Jump to content

Телевизион дар Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Телевизиони Тоҷикикстон — 3 октябри соли 1959 дар шаҳри Душанбе ба фаъолият оғоз кард.

Дар Тоҷикистон 3 октябри соли 1959 аввалин бор Студияи телевизиони Тоҷикистон ба кор шурӯъ намуд, ки ин рӯйдоди беназири фарҳангӣ дар ҳаёти кишвар буд.

Барномаҳои аввалини телевизион асосан таҷрибавӣ буданд. Барномаи иттилоотии «Ахбор» аз 3 дақиқа иборат буда, ҳамчунин дигар филмҳои кӯтоҳметражи ҳуҷҷатию тасвирӣ намоиш дода мешуданд.

Намоишҳои аввалини Телевизиони Тоҷикистон қариб якуним соат давом мекард.

То охири соли 1960-ум ҳаҷми барномаи иттилоотии «Ахбор» 10 дақиқа ва ҳаҷми умумии барномаҳои ҳаррӯза ба 3 соату 30 дақиқа расонида шуд.

2 феврали соли 1960 студияи сайёри телевизионӣ (ССТ) ба фаъолият сар кард. Телевизиони Тоҷикистон аз 1 июли соли 1960 пахши намоишҳоро ҳамарӯза амалӣ намуд. Сипас сохтмони хатҳои радиореле (РРЛ-бунгоҳҳои техникии қабулкунандаи аломат (сингал)) оғоз ёфт. Мувофиқи маълумоти оморӣ, соли 1962 шумораи телевизорҳо дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он 29 ҳазор ададро ташкил медод. Охири соли 1962 хатти радиорелеи Душанбе-Кӯлоб мавриди истифода қарор гирифт, дар Қӯрғонтеппаю Тошработ ретрансляторҳои телевизионӣ гузошта шуданд, ки аҳолии Кӯлобу водии Вахш имконияти тамошои Телевизиони Тоҷикистонро пайдо намуданд.

Фаъолияти телевизионҳо дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар рушд ёфт ва алҳол пешбури фаъолияти ин соҳаро Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад. Дар ин давра шабакаҳои телевизионии «Телевизиони Тоҷикистон», «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон», «Варзиш», «Синамо», «Футбол» ва «Шаҳнавоз» таъсис ёфтанд.

3 сентябри соли 2005 Муассисаи давлатии Телевизиони «Сафина» ба фаъолият оғоз намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими тантанавии кушодашавии он ширкат варзида, шахсан бо пахши тугмачаи дастгоҳи паҳнкунандаи мавҷи телевизионӣ ба фаъолияти ин шабакаи тозабунёди телевизионӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ифтитоҳ бахшиданд.

Сарвари давлат дар ҷараёни суханронии мустақим зикр карданд, ки Телевизиони «Сафина» саҳнаи озоди афкору пайкори тамоми фарҳангиёни кишвар ва инъикосгару таблиғкунандаи фарҳанги волои миллӣ хоҳад гашт. Имрӯз роҳбарии Телевизиони «Сафина» — ро мутахассиси варзида Носир Саидов бар уҳда дорад.

Муассисаи давлатии Телевизиони кӯдакону наврасон-«Баҳористон» таъсис ёфт ва 4 сентябри соли 2006 шабакаи мазкур ба пахши барномаҳои худ оғоз кард. Имрӯз кӯдакону наврасон ва падару модарон дар беш аз ҳафтод кишвари ҷаҳон, аз ҷумла, кишварҳои аъзои ИДМ, барномаҳои Телевизиони «Баҳористон»ро дар қатори шабакаҳои сершумори ҷаҳон тамошо мекунанд. Дар Тоҷикистон 3,5 миллион ҷавонон, кӯдакону наврасони то 18-сола зиндагӣ мекунанд, ки тамошобини бевоситаи ин шабака мебошанд. Соли 2008 Муассисаи давлатии Телевизиони «Ҷаҳоннамо» ба кори худ шурӯъ намуд. ТВ Ҷаҳоннамо аввалин телевизиони шабонарӯзии сиёсиву иттилоотии Тоҷикистон мебошад, ки ахбори муосирроба тамошобинон дастрас мекунад.

