Мучал: Тафовут байни таҳрирҳо
No edit summary |
|||
Сатри 5: | Сатри 5: | ||
Тақвим аз даври 12-солаи номи ҳайвонотро дошта иборат аст ва тоҷикон аз қадим онро ҳисоби «мучал», «мулҷар» ё «мурча» меноманд. Тақрибан ҳашт қарн муқаддам, Абунасри Фарроҳӣ дар асараш «[[Нисоб-ус-сибён]]» тартиби солҳои дувоздаҳгонаро ба риштаи назм дароварда, тақвими «мучал»-ро чунин муаррифӣ кардааст<ref name=":0">[http://navid.tj/interpretation/?ELEMENT_ID=1851 Соли асп] // Интернет–рӯзномаи «Навид.tj» — 25 декабри 2013</ref>: |
Тақвим аз даври 12-солаи номи ҳайвонотро дошта иборат аст ва тоҷикон аз қадим онро ҳисоби «мучал», «мулҷар» ё «мурча» меноманд. Тақрибан ҳашт қарн муқаддам, Абунасри Фарроҳӣ дар асараш «[[Нисоб-ус-сибён]]» тартиби солҳои дувоздаҳгонаро ба риштаи назм дароварда, тақвими «мучал»-ро чунин муаррифӣ кардааст<ref name=":0">[http://navid.tj/interpretation/?ELEMENT_ID=1851 Соли асп] // Интернет–рӯзномаи «Навид.tj» — 25 декабри 2013</ref>: |
||
{{иқтибос|муаллиф=|Мушу бақару палангу харгӯш шумор, |
{{иқтибос|муаллиф=|Мушу бақару палангу харгӯш шумор, |З-ин чор чу бигзарӣ наҳанг ояду мор, |В-он гаҳ ба аспу гӯсфанд аст ҳисоб, |Ҳамдунаву мурғу сагу хук охири кор.}} |
||
|З-ин чор чу бигзарӣ наҳанг ояду мор, |
|||
|В-он гаҳ ба аспу гӯсфанд аст ҳисоб, |
|||
|Ҳамдунаву мурғу сагу хук охири кор. |
|||
}} |
|||
[[Акс:Twelve-year animal cycle.png|thumb|900x900px|Мучал — солшумории дувоздаҳгона|center]] |
[[Акс:Twelve-year animal cycle.png|thumb|900x900px|Мучал — солшумории дувоздаҳгона|center]] |
||
Нусха 16:27, 26 Январ 2017
Мучал, мӯрҷал — солшумории дувоздаҳгона, ки дар кӯҳистони тоҷик бо номи «сол», «мӯлҷар» машҳур аст, аз замонҳои бостон корбурд мешавад. Мутобиқи фарҳанги мардумӣ дар ин намуди солшуморӣ банавбат ба 12 ҷонвар номгузорӣ шуда, 6 ҳалолу 6 ҳаром буда, аз рӯйи хусусияту табиати ҳайвонҳо, меъёрҳои сириштию мизоҷии онҳо ба афроди дар ҳамон соли ҳайвон таваллудёфта толеъбинӣ мешавад. Яъне, чигунагии соли «мучал»-и шахсро мардум аз рӯйи шакл ва рафтори ҷонвар пешгӯйӣ мекунанд.
Таърих
Ба боварии муаррихон тақвими «мучал» бори аввал дар байни уйғурони Хитой ҳамчун солшумории мардумӣ аз рӯйи ҷойгиршавии бурҷҳои осмонӣ ба вуҷуд омада, дар давраи таҳти тасарруфи муғулҳо (асрҳои XIII-XIV) будани Осиёи Миёнаву Эрон байни тоҷикон ва дигар халқу миллатҳо ҷорӣ шудааст[1][2].
