклопедія : у 2 т. / ред. Кол.: Л. В. Губерский (раис) ва дигарон. — К. : Дониши Украина, 2004. — Т. 2 : М - И. - 812 бо. - ISBN 966-316-045-4.