Ноҳияи Варзоб

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Ноҳияи Варзоб
Ноҳияи Варзоб дар нақшаи Тоҷикистон
Донистаниҳо
Кишвар : Tajikistan-coat-of-arms.jpg Тоҷикистон Flag of Tajikistan.svg
Вилоят : Ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурӣ
Марказ: Варзоб
Замони таъсис : 27 октябри соли 1939
Раиси ноҳия: Шерова Ситора Маноновна
Ҷуғрофиёи табиъӣ
Паҳноварӣ : - км²
Шумораи шаҳракҳо : 2
Шумораи ҷамоатҳо : 6
Мардум
Аҳолӣ (2008) : 48 129 кас
Забони расмӣ : тоҷикӣ
Забонҳои гуфторӣ : тоҷикӣ
Мазҳаб : ҳанафӣ
Нишониҳо
Сарвожа : VA
ISO-намоя : TJ.RR.VA
Пешшумора : +992 3153
Нишонии почта : 734060
Замон : UTC+5
Вебгоҳ : .tj
Шумораи мошинҳо : 01РТ
Деҳаи Анзоб дар дараи Варзоб


Ноҳияи Варзоб (форсӣ: ناحیۀ ورزاب) — яке аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон аст ва дар дараи рӯди Варзоб ҷой дорад.

Маркази ин ноҳия шаҳраки Варзоб аст, ки 25 км шимолтар аз шаҳри Душанбе дар каронаи рӯди Варзоб ҷой дорад.

Ин ноҳия 29 октябри соли 1939 дар таркиби вилояти Сталинободи ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфта аст.


Ҷойгоҳ[вироиш]

Ноҳияи Варзоб дар водии Ҳисор ҷой дорад. Дар Шимол бо ноҳияи Айнӣ аз ноҳияҳои вилояти Суғд, дар Ғарб - бо ноҳияи Ҳисор, дар Ҷануб — бо ноҳияи Рӯдакӣ ва дар Шарқ — бо ноҳияи Ваҳдат ҳаммарз аст. Аз сӯи ҷануб ба канораҳои шимолии шаҳри Душанбе мепайвандад.

Дараи Ромит, ки бахше аз ин ноҳия аст, осоишгоҳҳову созаҳои тафреҳӣ ва кӯҳнавардӣ, чашмаҳои оби маъданӣ ва сулфур дорад.

Паҳноварии ин ноҳия км² аст. Аз шимоли ноҳияи Варзоб ба ҷануби он рӯди Варзоб гузар мекунад, ки ба рӯди Кофурниҳон мерезад.

Мардум[вироиш]

Бино бар саршумори соли 2008 аҳолии ноҳияи Варзоб 48 129 нафар буда аст. Мардуми Варзоб ба забони тоҷикӣ сухан мегӯянд.

Ҳукумат[вироиш]

Сарвари ноҳияи Варзоб Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Варзоб - Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳияи Варзоб ба муддати 5 сол интихоб мешавад.

Бахшҳои идорӣ[вироиш]

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Варзоб 2 шаҳрак - Варзоб Навобод ва 11 ҷамоат дорад[1]:

Ҷамоатҳои ноҳияи Варзоб
Ҷамоат Аҳолӣ
Айнӣ 7167
Варзобқалъа 8318
Деҳмалик 5914
Зидеҳ 5373
Лучоб 5141
Чорбоғ 16216


Пайнавиштҳо[вироиш]

  1. "List of Jamoats ". UN Coordination, Tajikistan. http://www.untj.org/files/minutes/Food/List_of_Jamoats.xls. Retrieved May 23, 2010. 


Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
Ноҳияи Варзоб · Ноҳияи Ваҳдат · Ноҳияи Нуробод · Ноҳияи Рашт · Ноҳияи Роғун · Ноҳияи Рӯдакӣ · Ноҳияи Тавилдара ·

Ноҳияи Тоҷикобод · Ноҳияи Турсунзода · Ноҳияи Файзобод · Ноҳияи Ҳисор · Ноҳияи Шаҳринав · Ноҳияи Ҷиргатол