Абдураҳмон Расулӣ
Абдураҳмон Расулӣ | |
Таърихи таваллуд: | 1 сентябр 1949 (75 сол) |
Зодгоҳ: | ноҳияи Ғафуров |
Навъи фаъолият: | нависанда,журналист,тарҷумон |
Абдураҳмон Расулӣ — рӯзноманигор,нависанда,тарҷумон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1979), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2000)
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Абдураҳмон Расулӣ 1 сентябри соли 1949 дар деҳаи Ёваи ноҳияи Хуҷанд (имрӯза Бобоҷон Ғафуров) таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёнаи №1 ноҳия, соли 1967, донишҷӯи шуъбаи журналистикаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, соли 1973 бомуваффақият хатмаш намудааст. Солҳои 1973-1974 дар хидмати ҳарбӣ будааст. Аз соли 1974 дар идораҳои табъу нашр, васоити ахбори умум, Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ адои вазифа кардааст. Аз ҷумла, муддате муҳаррири Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик ва нашриёти «Маориф», мудири шуъбаи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», корманди рӯзномаи «Паёми Душанбе», мухбири АМИТ «Ховар», ходими адабии маҷаллаи «Тоҷикистон», солҳои 1992-1995 корманди масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1995-1997 ёвари вазири кишоварзии ҷумҳурӣ, аз соли 1997, то нафақа баромаданаш (2007) корманди масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон будааст. Аз соли 1979 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз овони мактабхонӣ ба навиштани хабару мақола пардохтааст, ки чанде аз онҳо дар рӯзномаҳои «Ҳақиқати Ленинобод», «Комсомоли Тоҷикистон» ва «Пионери Тоҷикистон» интишор ёфтаанд. Дар баробари фаъолияти рӯзноманигорӣ, ба эҷоди бадеӣ машғул шуда, то ин дам ҳашт гулчини ҳикояҳояш аз чоп баромадааст, ки «Ҳақиқат» (1990), «Таронаи баҳор» (1999), «Мурад камбағалӣ!» (2000), «Савти Хиромон» (2004), «Дурбин» (2009) ва «Эъҷоз» (2011) аз он ҷумлаанд. Ҳамчунин, муаллифи қиссаҳои «Эъҷоз» (2011) «Маҳбуби дилҳо» (2002), «Раис» (2003) ва «Инсони бануру имон» (2005) мебошад, ки дар онҳо масъалаҳои мақоми инсон дар ҷомеа, ишқу муҳаббати поки ҷавонӣ, саховату ухувват ва дигар ҷанбаҳои ахлоқи ҳамидаи инсонӣ мавриди тасвиру таҳқиқи бадеӣ қарор гирифтаанд. Мақолаҳои публитсистӣ ва лавҳаю очеркҳои зиёде навиштааст, ки иддае аз онҳо дар китоби «Ҷонон ҳаёт, ҷонон одамон» (2000, 2009) чоп шудаанд. Ходимони намоёни давлат ва илму фарҳанги ҷумҳурӣ, монанди Р.Набиев, М.Раҳматов, М.Холов, Ю.Исҳоқӣ Ф.Муҳаммадиев, А.Бурҳонов, Ҳ.Зоҳидов, Х.Назарова ва диг. каҳрамонони асарҳои ӯстанд. Чанде аз ҳикояҳояш ба забонҳои русиву ӯзбекӣ тарҷума ва чоп шудаанд. Асарҳои алоҳидаи А.П.Чехов, Ҷ.Боккаччо, Э.Рауд, А.Ҳайитматов, М.Задорновро ба тоҷикӣ гардондааст, ки дар алманахи тарҷумаҳо ва матбуоти даврӣ чоп шудаанд.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Нишони «Сухан»;
- Нишони «100-солагии матбуоти тоҷик»;
- Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (2011).
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с.185 ISBN 978-99947-2-379-9
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 1 сентябр
- Зодагони соли 1949
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Адибон аз рӯи алифбо
- Рӯзноманигорон аз рӯи алифбо
- Нависандагони тоҷик аз рӯи алифбо
- Нависандагони Тоҷикистон
- Тарҷумонҳои адабиёти бадеӣ
- Рӯзноманигорони Тоҷикистон
- Аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
- Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
- Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон