Jump to content

Мучал

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Мӯлҷар)

Мучал, мӯрҷал — солшумории дувоздаҳгона, ки дар кӯҳистони тоҷик бо номи «сол», «мӯлҷар» машҳур аст, аз замонҳои бостон корбурд мешавад. Мутобиқи фарҳанги мардумӣ дар ин намуди солшуморӣ банавбат ба 12 ҷонвар номгузорӣ шуда, 6 ҳалолу 6 ҳаром буда, аз рӯйи хусусияту табиати ҳайвонҳо, меъёрҳои сириштию мизоҷии онҳо ба афроди дар ҳамон соли ҳайвон таваллудёфта толеъбинӣ мешавад. Яъне, чигунагии соли «мучал»-и шахсро мардум аз рӯйи шакл ва рафтори ҷонвар пешгӯйӣ мекунанд.

Ба боварии муаррихон тақвими «мучал» бори аввал дар байни уйғурони Хитой ҳамчун солшумории мардумӣ аз рӯйи ҷойгиршавии бурҷҳои осмонӣ ба вуҷуд омада, дар давраи таҳти тасарруфи муғулҳо (асрҳои XIII—XIV) будани Осиёи Миёнаву Эрон байни тоҷикон ва дигар халқу миллатҳо ҷорӣ шудааст[1][2].

Тақвим аз даври 12-солаи номи ҳайвонотро дошта иборат аст ва тоҷикон аз қадим онро ҳисоби «мучал», «мулҷар» ё «мурча» меноманд. Тақрибан ҳашт қарн муқаддам, Абӯнасри Фароҳӣ дар асараш «Нисоб-ус-сибён» тартиби солҳои дувоздаҳгонаро ба риштаи назм дароварда, тақвими «мучал»-ро чунин муаррифӣ кардааст[1]:

« Мушу бақару палангу харгӯш шумор,
З-ин чор чу бигзарӣ, наҳанг ояду мор,
В-он гаҳ ба аспу гӯсфанд аст ҳисоб,
Ҳамдунаву мурғу сагу хук охири кор.
»
Мучал — солшумории дувоздаҳгона

Мучал дар таҷрубаҳои кишоварзӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бояд қайд кард, ки кишоварзон ин тақвимро васеъ истифода намуда, ҳар солро ба хислатҳои он ҳайвон ташбеҳ медоданд ва аз соли хуб ё бад серҳосил ё камҳосил будани он ҳадс мезаданд. Масалан, дар водии дарёи Хингоб (ноҳияи Тавилдара) деҳқонон ин солҳоро чунин тавсиф мекарданд[2]:

  • Муш — ҷонвари зараррасон аст, аз ин рӯ сол камҳосил шуда, ноқисиҳои гуногун дорад.
  • Бақар — соли гов ҳам хуб ва ҳам бад шуданаш мумкин аст. Агар бориш бисёр шавад, ҳосил хуб мешавад, бориш кам шавад, ҳосил кам мешавад.
  • Паланг — камҳосил мешавад, чунки ӯ ҳайвони дарранда буда, аз ӯ ҳар хатарро интизор шудан мумкин аст.
  • Харгӯш — соли хубу серҳосил аст.
  • Наҳанг — аз баски ӯ дар об зиндагӣ мекунад, сол серборишу серҳосил мешавад.
  • Мор — аксари морҳо заҳрноканд, аз ин рӯ солҳои хуб нестанд, баъзан хушксолӣ мешавад.
  • Асп — азбаски асп ҳеч вақт сер намешавад, сол камҳосил меояд.
  • Гӯсфанд — соли хуб мешавад, чунки ӯ ҳайвони ором аст. Сол серҳосил ва ором буда, зимистонаш гарм меояд.
  • Маймун — соли бад, камбориш ва камҳосил аст.
  • Мурғ — ҳамчун соли маймун камҳосил аст, чунки мурғ аз субҳ то шом хӯрок кофта, ҳеч сер намешавад. Бисёр вақт дар ин сол гуруснагӣ рӯй медиҳад.
  • Саг — саг дӯсти одам аст, солаш хуб мешавад. Зимистон гарм омада, ҳосили фаровон мешавад.
  • Хук — хук ҳайвони фарбеҳ аст, аз ин рӯ сол сербориш шуда ҳосил фаровон мешавад. Аз ин сабаб тоҷикон баъзан ин солро «хубон» меноманд.

