Эрон: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х r2.6.5) (робот ҳaвз карда истодааст: ks:ایٖران
х r2.7.1) (робот ҳaвз карда истодааст: xmf:ირანი
Сатри 311: Сатри 311:
[[wuu:伊朗]]
[[wuu:伊朗]]
[[xal:Сарта Иранмудин Орн]]
[[xal:Сарта Иранмудин Орн]]
[[xmf:ირანი]]
[[xmf:ირანიშ ისლამური რესპუბლიკა]]
[[yi:איראן]]
[[yi:איראן]]
[[yo:Ìránì]]
[[yo:Ìránì]]

Нусха 03:22, 14 Декабри 2011

Ҷумҳурии Исломии Эрон
جمهوری اسلامی ایران
[[Image:{{{Парчам}}}|Парчам|130px]] [[Image:{{{Нишон}}}|Нишон|90px]]
Шиор: «استقلال آزادی جمهوری اسلامی»
Суруди миллӣ: «سرود ملی ایران»
Рӯзи истиқлолият (аз соли 728 пеш аз милод)
Забони расмӣ Забони форсӣ
Пойтахт Теҳрон
Шаҳри калонтарин Теҳрон, Машҳад, Караҷ, Табрез, Шероз, Исфаҳон, Аҳвоз
Идораи давлат Ҷумҳурии Исломӣ
Раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ
Раиси Ҷумҳурии Исломӣ
Алӣ Хоманаӣ
Маҳмуд Аҳмадинажод
Масоҳат
  • Ҳамагӣ
  • Фоизи об.
17-ум ҷой дар ҷaҳон
1,648,195 км²
0.7 %
Аҳолӣ
  • Ҳамагӣ (2007)
  • Зичӣ
18-ум ҷой дар ҷaҳон
{{{Аҳолӣ}}}
42 нафар/км²
ММД
  • Ҳамагӣ (2007)
  • Ба сари аҳолӣ
15-ум ҷой дар ҷaҳон
852,600 млрд $
12 800 $
Пули миллӣ Риёл
Интернет-Домен .ir
Коди телефон +98
Соат UTC +3.30

Эрон (порсӣ: ایران ) кишваре форсӣ-забон дар ҷанубу ғарбии Осиё ва дар минтақаи Ховари Миёна аст.

Номи расмии он Ҷумҳурии Исломии Эрон ва пойтахташ Теҳрон аст. Паҳноварии ин кишвар 1 648 195 км мураббаъ (18-ум дар ҷаҳон) аст ва бар пояи саршумории соли 2007 дар ин кишвар 71 208 000 тан бошанда буда ва ҳарсола наздик ба 1 млн тан бар шумори бошандагонаш меафзояд.

Эрон дар шимол бо Арманистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Туркманистон, дар шарқ бо Афғонистону Покистон ва дар ғарб бо Туркия ва Ироқ марзи заминӣ дорад. Ҳамчунин дар шимол дар Дарёи Хазар ва дар ҷануб дар Халиҷи Форс ва Дарёи Уммон марзи дарёӣ дорад. Ин се дарё аз муҳимтарин манотиқи истихроҷи нафту газ дар ҷаҳон ҳастанд.

Низоми сиёсии Эрон бар пояи Қонуни Асосии мусавваби 1979 (бознигарии 1989) поярезӣ шудааст. Болотарин мақоми расмии Эрон пас аз инқилоби соли 1979, Вилояти фақиҳ аст, ки акнун дар ихтиёри Саид Алӣ Хоманаӣ аст. Ислом дини расмӣ ва ташшаюъ мазҳаби расмӣ ва форсӣ забони расмии Ҷумҳурии Исломӣ аст. Эрон ҳамчун сарзамин ва миллат пешинае куҳан дорад ва яке аз таърихитарин кишварҳои ҷаҳон ба шумор меравад.

Эрон аз барои ҷой гирифтан дар минтақаи миёнии Авросиё ҷойгоҳе роҳбурдӣ дорад. Ин кишвар аз аъзои Созмони Миллали Муттаҳид, Созмони Конфаронси Исломӣ, ОПЕК ва ЭКО аст. Эрон қудрате минтақаӣ дар ҷанубу ғарбии Осиё аст ва аз барои доштани санъати нафт, санъати кимиёнафтӣ ва гази табиъӣ ҷойгоҳи муҳиммеро дар иқтисоди ҷаҳонӣ барои худ ба даст овардааст.


