Jump to content

Шавкат Мирзиёев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шавкат Миромонович Мирзиёев
ӯзбекӣ: Shavkat Miromonovich Mirziyoyev
аз 14 декабри 2016
(и. в. аз 8 сентябр то 14 декабри 2016)
Пешгузашта Неъматулло Юлдошев (и. в.)
12 декабри 2003 — 14 декабри 2016
Президент Ислом Каримов;
Неъматулло Юлдошев (и. в.)
Пешгузашта Уткир Султонов

Таваллуд 24 июл 1957(1957-07-24)[1][2] (67 сол)
Ҳамсар Зироатхон Ҳошимова[d]
Фарзандон Saida Mirziyoyeva[d] ва Shakhnoza Mirziyoyeva[d]
Ҳизб Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон
Таҳсилот
Дараҷаи илмӣ номзади илмҳои техникӣ
Касб муҳандис
Эътиқод Ислом, суннӣ
Ҷоизаҳо
ордени Александр Невский Order of Prince Yaroslav the Wise, 1st class Dostyk Order of grade I Order of State of Republic of Turkey "Mehnat shuhrati" order Order "Danaker" Ордени Зарринтоҷ
Вебгоҳ president.uz(англ.)(ӯзб.)(рус.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Шавкат Миромонович Мирзиёев (ӯзбекӣ: Shavkat Miromonovich Mirziyoyev; 24 июл 1957[3], ноҳияи Зомин, вилояти Ҷиззах, ҶШС Ӯзбекистон, ИҶШС — ходими сиёсӣ ва давлатии ӯзбекӣ, Президенти Ӯзбекистон аз 14 декабри соли 2016[4][5].

Иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ӯзбекистон аз 8 сентябри соли 2016[6]. Қаблан, сардори комплекс оид ба масъалаҳои кишоварзӣ ва идоракунии захираҳои об, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва молҳои истеъмолӣ аз 12 декабри соли 2003[7]. Ҳокими вилояти Самарқанд (2001—2003) ва вилояти Ҷиззах (1996—1999).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

24 июли соли 1957 дар ноҳияи Зоамини вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон дар хонаводаи табиб таваллуд шудааст.[8][9]. Миллаташ ӯзбек. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд ва панҷ набера.[10]. Шавкат Мирзиёев бино ба бархе манобеъ, дар деҳаи Яқтони ноҳияи Ғончии Тоҷикистон ва бино ба манобеи дигар, дар ноҳияи Зомини вилояти Ҷиззахи Узбекистон ба дунё омадааст. Ончӣ бидуни баҳс аст, аз вилояти Суғди Тоҷикистон будани решаи аҷдоди раҳбари кунунии Узбекистон аст.[11] Ӯ соли 1981 Донишкадаи обёрӣ ва механиконии шаҳри Тошкандро хатм карда, маълумоти олиро бо тахассуси «муҳандис-механик» гирифтааст.[12][13]. Номзади илмҳои техникӣ, дотсент.

Кору фаъолият

[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1981 то 1992 дар Донишкадаи обёрӣ ва механиконии шаҳри Тошканд аз вазифаи ходими хурди илмӣ[13] то вазифаи проректори аввали донишкада кор кардааст[8][13].

Соли 1990 вакили Шӯрои Олии Ӯзбекистон интихоб шудааст.

Соли 1996 бо фармони президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов Мирзиёев ҳокими вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон таъйин гардидааст. Соли 1999 ӯ дар Олий Мажлис[14] даъвати дуюм аз вилояти Ҷиззах дубора интихоб, ва то соли 2004 ин салоҳиятро нигоҳ медорад. Дар соли 2001 Шавкат Мирзиёев ҳокими вилояти Самарқанди Ӯзбекистон мешавад[15]. Ӯ дар ин мансаб муддати ду сол то гузаштан ба кори ҳукумати Ӯзбекистон кор карда буд.