Аз рӯи солшумории дувоздаҳгона соли 2018 Соли саг аст, ки онро Соли Вафодор низ мегӯянд. Мардум аз таҷрибаҳои зиндагӣ Соли сагро нек арзёбӣ мекунад. Ин пешгӯиҳои мардум табиист ва шояд чунин ҳам бошад, зеро аз байни ҳайвонҳои ромшуда беҳтарин дӯсту вафодор, посбон ва муҳофизи инсон саг маҳсуб меёбад. Чӯпонҳо беҳтарин зотҳои сагро парвариш намуда, барои нигоҳубини рама шабу рӯз ҳамроҳи худ мегиранд ва ҳамеша дилпуранд, ки ин дӯсти вафодорашон гӯсфандонро аз ҳамлаи дарандагони ваҳшӣ эмин нигоҳ медорад. Бахусус, афсарону сарбозон, кормандони хадамоти амният, оташнишонию ҳолатҳои фавқулода ба саг, ҳамчун ба ҳайвони нотарс, ҷасур, далер, чолоку ҳушёр ва доною рамузфаҳм бовар доранд. Дар таърихи парваришу нигоҳубини ҳайвонот хидматҳои зотҳои мухталифи саг дар муҳофизати аҳли хонавода, рамаю галаҳо, марзу буми кишвар, ошкор кардани амалҳои ниҳон намудани маводи мухаддир ва дигар ҷинояткориҳо, наҷоти одамо-ну ҳайвонот дар ҳодисаҳои сӯхтор, заминҷунбӣ, селу боронгариҳо ва дигар офатҳои табиӣ ва ғ. басо бузург аст. Кам нестанд сагҳое, ки барои хидматҳояшон дар корҳои наҷотбахшӣ ва муҳофизати одамону иншоотҳо бо ордену медалҳо сарфароз гардонида шудаанд.[3]

Ҳарчанд имрӯз солбарорӣ бар усулҳои нав поя гирифтааст, вале ҳамоно барои муайян намудани таърих, замони зисти падару модар, бобою бибӣ ва дигар ниёгон мардуми тоҷик аз ин солшуморӣ истифода мебаранд. Дар китоби «Дар ҷустуҷӯйи Карим-Девона»-и Ҳабибулло Назаров маҳз бо кумаки солбарорӣ замони зист ва рӯзгори мардони таърихии водии Ҳисорро бознигорӣ карда шудааст.

Барои мучал ҷадвалҳои гуногун сохта ва корбурд мешаванд. Бароятон усулеро пешниҳод мекунем, ки бе ягон ҷадвал мучалҳоро барои ҳар кадом сол аз садаи I то садаи XXI солшумории хуршедии исавӣ метавонед муайян карда бошед.

1. Пеш аз ҳама бояд рубоии болоро азёд намуда ва шумораи тартибии солҳоро азбар бояд кард.

Муш Бақар Паланг Харгӯш Наҳанг Мор Асп Гӯсфанд Ҳамдуна Хурус Саг Хук

2. Аз соли матлуб 3 якиро кам карда посухи онро ба 12 бахш мекунем. Бозмондаи (бақияи) бахш худ шумораи тартибии соли мучал аст.

Барои намуна:

Соли 2014

(2014-3):12=167 ва 7 бозмонда (бақия). 7 — шумораи тартибии Асп аст.

Соли 1917

(1917-3):12=159 ва 6 бозмонда (бақия). 6 — шумораи тартибии Мор аст.

Соли 1932

(1932-3):12=161 ва бозмонда (бақия) 9 аст. 9 — шумораи тартибии Ҳамдуна аст.

Соли 1878 (зодсоли С. Айнӣ)

(1878-3):12=156 ва бозмонда (бақия) 3 аст. 3 — шумораи тартибии Паланг аст.

Соли 858 (зодсоли Одамушшуаро Рӯдакӣ)

(858-3):12=71 ва бозмонда (бақия) 3 аст. 3 — шумораи тартибии Паланг аст.

3. Дониста ва огоҳ бошед, ки соли ҳар як ҷонвар дар Осиёи Пеш ва Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла дар Тоҷикистон, аз Соли нави ҳақиқӣ (Наврӯз) оғоз меёбад, на аз оғози Соли нави исавӣ.

