Алифбои тоҷикӣ

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Алифбои тоҷикӣ (الفبای تاجیکی, alifboi toçikī) дар забони тоҷикӣ.

Basomadi vohurii harfhoi tojiki.jpg

Алифбоҳо[вироиш]

Алифбо чист? – ҳарфҳо ва тартиби муайяни онҳоро алифбо меноманд.

Ҳарф[вироиш]

Ҳарф – хурдтарин воҳиди забон мебошад. Мисол: а, б, г, д, ж, й, қ, л, м, н, о, р, с, ч, ҷ, ӯ.

Алифбои тоҷикӣ[вироиш]

Алифбои тоҷикӣ бори охирин 3-юми сентябри соли 1998 тасдиқ гардидааст.
Тартиби алифбои тоҷикӣ чунин аст:

А а Б б В в Г г Ғ ғ
Д д Е е Ё ё Ж ж З з
И и Ӣ ӣ Й й К к Қ қ
Л л М м Н н О о П п
Р р С с Т т У у Ӯ ӯ
Ф ф Х х Ҳ ҳ Ч ч Ҷ ҷ
Ш ш Ъ ъ Э э Ю ю Я я

Дар алифбои тоҷикӣ 35 ҳарф ва 30 овоз мавҷуд аст. Аз сабаби ду шакли навишт доштани баъзе ҳарфҳо миқдори онҳо аз овозҳо бештар аст. Фарқи овоз аз ҳарф дар он аст, ки овозҳоро талаффуз мекунем ва мешунавем, ҳарфҳоро бошад мебинем ва менависем. Овозҳоро дарозу кӯтоҳ, пасту баланд ва нарму бошиддат талаффуз мекунем. Ҳарфҳо бошад хурду калон ва дастию чопӣ мешаванд.
Йотбарсарҳо инҳоанд – Е е (й + э), Ё ё (й + о), Ю ю (й + у), Я я (й + а).
Овозҳои нутқро мо метавонем ба чунин гурӯҳҳо тақсим намуд: садонок ва ҳамсадо.
Садонок гуфта овозеро, ки ҳангоми талаффузи он ҳавои аз шуш бароянда бе монеа (яъне дар ягон ҷо дакка нахӯрда) ба берун мебарояд, садонок меноманд. Садонокҳо 6 – тоянд: а, и, у (садоноки устувор), о, э, ӯ (садоноки ноустувор).
Ҳамсадо гуфта овозеро, ки ҳангоми талаффузи он ҳавои аз шуш бароянда ба монеаҳо дучор шуда ба берун мебарояд, ҳамсадо меноманд. Ҳамсадоҳо 24 – тоянд: б, в, г, ғ, д, ж, з, й, к, қ, л, м, н, п, р, с, т, ф, х, ҳ, ч, ҷ, ш, ъ. Ҳамсадоҳо аз рӯйи талаффуз ба чунин хел ё ин ки гурӯҳ тақсим мешаванд:

  • ҳамсадоҳои ҷарангдор 13 - то: б, в, д, з, ж, ҷ, г, ғ, м, н, л, р, й;
  • ҳамсадоҳои беҷаранг 11 - то: п, ф, т, с, ш, ч, к, х, қ, ъ, ҳ.

Шадда (ташдид) – ин бошиддат ва ду бор талаффуз шудани ҳамсадоро шадда мегӯянд. Мисол: барра, қувва, пашша, модда, арра, аммо. Шадда дар охири калима ояд, бо як ҳарф навишта мешавад, вале пеш аз бандаки изофӣ бо ду ҳарф: Аз ин фан баҳо дорам. Аз фанни забон не [1].

