Ёдгориҳои мероси таърихӣ-фарҳангии Тоҷикистон

Ҳифз, тармими ёдгориҳои мероси таърихӣ-фарҳангии Тоҷикистон ва идомаи пайвастаи пажӯҳишҳои таърихӣ, бостоншиносӣ, биологию зоологӣ ҷиҳати бозёфтҳои тоза дар самтҳои мероси таърихӣ-фарҳангӣ ва табиӣ шароити мусоиди пешгирии раванди харобшавии ин боигарии миллии кишвар мебошад. Азхудкунии мероси таърихӣ-фарҳангӣ ва табиӣ омили беҳдошти маънавиёт буда, дар акси ҳол фарҳанги ғайр метавонад фазои онро тира созад.
Дар Тоҷикистон аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ кӯшиши бозёфту нигоӽдориву ҳифзи ёдгориҳои таъриху фарҳанги миллии тоҷикон шурӯъ карда шуд. Мероси таърихию фарҳангӣ асосан дар осорхонаҳо нигоҳ дошта мешуд. [1]. Дар давраи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи осорхонаҳо якчанд маротиба афзуданд. Соли 2013 бинои нави Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар Душанбе кушода шуд, ки дар он намунаҳои нодири таърихию фарҳангии кишвар ҷамъ оварда шудаанд. Ҳамчунин, ба нигоӽдориву ҳифзи ёдгориҳои мероси таърихӣ-фарҳангӣ миллии тоҷикон аз ҷониби ҳукумат диққати махсус дода шуда барои муаррифии он кӯшиш карда шуд. Натиҷаи он ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дохил гардидани ёдгориҳои мероси таърихӣ-фарҳангӣ ва табии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дар Тоҷикистон 2 номгуй объектҳои таърихиву табиӣ дар феҳристи асосӣ сабт шудааст. Аз ҷумла, аз рӯи нишондоди: 1 - фарҳангӣ — Шаҳркадаи Саразм ва 1 - табиӣ — Боғи миллии Тоҷикистон. Дар соли 2015, 16 объектҳои ёдгориҳои мероси таърихӣ-фарҳангӣ ва табии дар қаламрави Тоҷикистон мавҷудбуда дар феҳристи номзадҳо барои ворид намудан ба феҳристи объектҳои Мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО сабт шудаанд. Аз ҷумла, аз рӯи нишондоди: 11 — фарҳангӣ, 5 — табиӣ.
19 ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба феҳристи мероси фарҳанги моддии ИСЕСКО ворид гардид. Ин ёдгориҳо зимни ҷаласаи 10-уми Кумитаи ёдгориҳои ҷаҳони Ислом, ки 4 - 7 июли соли 2022 дар Шоҳигарии Марокаш баргузор гардид, тасдиқ шудаанд.Парвандаҳои номинатсионии ёдгориҳои таърихию фарҳангии мазкур аз тарафи коршиносони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, ба дафтари марказии созмони мазкур тавассути Вазорати корҳои хориҷӣ ирсол гардид. Аз 19 адад ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон, 2 адади он ба Феҳристи асосии мероси фарҳангии ҷаҳони Ислом шомил гардида, 17 адади дигараш бошад, ба Феҳристи пешакӣ ворид шуданд.[2][3]
Ба ёдгориҳои мероси таърихӣ-фарҳангӣ дохил мешаванд:
- иншоотҳои сохтмонӣ - мавзеъҳо ва иншоотҳои сохтмонии арзиши таърихӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва маишӣ дошта ва ғайраҳо мисли мақбараи Сомониён, ки дар маркази нахустин пойтахти давлати тоҷикон – шаҳри Бухоро воқеъ аст ;
- ёдгориҳои динӣ - масҷидҳо, мадрасаҳо, оромгоҳҳо, ибодатгоҳҳо, мазорҳо, мақбараҳо, манораҳо ва ғайраҳо мисли оромгоҳҳои Хоҷа Дурбад ва Хоҷа Ҳаллоҷӣ дар Шаҳритус ва ё оромгоҳ-Мадрасаи Хоҷа Машҳад дар ноҳияи Шаҳритус, маҷмааи ду оромгоҳи Хоҷа Нақшрон дар ноҳияи Турсунзода ва дигарҳо;
- истиқоматгоҳҳои қадима - мавзеъҳое, ки тамаддуни ҷамъияти инсониро (аз пайдоиш то имрӯз) таҷассум менамоянд, мисли шаҳркадаи Саразм дар ноҳияи Панҷакент, Қасри ҳокимони Хулбук дар ноҳияи Восеъ ва дигарҳо;
- асарҳои санъати монументалӣ- муҷассамаҳо ва пайкараву нимпайкараҳо мисли Буддо дар ҳолати нирвана, ки дар Аҷинатеппа бозёфт шудааст;
- объектҳои мероси бостонӣ - харобаи шаҳрҳо - Шаҳраки Панҷакенти қадим, истеҳкомҳои бостонӣ, боқимондаи иншооти гидро – техники қадимӣ, роҳҳо, устохонаҳо, қабрҳои қадима, тасвиру навиштаҷоти рӯи санг ва харсангҳо (петроглифҳо) - Ғори Шахта, манораҳо - Манораҳои саргаҳи Зарафшон, қалъаҳо - Қалъаи Хуҷанд, Қалъаи Ҳисорак, кӯшкҳо, харобаҳо, маҷмааҳои меъморӣ Маҷмааи меъмории Ҳазрати Шоҳ, Маҷмааи таърихӣ - меъмории Шайх Муслиҳиддин ва ғайраҳо. Бозёфтҳои ашёи ороиши кандакорӣ (порчаҳои гаҷкорӣ, ки ҳар гуна нақшҳои барҷастаи ҳайвоноти афсонавии одамшакл, нақшу нигорҳои ҳандасагӣ, наботот ва ғайра доранд;
- бозёфтҳои бостонӣ тангаҳо, лавозимоти рӯзғор, лавозимоти (олоти меҳнат), сарулибос ва ғайраҳо, мисли бозёфтҳои бостоншиносон дар ҳафриёти Хазинаи Амударё.[4]
Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]
- Ёдгориҳои бостонӣ ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон,
- Ёдгориҳои фарҳангии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дар Тоҷикистон,
- Ёдгориҳои бостонӣ,
- Ёдгориҳои меъморӣ ва диг.
Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]
- Мазор ва зиёратгоҳҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ(тоҷ.). www......j. 16 январи 2020 санҷида шуд.
- Таджикистан предложил включить в список ЮНЕСКО 9 памятников истории(тоҷ.). www......j. 16 январи 2020 санҷида шуд.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ нусхаи бойгонӣ. 18 апрели 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 марти 2016.
- ↑ ДАСТОВАРДҲОИ БУЗУРГИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН ДАР САТҲИ ҶАҲОН:(тоҷ.). www.vfarhang.tj (7 июли 2022). 7 июли 2022 санҷида шуд.
- ↑ 19 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба феҳристи мероси фарҳанги моддии ИСЕСКО шомил гардиданд(тоҷ.). www.khovar.tj (7 июли 2022). 7 июли 2022 санҷида шуд.
- ↑ Қодиров Ф.С. Захираҳои туристӣ: ёдгориҳои фарҳангӣ - таърихӣ ва табиӣ. Душанбе,2012. С. 19.