Таърих

Мақолаи асосӣ: Таърихи Эрон

Куҳантарин ёдкард аз ҷойноми Эрон дар «Авесто» ба гунаи «Airyanəm vaējah vaŋhuyå dāityayå» нигошта шуда ки баргирифта аз номи мардуми ҳиндуэронии бостон — «arya» аст. Дар порсии бостон ин ҷойном «*aryānām waiǰah» будааст ва дар порсии миёна «Ērān-wēz» гаштааст ва дар адабиёти суғдӣ низ ба гунаи «Aryānwēžan» омадааст. Дигар бор ин ҷойном дар «Авесто» ба гунаи «airyanəm dahyunəm» — «деҳаҳои ариёҳо» омада ки «деҳа» дар инҷо ба маънии «сарзамин» ва «кишвар» аст.

Дар замони подшоҳии Ҳахоманишиён (550—327 пеш аз милод) истилоҳи «Aryānam Dahyunam» ҷояшро ба истилоҳи «Aryānam Xšaθram» — «подшоҳии ариёҳо» дод ва дар замони подшоҳии Ашкониён (250 п.м. — 224 м.) ин сарзаминро «Aryānšaθr / Aryānšahr», яъне «ариёншаҳр» – «подшоҳии ариёҳо» мехонданд ва «шаҳр» дар инҷо ба маънии «подшоҳӣ» ва «кишвар» аст ки ҳануз ҳам дар вожаҳои «ҳамшаҳрӣ» ва «шаҳрванд» бар ҷой мондааст.

Дар замони подшоҳии Сосониён (224—651 м.) ин сарзаминро «Erānšahr» мехонданд ки баргирифта аз истилоҳи авестоии «Airyānam Xšaθram», яъне «подшоҳии ариёҳо», буд. Дувокаи авестои «ai» дар забони порсии миёна «е» мегаштааст ва порсии тоҷикӣ ҳамин вижагиро нигаҳ доштааст.

Тамаддунҳои нухустин

Ёфтаҳои бостоншиносон пешинаи тамаддунҳойи нухустин дар Эрон ро ба 6000-7000 соли пеш мерасонад. Аз ин таммадунҳо, метавон тамаддуни Ҷируфт, тамаддуни Сиялк, ва тамаддуни Шаҳри сӯхта ро ном бурд. Ҳамчунин, аз 5000 соли пеш, тамаддуни Элом дар ҷанӯби ғарбии Эрон падидор шуд. Дар ҳазораи дуввоми пеш аз милод, Ориёиҳо вориди сарзамини Эрон шоданд. Аз миёни ақвоми Ориёӣ, Модҳо дар 700 пеш аз милод, ҳукумати бузурге дар ғарбу шимоли Эрон барпо карданд.

Шоҳаншоҳии Эрон

Аз ҳамлаи Арабҳо то оғози Сафавия

Аз Сафавия то поёни Қоҷор

Ҳокумати Паҳлавӣ

Ҷумҳурии исломӣ

Сиёсат ва ҳукумат

Бахшбандии кишварӣ

Мақолаи асосӣ: Устонҳои Эрон

Эрон 30 устон (Вилоят) дорад. Ҳар як вилоят чандин шаҳристон (ноҳия) дорад.

30 устони Эрон:

  1. Теҳрон
  2. Қум
  3. Марказӣ
  4. Қазвин
  5. Гилон
  6. Ардабил
  7. Занҷон
  8. Озарбойҷони шарқӣ
  9. Озарбойҷони ғарбӣ
  10. Курдистон
  11. Ҳамадон
  12. Кирмоншоҳ
  13. Илом
  14. Луристон
  15. Хузистон
  1. Чаҳормаҳолу Бахтиёрӣ
  2. Кӯҳгилуяву Буир-Аҳмад
  3. Бушаҳр
  4. Форс
  5. Ҳурмузгон
  6. Систону Балучистон
  7. Кирмон
  8. Язд
  9. Исфаҳон
  10. Симнон
  11. Мозандарон
  12. Гулистон
  13. Хуросони шимолӣ
  14. Хуросони разавӣ
  15. Хуросони ҷанубӣ
Numbered map of provinces

Ҷуғрофия

Иқтисодёт

Мардум

Фарҳанг ва маданият

Пайвандҳои беруна

Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:

Шаблон:Link FA Шаблон:Link FA