Дар сари ҳукумат

[вироиш | вироиши манбаъ]

Парвози ӯ ба қуллаҳои қудрат асосан дар даврони раҳбарии Ислом Каримов сурат гирифт. Мирзиёев солҳои 1992—1996 ҳокими ноҳияи Мирзо Улуғбеки Тошканд, солҳои 1996—1999 ҳокими вилояти Ҷиззах ва аз 2001 то 2003 ҳокими вилояти Самарқанд буд. Маҳз дар давраи раҳбарӣ бар зодгоҳи Ислом Каримов, ӯ ба клани Самарқанд наздик шуд ва 12 декабри соли 2003 ба мақоми сарвазири Ӯзбекистон расид.

Шавкат Мирзиёев аввалин сарвазире дар таърихи навини Узбекистон буд, ки тавонист муддати аз ҳама бештар — 13 сол — раҳбарии кобинаи вазирони Каримовро дар даст нигоҳ бидорад. Бо тамкин, тавозӯъ ва сабре, ки намоиш дод, Шавкат Мирзиёев ин курсиро то дами марги Ислом Каримов дар таърихи 2 сентябри соли 2016 нигоҳ дошт.

Баъди даргузашти президенти нахустини Узбекистон то баргузории интихоботи пеш аз муҳлат зимоми раёсати кишварро на ба раиси Сенат, ки Қонуни асосӣ муқаррар кардааст, балки ба Мирзиёев супурданд ва дигар яқин буд, ки интихоби нухбагони сиёсии Узбекистон дар масъалаи вориси тахти Каримов рӯи ӯ қарор гирифтааст.[11]

Пас аз марги Президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов 2 сентябри соли 2016 коршиносон Мирзиёевро яке аз номзадҳои эҳтимолӣ ба мансаби президенти кишвар баррасӣ мекарданд[16][17].

8 сентябри соли 2016 Шавкат Мирзиёев аз ҷониби ду палатаи порлумон иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон тасдиқ гардид[18][19]. Як ҳафта пас аз таъйин (16 сентябри соли 2016), ӯ ҳамчун номзад ба мансаби Президенти Ӯзбекистон дар интихоботи президентӣ дар моҳи декабри соли 2016 пешбарӣ шуд[20]. 23 сентябри соли 2016 Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон барои иштирок дар интихоботи президентӣ ба Шавкат Мирзиёев иҷозат дод[21].

Мирзиёев дар интихоботи моҳи декабр 88 дарсади овозҳоро ба даст овард ва барои 5 сол қонунан Президенти Ӯзбекистон Узбекистон шуд.[11]

Муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон

[вироиш | вироиши манбаъ]
Шавкат Мирзиёев бо Эмомалӣ Раҳмон

Дар ҷараёни суҳбатҳои нахустин Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум роҷеъ ба масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон мубодилаи афкор анҷом дода, ба дурнамои рушди онҳо таваҷҷуҳ намуданд. Зимнан аз натиҷаҳои сафари кории ба қарибӣ суратгирифтаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов ба Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Шавкат Мирзиёев Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати зодрузаш самимона табрик намуд.[22]

Он чӣ ки ба равобити Тоҷикистону Узбекистон марбут мешавад, оғози об шудани пиряхҳоест, ки дар тӯли солиёни раҳбарии Каримов байни Душанбеву Тошканд ҷамъ шудаанд. Дар муддати камтар аз як сол чархиши ҷиддие дар муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя ба вуқӯъ пайваст. Пеш аз ҳама, ин азсаргирии парвози ҳавопаймоҳо байни Душанбеву Тошканд баъди 25 сол буд. Боз шудани роҳи сафарҳои ҳунарии овозхонҳои узбек ба Тоҷикистон, баргузории нахустин намоишгоҳи маҳсулоти Узбекистон дар Душанбе ва худи тағйири лаҳни гуфтугӯ байни ду ҳамсоя бисёриҳоро нисбат ба дурнамои равобити онҳо хеле хушбинтар кардааст. Тошканд дар тирамоҳи гузашта ҳатто оғози бунёди сарбанди нирӯгоҳи Роғун — як мояи асосии танишҳо байни Тоҷикистону Узбекистонро бар хилофи солҳои қаблӣ бе ягон сару садо ва эътирозе фурӯ бурд, ки ин худ ба сари худ хеле гап аст.[11]

Шавкат Мирзиёев ва ҳамсараш Зироатхон (Ойхон) Маҳмудовна Ҳошимова, ки ҳамсабақи ӯ дар Донишкадаи обёрии Тошканд буд, се фарзанд — ду духтар Саида ва Шаҳноза ва як писар бо номи Алишер доранд. Чанде пеш гузориш шуда буд, ки Шавкат Мирзиёев домодаш Ойбек Турсуновро муовини раиси Идораи коргузории президент ва домоди дувумаш Отабек Шохоновро муовини аввали сардори хадамоти муҳофизонаш таъйин кардааст. Ойбек Турсунов шавҳари духтари калонии президент Саида Мирзиёева ва Отабек Шохонов шавҳари духтари хурдиаш Шаҳноза Мирзиёева мебошанд.[11]

  1. Энциклопедия Брокгауз (нем.)
  2. Munzinger Personen (нем.)
  3. Сайт Председателя Правительства Российской Федерации В. В. Путина — События — Мирзиёев Шавкат Миромонович, премьер-министр Республики Узбекистан
  4. Шавкат Мирзиёев стал президентом Узбекистана
  5. Мирзиеев принял присягу и вступил в должность президента Узбекистана | РИА Новости — события в России и мире: темы дня, фото, видео, инфографика, радио
  6. Премьер-министр Узбекистана назначен и. о. президента страны
  7. Персональный состав Кабинета Министров. 3 ноябри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 сентябри 2017.
  8. 8.0 8.1 Мирзиеев (Мирзияев) Шавкат Миромонович. — Институт стратегического анализа и прогноза (ИСАП). — Версия от 10.05.2012
  9. Мирзиеев (Мирзияев) Шавкат Миромонович. — Лабиринт (Панорама). — Версия от 10.05.2010
  10. Биография и программа кандидата в президенты Республики Узбекистан Шавката Миромоновича Мирзиёева Бойгонӣ шудааст 5 ноябри 2016  сол. — Сайт http://www.uzlidep.uz
  11. 11.0 11.1 11.2 11.3 11.4 Президенти Ӯзбекистон 60-сола шуд. 24 июли 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 30 июли 2017.
  12. Наша история. — Ташкентский Институт инженеров ирригации и механизации сельского хозяйства (ТИИИМСХ. — Версия от 11.05.2012
  13. 13.0 13.1 13.2 Мирзиеев Шавкат Миромонович, премьер-министр Республики Узбекистан. — Архив сайта председателя правительства В. В. Путина (2008—2012), 02.09.2008
  14. История парламента. — Законодательная палата Олий Мажлиса республики Узбекистан. — Версия от 14.11.2012
  15. Сергей Соболев. Ислам Каримов готовит себе преемника? — Столетие. Ru, 24.11.2010
  16. Abdujalil Abdurasulov, BBC News. Intrigue and power games as Uzbek leader ails. // bbc.com (1 September 2016)
  17. Ахмед Сейидов. Неизвестные отцы. Кто может сменить Ислама Каримова на посту президента Узбекистана. // lenta.ru (30 августа 2016 года)
  18. Информационное сообщение о совместном заседании Законодательной палаты и Сената Олий Мажлиса Республики Узбекистан
  19. В Узбекистане утвердили врио президента | РИА Новости
  20. Видео: «Миллий тикланиш» и УзЛиДеП определились с кандидатами — Газета.uz
  21. Все партии допущены к президентским выборам — Газета.uz
  22. Сӯҳбати телефонӣ бо Иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев