Jump to content

Амирулмуъминин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Амиралмуъминин)

Амирулмуъминин (ар. أمير المؤمنين‎ — ҳукмрони муъминон) — унвони қадимии пешвоёни мусулмонон – халифаҳо дар ислом.

Аз рӯи таълимоти ислом Муҳаммад (с) пайғамбари охирзамон буда, халифаҳо ҷойнишинони ӯ маҳсуб мешаванд. Ҳокимияти динӣ, дунявӣ ва ҳарбии мамолики исломӣ дар дасти халифаҳо буд. Иҷрокунандаи ин вазифаҳоро «халифа», «имом», «амир» ё якҷоя амиралмуъминин меномиданд. Ин унвонро пас аз вафоти Муҳаммад (с) халифаҳо Абубакр, Умар, Усмон ва Алӣ соҳиб шуданд. Дертар ба сарвазири хилофат унвони «амирулумаро» (ҳукмрони ҳокимон) дода мешуд. Ғайри сулолаи Умавиҳо ва Аббосиҳо унвони амиралмуъминин дар давраи Фотимиҳо, Умавиҳои Испания ва Алмоҳадиҳо низ мавҷуд буд. Дар асрҳои миёна давлатҳои исломии ҳудуди Европа (Испания, Португалия) ва Африқои Шимолӣ ва Ғарбӣ (Алҷазоир, Марокаш, Сенегал, Сахара) ҳокимияти амиралмуъмининро қабул накарда, Аббосиёнро дастгирӣ мекарданд. 23 окт. 1086 сардори Алмуробитҳо Юсуф ибни Тошфин (ҷияни Абубакр ибни Умар) қӯшунҳои шоҳи Леон ва Кастилия (Испания) – Алфонси VI-ро шикаст дода, унвони «амирулмуслимин» (ҳукмрони мусулмонон)-ро гирифт.