Тақвим аз даври 12-солаи номи ҳайвонотро дошта иборат аст ва тоҷикон аз қадим онро ҳисоби «мучал», «мулҷар» ё «мурча» меноманд. Тақрибан ҳашт қарн муқаддам, Абунасри Фарроҳӣ дар асараш «Нисоб-ус-сибён» тартиби солҳои дувоздаҳгонаро ба риштаи назм дароварда, тақвими «мучал»-ро чунин муаррифӣ кардааст[1]:
Мушу бақару палангу харгӯш шумор, З-ин чор чу бигзарӣ наҳанг ояду мор, В-он гаҳ ба аспу гӯсфанд аст ҳисоб, Ҳамдунаву мурғу сагу хук охири кор. |
Мучал дар таҷрубаҳои кишоварзӣ
Бояд қайд кард, ки кишоварзон ин тақвимро васеъ истифода намуда, ҳар солро ба хислатҳои он ҳайвон ташбеҳ медоданд ва аз соли хуб ё бад серҳосил ё камҳосил будани он ҳадс мезаданд. Масалан, дар водии дарёи Хингоб (ноҳияи Тавилдара) деҳқонон ин солҳоро чунин тавсиф мекарданд[2]:
- Муш – ҷонвари зараррасон аст, аз ин рӯ сол камҳосил шуда, ноқисиҳои гуногун дорад.
- Бақар – соли гов ҳам хуб ва ҳам бад шуданаш мумкин аст. Агар боришот бисёр шавад, ҳосил хуб мешавад, боришот кам шавад, ҳосил кам мешавад.
- Паланг – камҳосил мешавад, чунки ӯ ҳайвони дарранда буда, аз ӯ ҳар хатарро интизор шудан мумкин аст.
- Харгӯш – соли хубу серҳосил аст.
- Наҳанг – аз баски ӯ дар об зиндагӣ мекунад, сол серборишоту серҳосил мешавад.
- Мор – аксари морҳо заҳрноканд, аз ин рӯ солҳои хуб нестанд, баъзан хушксолӣ мешавад.
- Асп – азбаски асп ҳеҷ вақт сер намешавад, сол камҳосил меояд.
- Гӯсфанд – соли хуб мешавад, чунки ӯ ҳайвони ором аст. Сол серҳосил ва ором буда, зимистонаш гарм меояд.
- Маймун – соли бад, камбориш ва камҳосил аст.
- Мурғ – ҳамчун соли маймун камҳосил аст, чунки мурғ аз субҳ то шом хӯрок кофта, ҳеҷ сер намешавад.Бисёр вақт дар ин сол гуруснагӣ рӯй медиҳад.
- Саг – саг дӯсти одам аст, солаш хуб мешавад. Зимистон гарм омада, ҳосили фаровон мешавад.
- Хук – хук ҳайвони фарбеҳ аст, аз ин рӯ сол сербориш шуда ҳосил фаровон мешавад. Аз ин сабаб тоҷикон баъзан ин солро «хубон» меноманд.
Солбарорӣ
Ҳарчанд имрӯз солбарорӣ бар усулҳои нав поя гирифтааст, вале ҳамоно барои муайян намудани таърих, замони зисти падару модар, бобою бибӣ ва дигар ниёгон мардуми тоҷик аз ин солшуморӣ истифода мебаранд. Дар китоби «Дар ҷустуҷӯйи Карим-Девона»-и Ҳабибулло Назаров маҳз бо кӯмаки солбарорӣ замони зист ва рӯзгори мардони таърихии водии Ҳисорро бознигорӣ карда шудааст.
Барои мучал ҷадвалҳои гуногун сохта ва корбурд мешаванд. Бароятон усулеро пешниҳод мекунем, ки бе ягон ҷадвал мучалҳоро барои ҳар кадом сол аз садаи I то садаи XXI солшумории хуршедии исавӣ метавонед муайян карда бошед.
1. Пеш аз ҳама бояд рубоии болоро азёд намуда ва шумораи тартибии солҳоро азбар бояд кард.
Муш | Бақар | Паланг | Харгӯш | Наҳанг | Мор | Асп | Гӯсфанд | Ҳамдуна | Хурус | Саг | Хук |
---|
2. Аз соли матлуб 3 якиро кам карда посухи онро ба 12 бахш мекунем. Бозмондаи (бақияи) бахш худ шумораи тартибии соли мучал аст.
Барои намуна:
(2014-3):12=167 ва 7 бозмонда (бақия). 7 – шумораи тартибии Асп аст.