Бинобар ин, ақидаи вақтҳои охир маъмулгашта, ки масалан, соли Асп гӯё аз 1 январи соли 2015 (Гоҳшумори мелодӣ) оғоз меёбад, хатост. Ҳол он ки соли Асп аз Наврӯзи соли 2014 сар шуда, то Наврӯзи соли 2015 давом мекунад.[4] Соли Гӯсфанд бошад аз Наврӯзи соли 2015 сар шуда, то Наврӯзи соли 2016 давом мекунад.

Муш Бақар Паланг Харгӯш Наҳанг Мор Асп Гӯсфанд Ҳамдуна Хурус Саг Хук
1900
1901
1902
1903
1904
1905
1906
1907
1908
1909
1910
1911
1912
1913
1914
1915
1916
1917
1918
1919
1920
1921
1922
1923
1924
1925
1926
1927
1928
1929
1930
1931
1932
1933
1934
1935
1936
1937
1938
1939
1940
1941
1942
1943
1944
1945
1946
1947
1948
1949
1950
1951
1952
1953
1954
1955
1956
1957
1958
1959
1960
1961
1962
1963
1964
1965
1966
1967
1968
1969
1970
1971
1972
1973
1974
1975
1976
1977
1978
1979
1980
1981
1982
1983
1984
1985
1986
1987
1988
1989
1990
1991
1992
1993
А
1994
1995
1996
1997
1998
1999
2000
2001
2002
2003
2004
2005
2006
2007
2008
2009
2010
2011
2012
2013
2014
2015
2016
2017
2018
2019
2020
2021
2022
2023
2024
2025
2026
2027
2028
2029
2030
2031
Муш Бақар Паланг Харгӯш Наҳанг Мор Асп Гӯсфанд Ҳамдуна Хурус Саг Хук
  1. Агар соли муш дарояд, зимистони он сол хуб мешавад, аммо дар тобистон бисёр борон борад, ба ҳайвонҳо соли нек шавад, ба дарвешҳо, ғарибҳо ва мардумон хуб бошад. Дар тарафи Шарқ некиҳо ва дар Ғарб фитна бисёр шавад... Ба подшоҳону бекҳо ташвиш бисёр шавад. Ҳоли савдогарон некгардад, дар роҳ дуздон бисёр шаванд, савдогарҳо дар хатар бошанд. Дар баъзе ҷойҳо вабо ояд. Зимистон дароз шавад, дар охири сол хавф ояд, дар байни сол муш бисёр шавад ва ба ғалла зарар расад, дар ин сол аз дуздон ва роҳзанҳо мардум дар тарс бошанд. Фарзанде, ки дар аввали сол таваллуд шавад, зирак, хушрӯй ва зебо, хушфеъл ва давлатманд гардад, агар дар байни сол таваллуд шавад, бадкирдор, ҳиллагар ва ҳасадхӯр бошад, агар дар охири сол таваллуд шавад, дурӯғгӯй ва фиребгар бошад.[5]
  2. Агар соли гов дарояд, дар баъзе ҷойҳо дарди сар ва беморӣ бисёр шавад, зимистон кӯтоҳ, валекин сахт ояд. Ба меваҳо андак офат расад. Дар ҷаҳон фитна бисёр шавад ва ба подшоҳон ташвиш оварад, дар охири сол арзонӣ шавад ва дар мардум тинҷию осудагӣ бошад. Ва ҳар фарзанде, ки дар аввали сол таваллуд шавад, доно ва диндор, боандеша, аммо ба кори бегонагон бисёр машғул шавад. Дар байни сол таваллуд шавад, хубрӯй ва шодмон бошад. Дар охири сол таваллуд шавад, ғамнок ва парешонҳол гардад.
  3. Агар соли паланг дарояд, дар байни подшоҳон фитна ва адоват бисёр бошад, ҷангу ҷадал ва хунрезӣ бисёр шавад, аз тарафи Ёрон зиддият бисёр шавад, ба чаҳорпоҳо ҳалокат бисёр расад. Дар кӯҳҳо даррандаҳо бисёр шаванд, ба дарёҳо ва заврақҳо зарар бошад ва мева кам шавад, дар охири сол некӣ бисёр мегардад. Фарзанде, ки дар аввали сол таваллуд шавад, далер, баҳодур, мард, хубрӯй ва ҳамеша бодавлат ва бузург бошад. Ва ҳар фарзанде, ки дар байни сол таваллуд шавад, кушодарӯй, хушхулқ ва ҳимматбаланд гардад. Ва ҳар фарзанде, ки дар охири сол таваллуд шавад, бадмизоҷ, бадахлоқ, танбал, бемурувват ва бадфеъл бошад.
  4. Агар соли харгӯш дарояд, дар ин сол неъмат ва мева бисёр шавад. Зимистон хушк гузарад, дар тобистон заминҷунбӣ ва шамол бошад, дар баъзе ҷойҳо марг расад, хусусан, ба даррандаҳо бисёр офат ояд. Ҳар фарзанде, ки дар аввали сол таваллуд шавад, шитобкор ва сабук, лекин молдор ва бой, бадфеъл ва бовафо бошад. Фарзанде, ки дар байни сол таваллуд шавад, хушхулқ ва хушфеъл бошад. Дар охири сол таваллуд шавад, сергап ва бевафо бошад.