Таърих[вироиш]

Таъсири дини ислом ба забони тоҷикӣ то соли 1920 алифбои тоҷикӣ ба форсӣ дар асоси алифбои арабӣ аст. То ин дам забони тоҷикӣ алоҳида ҳисоб намешуд, мепиндоштанд, ки шеваи форсӣ аст.
Раванди ба истиқлолу соҳибихтиёрӣ расидани ҷумҳурии тоҷикистон як марҳилаи мушкили давраи навини таърихи Тоҷикистон аст. Мардуми Тоҷикистон дар давраи муҳокима ва қабули қонуни забон ба таври возеҳу равшан рӯҳияи истиқлолхоҳӣ ва озодихоҳии худро нишон доданд. Метавон гуфт, ки муҳокима ва қабули қонуни забон давраи аввали ба истиқлол расидани Тоҷикистон аст. Дар ин ҷараён ҳам мардуми зиёии тоҷик ва ҳам вакилони халқ ва ҳам ҳукумати он вақтаи Тоҷикистон якпорчагиву якмаромии хешро баръало маълум намуданд ва дар атрофи манфиатҳои волои миллии хеш ҳамфикру муттаҳид гардиданд. Ҳол он ки давраҳои баъдинаи паёми сиёсиву иҷтимоии тоҷикистон ин хусусиятро доро набуд ва ҳамин ҳамдигарнофаҳмиву мансабталошӣ тоҷикистонро ба ҷанги бародаркушӣ тела дод. Дар партави қабули қонуни забон моҳи сентябри соли 1990 дар назди академияи илмҳо бо қарори шӯрои вазирони тоҷикистон кумитаи истилоҳот таъсис ёфт. Яъне кумитаи истилоҳот низ як сол қабл дар моҳи эълон гардидани истиқлоли Тоҷикистон ташкил шудааст. Яке аз ҳадафҳои асосии таъсисёбии кумитаи ислоҳот ба тартиб овардани истилоҳоти забони тоҷикӣ ва татбиқи қонуни забон мебошад. Дар муддати се соли мавҷудияти кумитаи истилоҳот кормандони он дар тамоми чорабиниҳо ва тадбирҳое, ки аз тарафи шӯрои вазирон амалӣ мегардид, фаъолона ширкат варзиданд. Махсусан назорати татбиқи қонуни забон ва таҳияи фарҳангу луғатҳои истилоҳӣ мақсади асосии фаъолияти кумитаи истилоҳот гардид. Аслан истилоҳот ва истилоҳсозӣ дар забони тоҷикӣ таърихи қадима дошта, яке аз унсурҳои асосии пешрафти забон ҳамчун забони давлатӣ ва расмиву коргузорӣ мебошад. Тавре ки маълум аст, забони форсии тоҷикӣ ҳазор сол аст, ки дорои як системаи муназзами истилоҳот буд ва коргузорӣ дар девондории аксари салотину подшоҳон аз давраи тоҳириёну сафавиён сар карда ба забони форсӣ сурат мегирифт. Дар замони ҳукмронии сулолаи манғитиён дар аморати Бухоро низ забони тоҷикӣ дар баробари туркии чағатоӣ, забони расмии давлат буд. Баъд аз инқилоби Бухоро ва барқарор шудани сохти шӯравӣ дар қаламрави он ва таъсис ёфтани ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистон забони тоҷикӣ дар ин ҷумҳурӣ дар баробари забони ӯзбекӣ забони расмии давлатӣ эълон гардид. Ва ҳамин давра марҳилаи нави истифодаи забони тоҷикӣ (форсӣ) дар идораҳои давлатӣ шурӯъ гардид, ки то ба имрӯз идома дорад. Ин давра дорои хусусиятҳои хоси худ аст. Дар солҳои бист то соли 1929, яъне то иваз шудани алифбои арабӣ бо алифбои лотинӣ забони форсии тоҷикӣ пайванди мустаҳками худро бо давраи пеш аз инқилоб рушди забон нигоҳ дошта, инкишофи он хусусияти табиӣ дошт ...

Басомади вохӯрии ҳарфҳои адабиёти тоҷик[вироиш]

Дар рафти тадқиқотҳо дар достонҳои назмию насрии шоиру нависандагони тоҷику форс басомади такроршавии ҳарфҳо ҳисоб карда шуд, ки бояд дар байни асарҳои муаллифон фарқият ёфта шавад, аммо натиҷаи дигар ба даст омад. Яъне дар назар дошта шуда буд, ки агар такроршавии ҳарфҳо дар матнҳои гуногуни адибон ҳисоб карда шавад, қиматҳои гуногун мебароянд, вале дар натиҷа қиматҳои баровардашуда, бо ҳам хеле наздик ва монанд буданд. Баъди чунин натиҷа барорӣ, барои муайян кардани ҳаққонияти ин нишондиҳандаҳои басомади такроршавӣ ҳам асарҳои насрӣ ва ҳам асарҳои назмӣ дида шуд. На танҳо асарҳои адибони классик, балки асарҳои шоирону нависандагони муосир низ ҳисоб карда шуд, ки боз монандии наздик ва вобастагии зич байни коэффитсиентҳо маълум гардид.
Барои тадқиқот, чунин асарҳои шоирону нависандагон гирифта шуд, ки бо воҳиди ченакашон дар кило байтҳо (Кб) ва дар шеърҳо бошад бо миқдори байтҳо (2 – мисраъҳо) оварда шудааст:
– достонҳои Абулқосим Фирдавсӣ: “Таҳмурас” (5.58 Кб, 50 байт), “Ҷамшед” (24.1 Кб, 216 байт), “Заҳҳок” (60.3 Кб, 541 байт), “Фаридун” (127 Кб, 1151 байт), “Манучеҳр” (226 Кб, 2028 байт), “Нӯзар” (68.2Кб, 611 байт), “Кайковус” (110 Кб, 992 байт), “Сӯҳроб” (164 Кб, 1459 байт), “Сиёвуш” (313 Кб, 2764 байт), “Достони ҷанги Рустам бо Аквондев” (26.1 Кб, 232 байт), “Достони Бежан бо Манижа” (149 Кб, 1335 байт);
– асарҳои Носири Хисрав: “Саодатнома” (33.4 Кб, 300 байт), “Маснавиҳо” (17.1 Кб, 151 байт);
– Мирзо Турсунзода: “Садои Осиё” (9.89 Кб, 67 байт);
– Мӯъмин Қаноат: “Масъуднома” (11.3 Кб, 89 байт), “Сурӯши якум” (36 Кб, 323 байт);
– Лоиқ Шералӣ: “Куллиёт” (129.8 Кб, 1131 байт);
– асарҳои мансури Садриддин Айнӣ: “Аҳмади Девбанд” (86.2 Кб), “Ғуломон” (383 Кб);
– асарҳои мансури Ҷалол Икромӣ: “Ман гунаҳкорам” (666 Кб).
Коркарди омории маълумотҳо аз се марҳала иборат аст, ки якум ҳисобкунии басомади вохӯрии ҳарфҳо (бо ва бе ҳисобгирии фосила), ки дар алоҳидагӣ ин маълумотҳо дар боло оварда шудааст. Дуюм ҳисоб кардани коэффитсиенти муносибати басомади ҳарфҳои ҳамаи мувофиқатии ҷуфтии асарҳо ва сеюм тафтиши фарзияҳо оиди коэффитсиентҳои муносибати ба даст омада. Ҳамчунин басомади такроршавии ҳарфҳо ҳам аз рӯи садонокҳо ва ҳам аз рӯи ҳамсадоҳо дар алоҳидагӣ, ҳамчунин дар якҷоягӣ ҳисоб карда шудаанд.
Натиҷаҳои коркардҳои омории маълумотҳо дараҷаи баланди муносибати басомади ҳарфҳои ҳамаи мувофиқатии ҷуфтии асарҳоро нишон доданд. Дар байни онҳо қимати минималии коэффитсиенти муносибат, баробари 0,900 ва 0,967, дар байни “Маснавиҳо” - и Носири Хисрав ва “Масъуднома” - и Мӯъмин Қаноат (бо фосила) ва байни “Масъуднома” – и Мӯъмин Қаноат ва “Манучеҳр” - и Абулқосим Фирдавсӣ (бе ҳисобгирии фосила) аст. Ҳамчунин ҷоизи қайд аст, ки тафтиши фарзияҳо оиди коэффитсиентҳои муносибати низ муҳимиятеро нишон доданд.
Исбот: Басомади аломатҳои алифбои тоҷикӣ (ҳарфҳо бо фосила ва бе фосила) дар асарҳои шоирони классикии адабиёти тоҷику форс, инчунин адибони гуногуни назму насри тоҷик аз мушоҳидаи оморӣ фарқ накунандааст. Аз ҳамин ҷо дарк кардан мумкин аст, ки шоиру нависандагон дар асарҳои худ, аз замони пеш то ҳозир хеле кам калимаҳои навро дохил кардаанд, яъне калимаҳои куҳна бисёртар истифода шудаанд.
Басомади такроршавии ҳарф дар матн намуди калимаҳоро муайян кард, ки калимаҳо дар ҳама давраҳо якхелаанд. Яъне аз рӯи садонок ва ҳамсадоҳое, ки дар калимаҳо меоянд, калимаҳоро аз ҷиҳати оморӣ - математикӣ муайян мекунад, ки дар ҳама давраҳо муносибати зич доранд. Дар рафти тадқиқотҳо маълумотҳои ҳаҷмашон хурд низ ҳисоб карда шуд, ки аз ҳама маълумоти камтар низ ҳамин хел натиҷаро нишон медиҳад. Басомади ҳарфҳо байни худ мувофиқ меоянд, инчунин коэффитсиенти муносибати зич аст ва фарзияҳо оиди натиҷаҳои оморӣ муҳимиятеро нишон доданд, ки ин асарҳои: Абулқосим Фирдавсӣ “Озармдухт” (1.13 Кб, 10 байт), Умар Хайём “Рубоиҳо” (26 Кб, 202 байт) ва Садриддин Айнӣ: Шеърҳо (11.5 Кб, 102 байт) мебошанд. Дар ҳамин ҷо маълум аст, ки барои мо асари зиёдро коркард кардан лозим нест, 10 байт кифоя аст, барои басомади вохӯрии ҳарфҳои забони тоҷикиро ба даст орем. Яъне мо метавонем аз рӯи ҳаҷми хурди маълумот басомади такроршавии ҳарфҳоро ҳисоб карда, хоси калимаҳои наву куҳнаашро муайян кунем.
Тадқиқотҳо оиди басомади вохӯрии ҳарфҳо дар газетаҳо ва маҷаллаҳои тоҷикӣ гузаронида шуд, ки натиҷаҳои дигар ба даст омаданд. Дар матнҳои маҷаллаву рӯзномаҳо миқдори такрорёбии ҳарфҳо дигар натиҷаро нишон доданд. Фоизнокии нишондиҳандаҳои маҷаллаву рӯзномаҳо, аз асарҳои адибони классику муосир фарқкунанда баромад.

Ин натиҷаҳо онро мефаҳмонад, ки калимаҳои нави бегона, калимаҳо тарҷумашудаи хоси забони тоҷикӣ набуда, калимаҳои нави пайдо шуда  ва  ё ин ки  калимаҳои замонавӣ бисёртар ба газетаҳо ва маҷаллаҳо дохил шудаанд, онҳо калимаҳои хоси забони тоҷикиро ба як миқдори муайян аз даст додаанд, зеро истифодаи дигар калимаҳо миқдори муайяни фоизнокии фарқкунандаро дар калимаҳо каме бисёртар нишон дод.

Хулоса: Тадқиқотҳои аввалин оиди ҳисоби басомади вохӯрии ҳарфҳои забони тоҷикӣ дар кори зерин [1] оварда шудааст, лекин боз дар тадқиқоти дигар муқаррар карда шуд, ки басомади вохӯрии ҳарфҳои забони тоҷикӣ дар асарҳои классикон ва асарҳои адибони муосир аз мушоҳидаи оморӣ фарқ накунандааст [2], [3]. Ҳисоби миёнаи маълумот ба як ҳарфи алифбои тоҷикӣ ҳисоб карда шуд. Аз рӯи ин ҳисобҳо дар оянда тағйирёбии зуҳуроти калимаҳои навро забони тоҷикӣ муайян кардан осон хоҳад гашт.

Ин комёбӣ ва дастовардҳо бо роҳбарии Зафар Усмонов, академики Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ва Хуршед Худойбердиев, номзади илмҳои физика ва математика ба даст омадааст.

