Баҳористон (собиқ Олимтой)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Баҳористон
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Восеъ
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 966 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3311
Нишонаи почта 735140

Баҳористон (собиқ Олимтой) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ. Аз Баҳористон то маркази ҷамоат 25 км, то маркази ноҳия 35 км; роҳ асфатлпӯш. Аҳолиаш 966 нафар (2017)[1], тоҷикон.

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, 3 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: ғаллакорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо лалмӣ мебошанд[2].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
  2. Баҳористон // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.