  5. Соли наҳанг (моҳӣ) дарояд, дар ин сол фитна ва фасод бошад, дар байни мардум адоват ва бадӣ бисёр бошад. Ба ҳайвонҳо ҳалокат расад. Зимистон дароз бошад ва дар байни подшоҳон ҷангу ҷадал бисёр шавад... Дар кӯҳу саҳро даррандаҳо бисёр шаванд, ба киштиҳо зарар расад, ҳосили ангур кам шавад. Ҳар фарзанде, ки дар аввали сол таваллуд шавад, далер, ҷасуру нотарс ва хубрӯй, валекин ... бадфеъл бошад, ришу мӯяш тез сафед шавад. Агар дар байни сол таваллуд шавад, хуштабъ ва накӯкирдор бошад. Агар дар охири сол таваллуд шавад, бешарм ва беҳаё, тезкор ва чаққон бошад.
  6. Соли мор дарояд, хушксолӣ шавад, агар зимистон сахт ояд, дарахту токро хунук занад, ғалла қимат шавад, байни мардум кинаю адоват бисёр шавад. Дар саҳро мор бисёр гардад. Фарзанде, ки дар аввали сол таваллуд шавад, дурандеш, камсухан, хушфеъл ва хушгуфтор бошад. Агар дар байни сол таваллуд шавад, бадкирдор, бадхулқ бошад. Агар дар охири сол таваллуд шавад, беҳаё ва бевафо бошад.
  7. Агар соли асп дарояд, дар байни подшоҳон ҷангу ҷидол... бисёр шавад.Тобистон ва зимистон миёна, яъне муътадил бошад. Мева ва дон бисёр гардад. Валекин ба ҳайвонҳо каме зарар расад. Зимистон дароз шавад, дарё ва киштиҳоро хуб бошад. Фарзанде, ки дар аввали сол таваллуд шавад, заҳматкаш бошад, вале донишманд ва боҳикмат гардад. Суханаш ба подшоҳон писанд ояд ва мард бошад. Агар дар байни сол таваллуд шавад, хушфеъл ва хушрафтор гардад. Дар охири сол таваллуд шавад, бадахлоқ, ғамнок, дағал гардад.
  8. Агар соли гӯсфанд дарояд, зимистон дароз ва сахт ояд. Ба дарёҳо, киштиҳо зарар бисёр бошад. Дар байни мардум беморӣ бисёр шавад, дар байни подшоҳон фитнаю ошӯб сар занад, валекин тез ором шавад. Дар байни халқ хайру эҳсон бисёр гардад. Ҳар фарзанде, ки дар аввали сол таваллуд шавад, дӯстрӯ, беозор, давлатманд ва бо меҳру бошафқат бошад. Дар охири сол таваллуд шавад, бадхулқ ва саркаш бошад.
  9. Агар соли маймун дарояд, дар байни мардум ҳилаву найранг, ҳарзагӯӣ ва дуздӣ зиёд мешавад. Зулму ситам ва хиёнат ба амал меояд. Байни ҳайвонҳо: асп ва шутур офат зиёда шуда, зимистонаш кӯтоҳ, валекин сардӣ зиёд мешавад. Байни солхӯрдаҳо меҳру шафқат кам шуда, нисбати раият ситам зиёд шавад. Ҳар фарзанде, ки дар аввали сол таваллуд шавад, бадрӯй шавад, лекин шоду хуррам ва хушу хандон ва хушфеъл бошад. Агар фарзанд дар байни сол таваллуд шавад, ҳасадгӯй ва давлатманд гардад. Агар дар охири сол таваллуд шавад, бадфеъл, бевафо ва бевиқор мешавад.
  10. Агар соли мурғ дарояд, дар ин сол хастагӣ зиёд шавад. Ҳосили зироат бисёр, меҳр-шафқат байни мардум зиёд шуда, вазъи ҳамли занон осон гардад. Аксарият духтар таваллуд шавад. Зимистонаш дароз ояд ва сардӣ камтар шавад. Байни подшоҳон сулҳу салоҳ ва адолат барқарор ва вазъи савдогар бисёр хуб гардад. Ҳар фарзанде, ки дар аввали сол таваллуд шавад, зебо, хушфеъл, зирак ва хоксор гардад. Агар фарзанд дар байни сол таваллуд шавад, бадхулқ ва мардумозор бошад, аммо агар дар охири сол таваллуд шавад, саховатпеша, меҳмондӯст, нек ва ботааммул бошад.
  11. Агар соли саг дарояд, нарху наво қимат шавад, зимистонаш дароз ва сард шуда, дар баъзе мавзеъҳо вабо ва беморӣ паҳн гардад. Дар байни подшоҳон фитна ва мубориза бархезад. Байни мардум дуздӣ, золимӣ ва авбошӣ авҷ гирад. Ҳар фарзанде, ки дар аввали ин сол таваллуд мешавад, бадфеъл, бадхӯ ва суханчин, ҳарис ва чашмгурусна бошад. Дар байни сол таваллуд шавад, зирак, доно ва ҷангҷӯй бошад. Агар фарзанд дар охири сол таваллуд шавад, далер, мард ва қаноатманд гардад.
  12. Агар соли хук дарояд, байни солхӯрдагон беморӣ зиёд гардад. Миёни подшоҳон хилоф, фитна ва муҳорибаҳо зиёд шавад. Гандум қимат шуда, миёни одамон бодиянишинӣ, хавфу хатар, дуздиву роҳзаниву золимӣ зиёд гардад. Зимистонаш барвақт омада, дарозмуддат шавад. Ба гӯсфандон офат ояд. Ҳар фарзанде, ки дар аввали ин сол таваллуд шавад, худрой, худписанд ва худбин бошад. Агар дар байни сол таваллуд шавад фиребгар, дар охири сол таваллуд шавад, бадтабъ ва ҳарис, ноором бошад ва ба сафар баромаданро зиёд дӯст дорад.[6]