(1917-3):12=159 ва 6 бозмонда (бақия). 6 — шумораи тартибии Мор аст.
(1932-3):12=161 ва бозмонда (бақия) 9 аст. 9 – шумораи тартибии Ҳамдуна аст.
Соли 1878 (зодсоли С. Айнӣ)
(1878-3):12=156 ва бозмонда (бақия) 3 аст. 3 – шумораи тартибии Паланг аст.
Соли 858 (зодсоли Одамушшуаро Рӯдакӣ)
(858-3):12=71 ва бозмонда (бақия) 3 аст. 3 – шумораи тартибии Паланг аст.
3. Дониста ва огоҳ бошед, ки соли ҳар як ҷонвар дар Осиёи Пеш ва Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла дар Тоҷикистон, аз Соли нави ҳақиқӣ (Наврӯз) оғоз меёбад, на аз оғози Соли нави исавӣ.
Бинобар ин, ақидаи вақтҳои охир маъмулгашта, ки масалан, соли Асп гӯё аз 1 январи соли 2015 (Гоҳшумори мелодӣ) оғоз меёбад, хатост. Ҳол он ки соли Асп аз Наврӯзи соли 2014 сар шуда, то Наврӯзи соли 2015 давом мекунад.[3] Соли Гӯсфанд бошад аз Наврӯзи соли 2015 сар шуда, то Наврӯзи соли 2016 давом мекунад.
Муш | Бақар | Паланг | Харгӯш | Наҳанг | Мор | Асп | Гӯсфанд | Ҳамдуна | Хурус | Саг | Хук |
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
1900 |
1901 |
1902 |
1903 |
1904 |
1905 |
1906 |
1907 |
1908 |
1909 |
1910 |
1911 |
1912 |
1913 |
1914 |
1915 |
1916 |
1917 |
1918 |
1919 |
1920 |
1921 |
1922 |
1923 |
1924 |
1925 |
1926 |
1927 |
1928 |
1929 |
1930 |
1931 |
1932 |
1933 |
1934 |
1935 |
1936 |
1937 |
1938 |
1939 |
1940 |
1941 |
1942 |
1943 |
1944 |
1945 |
1946 |
1947 |
1948 |
1949 |
1950 |
1951 |
1952 |
1953 |
1954 |
1955 |
1956 |
1957 |
1958 |
1959 |
1960 |
1961 |
1962 |
1963 |
1964 |
1965 |
1966 |
1967 |
1968 |
1969 |
1970 |
1971 |
1972 |
1973 |
1974 |
1975 |
1976 |
1977 |
1978 |
1979 |
1980 |
1981 |
1982 |
1983 |
1984 |
1985 |
1986 |
1987 |
1988 |
1989 |
1990 |
1991 |
1992 |
1993 А |
1994 |
1995 |
1996 |
1997 |
1998 |
1999 |
2000 |
2001 |
2002 |
2003 |
2004 |
2005 |
2006 |
2007 |
2008 |
2009 |
2010 |
2011 |
2012 |
2013 |
2014 |
2015 |
2016 |
2017 |
2018 |
2019 |
2020 |
2021 |
2022 |
2023 |
2024 |
2025 |
2026 |
2027 |
2028 |
2029 |
2030 |
2031 |
Муш | Бақар | Паланг | Харгӯш | Наҳанг | Мор | Асп | Гӯсфанд | Ҳамдуна | Хурус | Саг | Хук |
Солшумории чинӣ (хитойӣ)
Дар Солшумории чинӣ (хитойӣ) ба солшумории Мучал монанд, солшумории қадимае [сулолаи Чжоу (сулолае, 800 сол сари қудрат буд) ва дар замони сулолаи Хан (206 то мелод — 207 мелодӣ) рушд ёфтааст] мавҷуд буд. Дар он ибтидои соли нав ба шаби якуми солшумори қамарӣ, моҳҳои 21 январ - 20 феврал оғоз меёбад.
Эзоҳ
Адабиёт
- Мирбобо Мирраҳим. Ҷашни Наврӯз ва ҷаҳоншиносӣ. — Душанбе, «Ирфон», 1992, — 240 с.