Jump to content

Салмони Форсӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Салмони Форсӣ
ар. سلمان الفارسي
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд: Рӯзбеҳ[1]
Касб, шуғл: воиз, сарлашкар, тарҷумон, нависанда
Таърихи таваллуд: 568
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 657[2]
Маҳалли даргузашт:
Маҳалли дафн:
Кишвар:
Эътиқод: ислом
Падар: Бузахшан[3] (Юзахшан)
Фарзандон: Абдуллоҳ
Ҷанг:
Шогирдон: Анас ибни Молик

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд:  Викианбор  
Вироиши Викидода
Масҷиди Салмони Форсӣ, Набарди Аҳзоб, Мадина

Абӯабдуллоҳ Салмони Форсӣ (ар. سلمان الفارسي‎; 568, Козирун, Порс[d], Сосониён657[2], Тайсафун) — мушовир, мутарҷим ва саҳобаи эронии паёмбар Муҳаммад, нахустин форсизабони мусулмон, ровии ҳадис, тарроҳи аслии ҳафри хандақ дар Ҷанги Хандақ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ӯ бо ин, ки писари яке аз деҳқонони Эрон буд,[4] зартуштӣ боқӣ намонд ва солҳо ба сарзаминҳои гуногун сафар кард, ки дар ҳамин сафарҳо дар сарзамине ба бардагӣ даромад ва сипас бо кумаки Муҳаммад (с) озод гашт.[4] Салмони Форсӣ, ки хираду донишҳои эрониён ва масеҳиёнро медонист аз мушовирони Муҳаммад (с), аз ҷумла тарроҳи асли кандани хандақ дар Ҷанги Хандақ будааст. Ӯ дар солҳои поёни зиндагӣи худ волии Мадоин гардид.

Барои Салмони Форсӣ пеш аз мусулмон шудан номҳои мухталиферо навиштаанд. Табарӣ ва Абунуъайми Исфаҳонӣ ном вайро Мобаҳ навиштаанд, Ибни Бобуия Рӯзбеҳ ва Балъамӣ Фирӯзон навиштааст. Табарӣ ва Ибни Асокир ном падари Салмонро Бузахшон ва Абунуъайми Исфаҳони Бадахшон ва Ибни Бобуия Хушбузон навиштааст.[5]

  1. Encyclopaedia of Islam, 1960—2005.
  2. 2.0 2.1 Али-заде А. Исламский энциклопедический словарь (рус.)М.: Ансар, 2007.
  3. Али-заде, 2007.
  4. 4.0 4.1 Vida, G. Levi Della. Salmān al-Fārisī. Encyclopaedia of Islam (Second ed.). Brill Online (2012).
  5. سلمان فارسی. rch.ac.ir. دانشنامه جهان اسلام.