Солшумории чинӣ (хитойӣ)

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Солшумории чинӣ (хитойӣ) ба солшумории Мучал монанд, солшумории қадимае [сулолаи Чжоу (сулолае, 800 сол сари қудрат буд) ва дар замони сулолаи Хан (206 то мелод — 207 мелодӣ) рушд ёфтааст] мавҷуд буд. Дар он ибтидои соли нав ба шаби якуми солшумори қамарӣ, моҳҳои 21 январ — 20 феврал оғоз меёбад.

  1. 1.0 1.1 Соли асп(пайванди дастнорас) // Интернет-рӯзномаи «Навид.tj» — 25 декабри 2013
  2. 2.0 2.1 Холов М. Ш. Тақвимҳои кишоварзии тоҷикони кӯҳистон. — Душанбе, «Ирфон», 2006. — с. 15
  3. Мучал. //Ганҷи забон, 3 (23) марти соли 2018
  4. Солатон чист?
  5. «Солнома»-и Ҳаким Тирмизӣ(тоҷ.). www. ovozitojik.uz. 4 феврали 2024 санҷида шуд.
  6. «Солнома»-и Ҳаким Тирмизӣ(тоҷ.). www. ovozitojik.uz. 4 феврали 2024 санҷида шуд.
  • Мирбобо Мирраҳим. Ҷашни Наврӯз ва ҷаҳоншиносӣ. — Душанбе, «Ирфон», 1992, — 240 с.