Телевизиони «Баҳористон» ҳар рӯз аз соати 7 то соати 22 намоишҳои гуногуни омӯзишӣ, фарҳангиву маърифатӣ ва барномаҳои шавқовари фароғатиро пешкаши бинандагон менамояд.

1 марти соли 2016 бахшида ба 25 -солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ду шабаки телевизионӣ- муассисаҳои давлатии телевизиони «Варзиш» ва телевизиони «Синамо» ба фаъолият оғоз намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ онҳоро ифтитоҳ намуданд ва зикр карданд, ки нишондодҳои рӯзафзуни варзишгарони тоҷик дар минтақа ва ҷаҳон баробари кушодани ин шабакаи нав бояд васеъ инъикос карда шаванд.

Пахши барномаҳо дар шабакаҳои мазкур мувофиқ ба талаботи имрӯза дар формати HD ба роҳ монда шудааст, ки ин омил имконият медиҳад намоишҳо бо сатҳу сифати баланди садову симо ба тамошобин пешкаш гарданд. Дастгоҳҳои наворбардорӣ, танзим ва пахши барномаҳо бо ин формати навтарини технологияи коммуникатсионӣ фаъолият менамоянд, ки аз дастовардҳои навтарини техникаи соҳаи телевизионӣ мебошад.

Барномаҳои шабакаҳои навтаъсиси телевизиони «Варзиш» ва «Синамо»- ро дар якчанд давлати дунё ба воситаи моҳвора тамошо намуда, наздики 60 фоизи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз пахши рақамӣ аз ин намоишҳо бархӯрдор мегарданд.

Яке аз дастовардҳои дигари соҳаи телевизион дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар ба пахши рақамӣ гузаштани он мебошад. Бо ин мақсад таҷҳизоти марказии пахши барномаҳои телевизиони Тоҷикистон пурра иваз гардида, дигаргуниҳо дар системаи танзим ва пахши барномаҳо дар якҷоягӣ тавассути компютерҳо ба ҷо оварда мешаванд.

Дар Телевизиони Тоҷикистон дар студияи якум таҷҳизоти (20.8 Х 14 Х 8) иваз карда шуд. Айни ҳол телевизони Тоҷикистон 97 фоизи аҳолии ҷумҳуриро фаро мегирад ва барномаҳои онро тавассути моҳвораи LMI-1 сокинони мамлакатҳои Осиё ва Аврупо- аз Япония то Франсия ва як қисми Африқо метавонанд тамошо намоянд.

Ба назикӣ боз як шабакаи нав — Телевизиони мусиқии Тоҷикистон бо номи «Шаҳнавоз» таъсис дода шуд.

Тибқи иттилои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2017 фоизи фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо пахши рақамии барномаҳои шабакаҳои давлатии Телевизиони Тоҷикистон, «Сафина», «Баҳористон», «Ҷаҳоннамо», «Варзиш», «Синамо» — 56,86 % ва фоизи фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо пахши аналогии барномаҳои шабакаҳои давлатии телевизион дар ҳамин давра — Телевизиони Тоҷикистон- 99,72 %, «Сафина» — 99,7 %, «Баҳористон» — 89,01 %, «Ҷаҳоннамо» — 78,96 % мебошад.[1]

Марҳилаи рушд

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ин воситаи муқтадири электронии ахбори умум ва дастгоҳи муҳими таблиғотӣ то кунун 5 марҳилаи рушдро сипарӣ кардааст.

Марҳилаи аввалро давраи пайдоиш ва ташаккул номидан мумкин аст, ки солҳои 1959-1970-ро дар бар мегирад.

