Jump to content

Абдуғаффори Абдуҷаббор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Абдуғаффор Абдуҷабборов)
Абдуғаффори Абдуҷаббор
Абдуғаффор Абдуҷабборов
Таърихи таваллуд: 11 август 1956(1956-08-11) (68 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Конибодом, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Навъи фаъолият:
Забони осор: тоҷикӣ
Ҷоизаҳо: Ордени Шараф

Абдуғаффори Абдуҷаббор (Абдуғаффор Абдуҷабборов; зод. 11 августи 1956, ноҳияи Конибодом, ҶШС Тоҷикистон) — нависанда, тарҷумон ва драматурги муосири тоҷик. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1988), Иттифоқи арбобони театри Тоҷикистон (1990), Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1997), Ассотсиатсияи публитсистони Тоҷикистон (2007). Узви вобастаи Академияи мусаввирии Тоҷикистон (2010), узви ифтихории Академияи байналхалқии фарҳанг, илм ва тиҷорати Санкт-Петербург (2011), Узви Иттифоқи умумироссиягии нависандагон (2013).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинград (1979). Фаъолияташ чун рӯзноманигор дар газетаи «Вечерный Душанбе» оғоз ёфтааст. Муҳаррир, мудири шуъба, сармуҳаррири идораҳои гуногуни Телевизиони Тоҷикистон (1981—1988), директори шуъбаи тоҷикистонии «Союзтеатр», директори генералӣ, котиби Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон (1988—1995), сармуҳаррири идораи байналхалқӣ, муовини директори Телевизиони Тоҷикистон ва роҳбари «Тоҷиктелефилм» (1995—2004). Аз соли 2004 роҳбари дастгоҳи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва ҳамзамон аз соли 2010 сармуҳаррири маҷаллаи адабӣ-бадеии «Шарқу Ғарб». Ҳоло ӯ дар нафақа ва бо кори эҷодӣ машғул аст.

Абдуғаффори Абдуҷаббор муаллифи беш аз 1500 барномаи телевизионӣ, филмномаҳо асарҳои бадеӣ, публитсистӣ, ҳикоёт, қиссаҳо ва драмаҳо мебошад. Абдуғаффори Абдуҷаббор. «Дарсҳои франсузӣ»-и В. Распутин, «Сад соли танҳоӣ», «Ба полковник касе наменависад»-и Габриэл Гарсиа Маркес, «Моҳ ва фулус»-и Соммерсет Моэм, асарҳои публитсистии Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев «Роҳи қазоқистонӣ» «Дар дили Авруосиё», «Ормону орзуҳо дар фарҳанги муосири Чин»-и Суан Сзечжян ва ғайра ба забони тоҷикӣ гардонидааст.

Муаллифи маҷмӯаву китобҳои бадеӣ, бадеӣ-публисистӣ, резаҳикояву повест, филмномаву драмаҳои «Гавҳаре дораму соҳибназаре меҷӯям» (1993), «Дили ман равшан аз сӯзи дарун аст» (1994), «Ҳанӯз андар замирам сад ҷаҳон аст» (1995), «Сӯҳони қазо» (1997), «Барфи охирин» (2001), «Каприччио» (2004), «Куҷоӣ, ту, аё, мақсуди дастнорас» (2006), «Последний снег» (2006, нашри дуввум, 2012), якҷилдаи «Лаҳзаҳо» (2007), «Дарсҳои Вафо Назаров» (2013), «Аспи озурда» («Адиб», 2013) мебошад.

Дар тарҷумаи беҳтарин бозёфтҳои бадеии адабиёти ҷаҳон ба забони тоҷикӣ хидмати назаррасро анҷом додааст. Таи бист соли охир як силсила тарҷумаҳояш: ҳикояҳои адибони кишварҳои Россия, Колумбия, Канада, Франсия, Австралия, Перу, Америка, Ҳиндустон, Хитой, Германия, Чехия, Гурҷистон, Туркманистон.

Дар ҷодаи драматургия пйесаҳои «Сӯҳони қазо» (1994), «Шарофат» (1996), «Масал бигӯ, Эзоп» (2006), «Аспи захмхӯрда» (2009), «Зодрӯзи рӯбоҳаки соддаяк» (2010) ва «Тулӯъ. Муколамаҳои Академик» (2010)-ро офаридааст, ки бархе аз онҳоро дар саҳнаҳои театрҳои Конибодом, Қӯрғонтеппа, Данғара, Душанбе, Чкалов, Кӯлоб таҳия кардаанд.

Бештар аз сад лавҳа ва мақола, мусоҳибаву очеркҳо ва ҳикояву тарҷумаҳояш дар рӯзномаву маҷаллаҳои гуногуни ҷумҳуриявию вилоятӣ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ, инчунин дар маҷмӯаву китобҳои «Последняя весна Отахона Латифи» (2006), «Нафис сӯз шайдолари» (2006), «Насими Хазар» (2008), «Се номбардор» (2009), «Шукуфаҳои насри муосири Русия» (2010) интишор ёфтаанд. Баъзе асарҳояш дар маҷаллаи «Меценат и мир», рӯзномаи «Литературная газета» (Москва, Россия), «Адабиёти бачагона»-и (Алмати, Қазоқистон) чоп кардаанд.

Оид ба паҳлӯҳои мухталифи эҷодиёташ рӯзноманигорон, адибон ва мунаққидон Нурулло Абдулло, Муҳиддин Хоҷазод, Меҳмон Бахтӣ, Маҷид Салим, Додоҷон Ализода, Ҳамроҳи Авлиёпур, Муҳаббат Ҳалимова, Назира Самадова, Абдурауф Муродӣ, Татяна Исобоева, Равшани Махсумзод, Ҷӯрахон Бақозода зиёда аз 25 мақолаву пешгуфтор, мусоҳибаву тақриз навишта, таҳлил кардаанд.

Мураттиби маҷмӯаи «Роҳи пуршарафи эҷодӣ» (1997, Муҳаммадҷон Қосимов), «70 лет… это много или мало?..» (2007, Театри давлатии драмаи русии ба номи Вл. Маяковский) ва муҳаррири китоби «Пандномаи Абай» (2010) аст.

  • Дорандаи ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (1998) ва Ассотсиатсияи публитсистони Тоҷикистон (2008).
  • Ордени «Шараф» дараҷаи II (2005),
  • Ордени «Дили Данко» (Русия)
  • медали ҷашнӣ ба ифтихори 20-солагии истиқлоли давлатии Қазоқистон (2011).
  • Энсиклопедияи Конибодом. — Конибодом, 2006,
  • Донишномаи радио ва телевизиони Тоҷикистон — Душанбе, 2009,
  • Феҳристи нависандагон ва тарҷумонҳои ИДМ ва Балтия. — Ереван, 2009,