Маҳмадсаид Убайдуллоев
Убайдуллоев Маҳмадсаид Убайдуллоевич | |
| |
соли 1996 — 17 апрели 2020 | |
Пешгузашта | Сафаралӣ Раҷабов |
Ҷонишин | Рустами Эмомалӣ |
марти 1996 — 12 январи 2017[1] | |
Пешгузашта | Юрий Поносов |
Ҷонишин | Рустами Эмомалӣ |
Раиси Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Иқтисодии Авроусиё (ЕврАзЭС)
|
|
соли 2007 — соли 2009 | |
|
|
Таваллуд |
1 феврал 1952 (72 сол) |
Дудмон | мард |
Падар | Маҳмудов Убайдулло |
Модар | Назирова Саъбагул |
Ҳамсар | Каримова Рӯзигул |
Фарзандон | Ҷамолиддин, Амирҷон, Нигина |
Ҳизб | Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (аз соли 1991) |
Таҳсилот | |
Касб | муҳандис-барқчӣ, сиёсатшинос |
Эътиқод | ислом, ҳанафӣ |
Ҷоизаҳо | |
Ҷойҳои кор |
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Маҳмадсаид Убайдуллоев (Убайдуллоев Маҳмадсаид Убайдуллоевич; тав. 1 феврали 1952, Фархор, Тоҷикистон) — ходими давлатӣ ва ҷамъиятии шӯравӣ ва тоҷик. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 1996), Раиси шаҳри Душанбе (1996—2017)[1].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Маҳмадсаид Убайдуллоев 1 феврали соли 1952 дар ноҳияи Фархори вилояти Кӯлоб (айни ҳол вилояти Хатлон) ба дунё омадааст. Падар — Маҳмудов Убайдулло (ваф. 2007), модар — Назирова Саъбагул (ваф. соли 1986); оиладор, ҳамсар — Каримова Рӯзигул; соҳиби ду писар ва як духтар.
Дар Донишкадаи Политехникии Тоҷикистон таҳсил намудааст (1968—1970), Донишкадаи Политехникии ба номи Ленини Харковро хатм намудааст (1974), Мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ дар Тошкандро бо баҳои аъло хатм намудааст (1985).
Фаъолияти меҳнатӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1974—1975, Сармуҳандиси гурӯҳи идора ва назорати корҳои шабакаҳои иттилоотӣ-ҳисоббарорӣ ва мошинҳои ҳисоботии ноҳиявӣ (шаҳрӣ) Раёсати омори вилояти Кӯлоб, шаҳри Кӯлоб;
- 1975—1976, Сармуҳандиси шабакаи ҳисоббарии мошинавии Раёсати омори вилояти Кӯлоб, ш. Кӯлоб;
- 1976—1979, Директори маркази ҳисоббарории Раёсати омори вилояти Кӯлоб, ш. Кӯлоб;
- 1979—1981, Инструктори шуъбаи корҳои ташкилии Кумитаи Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб;
- 1981—1983, Мудири шуъбаи корҳои ташкилии Кумитаи Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб;
- 1983—1985, Шунавандаи Мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ дар Тошканд, ш. Тошканд;
- 1985—1986, Муовини сардори Раёсати омори марказии ҶШС Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;
- 1986—1988, Мудири шуъбаи саноат, нақлиёт ва маҳсулоти ниёзи мардуми Кумитаи Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар вилояти Кӯлоб, ш. Кӯлоб;
- 1988—1990, Сардори Раёсати омори вилояти Хатлони Раёсати марказии омори ҶШС Тоҷикистон, шаҳри Қурғонтеппа;
- 1990—1992, Муовини Раиси Кумитаи Иҷроияи Шӯрои вакилони халқи вилояти Кӯлоб, ш. Кӯлоб;
- 1992—1994, Муовини Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе;
- 1994—1996, Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе;
- 1996—2017 Раиси шаҳри Душанбе[1];
- 2000—2020, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе.
- 2007—2009, Раиси Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Иқтисодии АврОсиё (ЕврАзЭС).
Ҷоизаҳо ва туҳфаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ордени «Дӯстӣ», соли 1998;
- Ордени «Исмоили Сомонӣ», соли 1999;
- Ордени «Исмоили Сомонӣ» дараҷаи I, соли 2006;
- Ордени «Барои манфиати башарият», барои хидматҳои барҷаста дар фаъолият барои манфиати башарият ва саҳм дар таҳкими дӯстии халқҳо (Мукофоти олии байналмилалӣ) сарфароз гардонида шудааст. Аз ҷониби Шӯрои Олӣ оид ба ҷоизаҳо соли 2008 мукофотонида шудааст.
- Ордени «Зарринтоҷ» дараҷаи I, (2017)[2]
- Ҷоиза барои комёбиҳо дар асри XXI — 500 Роҳбарони обрӯманд (дар китобхонаи Конгресси ИМА сабт шудааст, Вашингтон, 2001 сол);
- Дипломи Байналхалқии Шараф, барои саҳми муҳим дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, комёбиҳои назаррас дар соҳаи идора, дар нашри 10-уми Маълумотномаи Байналхалқии Роҳбарони Барҷаста — 2001 сол қайд шудааст, Институти Амрикоии Библиографӣ, ИМА;
- Мукофот барои эътирофи қобилиятҳои Роҳбар барои саҳми муҳим дар соҳаи идора — дар нашри 10-уми Маълумотномаи Байналхалқии Роҳбарони Барҷаста — 2001 сол эътироф шудааст, Институти Амрикоии Библиографӣ, ИМА;
- Медали «Ба хотири 850-солагии Москва», 26 феврали соли 2007 бо Фармони Президенти Федератсияи Россия Елтсин Б. Н. мукофотонида шудааст;
- Медали «Ба хотири 300-солагии Санкт-Петербург», 19 феврали соли 2003 бо Фармони Президенти Федератсияи Россия Путин В. В. мукофотонида шудааст;
- Медали ҷашнии «10- солагии Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон», соли 2006 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Назарбаев Н. А. мукофотонида шудааст;
- Медали Тилоии «Барои сулҳ ва ҳамфикрӣ», соли 2006 аз ҷониби Федератсияи Сулҳ ва Ҳамфикрӣ (Созмони байналхалқии ғайридавлатӣ бо статуси машваратӣ дар назди ЭКОСОС СММ ва бо статуси иштирокчии Шурои Аврупо) мукофотонида шудааст;
- Медали «Муҳандисони барҷастаи Ҷаҳон 2006» (Leading Engineers of the World 2006) аз ҷониби Маркази Биографии Байналхалқӣ мукофотонида шудааст, Манчестер, Британияи Кабир, 2006 сол;
- Дипломи СММ-ХАБИТАТ ва Ташкилоти Умумиҷаҳонии Шаҳрҳои Муттаҳид ва Ҳокимиятҳои Маҳаллӣ, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ дар шаҳри Душанбе, Рӯзи Умумиҷаҳонии ХАБИТАТ, Қазон — 2006 сол.
- Ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон» — 2020, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи I қадрдонӣ карда шуд[3]
Китобҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Зери таҳрири умумии Маҳмадсаид Убайдуллоев китобҳои зерин нашр шудаанд:
- «Асосҳои давлатдории навин» (2002);
- «Таърихи шаҳри Душанбе (аз давраи қадим то замони мо)» (2004);
- «Душанбе — шаҳри Сулҳ» дар ҳаммуаллифӣ бо Ратушенко Г. П. (2004)
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 Тағйироти кадрӣ дар ҳайати роҳбарии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе // PRESIDENT.TJ — 12 январи 2016, 16:01, шаҳри Душанбе.
- ↑ Раҳмон ба Убайдуллоев ордени «Зарринтоҷ» дараҷаи-1 тақдим кард // SPUTNIK — 13 январи 2017, 11:09
- ↑ Эмомалӣ Раҳмон Убайдуллоевро бо ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон қадрдонӣ кард(тоҷ.). Sputnik-tj.com. 28 августи 2020 санҷида шуд.