Марҳилаи дуюм ба солҳои 1970—1985 рост меояд. Барномаҳо дар ҳаҷми ҳафт соат (тақрибан 50 % намоишҳои асл) ба бинандагон манзур шуданд. Он замон мазмуну мундариҷа ва муҳтавои барномаҳои телевизионҳои Иттиҳоди Шӯравӣ қариб шабеҳи ҳам буданд, тағйири сохтор, усулҳои нави барномасозӣ асосан дар пайравӣ ба Телевизиони марказӣ (Маскав) сурат мегирифт. Аз соли 1967 инҷониб тамошобинон барномаҳои Телевизиони марказӣ (ҳоло ОРТ, РТР) ва студияи телевизиони Тошкандро ба воситаи канали реалеии Душанбе-Тошканд тамошо мекарданд. 25 январи соли 1975, стансияи сайёри телевизиони ранга ба кор даромад. Дар таҳияи барномаҳои телевизион намояндагони зиёда аз 40 касбу кор иштирок менамоянд, аз ҷумла, сармуҳаррир, муҳаррири калон, муҳаррири хурд, саркоргардон (саррежиссёр), коргардонҳои дараҷаҳои гуногун, ассистентони онҳо, ёварони коргардон, корсозҳо, наворбардорони дараҷаҳои гуногун, ассистентони онҳо, тасвирбардорон, садобардорон, гримкунандагон, рўшноидиҳандагон, рассомон ва дигарон. Дар телевизиони тоҷик ба танзиму ҳамоҳангсозии барномаҳо Дирексияи барномаҳо назорат менамояд. Бо сарварии директор ва Дирексияи барномаҳо нақшаҳои ҳармоҳа ва солонаи эҷодии сарредаксияҳои телевизион таҳия мегардад. Дар телевизион Иттиҳодияҳои эҷодӣ фаъолият доранд ва ба ҳар яке соҳаҳои мухталиф вобаста асту аз рўйи тақсимоти муайян барномаҳояшон бо шаклҳои хоса таҳия мегарданд.[2]

Давраи бозсозӣ ба марҳилаи сеюми (1985—1990) ташаккули телевизиони миллӣ рост меояд, то замони истиқлол идома ёфт. Дар ин замон барномахо тадриҷан ҷанбаи миллӣ пайдо карданд. Агар солҳои аввали таъсисёбии телевизион кадрҳо қисман аз ҳисоби шоирону нависандагон, рўзноманигорон, кормандони радио интихоб мегардиданд, ҳоло бошад, ба кори телевизион бештар ҷавонон ҷалб карда мешаванд.[2]

Солҳои 1991—1997 барои кормандони телевизиони Тоҷикистон низ марҳилаи ҳассос, сарнавиштсоз ва пурмасъулият буд. Солҳои 1995—1997 мавзӯи сулҳу ваҳдати миллӣ маҳаки асосии барноамҳоро ташкил медод. Аз соли 1997 дар Тоҷикистон даврони ободонӣ ва бунрёдкорӣ оғоз шуд. Дар телевизион марҳилаи нав шурӯъ ва насли нав вориди майдони эҷод гардид.

Солҳои 2000—2003 телевизион давраи нисбатан оромро аз сар гузаронд. Мавзӯъҳои худшиносии миллӣ, ватанрдӯстӣ, тарғиби анъанарҳои миллӣ мавқеъ пайдо карданд.

Таҳаввулот дар ТВТ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Марҳилаи нави рушди техники телевизиони миллӣ аз соли 2005 бо роҳбарии Раиси Кумитаи Асадулло Раҳмонов шурӯъ шуд. Бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳ:

ба кор оғоз карданд.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи
  1. 21 ноябр-Рӯзи умумиҷаҳонии телевизион. Аз «оинаи нилгун» — то телевизиони рангаи рақамии HD. 21 ноябри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 августи 2020.
  2. 2.0 2.1 Муродов М. Донишномаи фарҳанги рӯзноманигорӣ. Муҳаррир Ш. Комилзода. — Душанбе: Аржанг, 2016. — 480 с. — С. 221—222. ISBN 978-999-47-43-37-7