Басомади вохӯрии ҳарфҳои забони тоҷикӣ[вироиш]

Омории басомади вохӯрии ҳарфҳои забони тоҷикӣ бе ҳисобгирии фосила (пробел):

Ранг Буква Употреблений Частотность Информативность
1 А 195836 0,165 0,429
2 О 100038 0,084 0,301
3 Р 87084 0,074 0,277
4 И 86991 0,073 0,277
5 Н 81061 0,068 0,265
6 Д 80182 0,068 0,263
7 У 55282 0,047 0,206
8 Б 52717 0,045 0,200
9 М 49675 0,042 0,192
10 Т 42325 0,036 0,172
11 С 32392 0,027 0,142
12 К 32105 0,027 0,141
13 Ш 30861 0,026 0,137
14 Ҳ 30175 0,025 0,135
15 З 28835 0,024 0,131
16 Е 25284 0,021 0,118
17 Г 22190 0,019 0,108
18 В 18755 0,016 0,095
19 Х 18248 0,015 0,093
20 Л 14694 0,012 0,079
21 Ӯ 13967 0,012 0,076
22 Ф 12976 0,011 0,071
23 П 12425 0,010 0,069
24 Ч 10000 0,008 0,058
25 Ҷ 8748 0,007 0,052
26 Й 8447 0,007 0,051
27 Ӣ 7874 0,007 0,048
28 Я 6870 0,006 0,043
29 Ё 6454 0,005 0,041
30 Қ 4650 0,004 0,031
31 Ғ 2734 0,002 0,020
32 Э 1503 0,001 0,012
33 Ъ 1488 0,001 0,012
34 Ж 867 0,001 0,008
35 Ю 574 0,000 0,005
Сумма 1184307 1 4,36

Омории басомади вохӯрии ҳарфҳои забони тоҷикӣ бо ҳисобгирии фосила (пробел):

Ранг Буква Употреблений Частотность Информативность
1 Пробел 265983 0,183 0,449
2 А 195836 0,135 0,390
3 О 100038 0,069 0,266
4 Р 87084 0,060 0,244
5 И 86991 0,060 0,243
6 Н 81061 0,056 0,233
7 Д 80182 0,055 0,231
8 У 55282 0,038 0,180
9 Б 52717 0,036 0,174
10 М 49675 0,034 0,167
11 Т 42325 0,029 0,149
12 С 32392 0,022 0,122
13 К 32105 0,022 0,122
14 Ш 30861 0,021 0,118
15 Ҳ 30175 0,021 0,116
16 З 28835 0,020 0,112
17 Е 25284 0,017 0,102
18 Г 22190 0,015 0,092
19 В 18755 0,013 0,081
20 Х 18248 0,013 0,079
21 Л 14694 0,010 0,067
22 Ӯ 13967 0,010 0,065
23 Ф 12976 0,009 0,061
24 П 12425 0,009 0,059
25 Ч 10000 0,007 0,050
26 Ҷ 8748 0,006 0,044
27 Й 8447 0,006 0,043
28 Ӣ 7874 0,005 0,041
29 Я 6870 0,005 0,037
30 Ё 6454 0,004 0,035
31 Қ 4650 0,003 0,027
32 Ғ 2734 0,002 0,017
33 Э 1503 0,001 0,010
34 Ъ 1488 0,001 0,010
35 Ж 867 0,001 0,006
36 Ю 574 0,000 0,004
Сумма 1450290 1 4,25

Адабиёт[вироиш]

1. Алишери Муҳаммадӣ. Ёднома – Душанбе: Шарқи озод, 2008, 40 саҳ.

Пайнавиштҳои беруна[вироиш]

1. (Тоҷикӣ / Toçikī / تاجيكي) (бо забони англисӣ)
2. Забони тоҷикӣ
3. Системаи навиштан
4. Таджикская письменность

Пайнавиштҳо[вироиш]

  1. Усманов З.Д., Солиев О.М. Проблема раскладки символов на компьютерной клавиатуре – Душанбе: Ирфон, 2010, 104 с.
  2. Усманов З.Д., Косимов А.А. Частотность букв таджикской литературы – Доклады Академии наук Республики Таджикистан, 2015, т.58, № 2, с. 112-115
  3. Косимов А.А. Басомади такроршавии ҳарфҳои адабиёти тоҷик – Маҷаллаи “Шафақ”, Нашрияи Кумиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, 24.11.2015, №21, с. 2.