Болшевик (деҳа, н. Кӯшониён)
Деҳа | |
---|---|
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Кӯшониён |
Ҷамоат | Деҳоти Заргар |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Аҳолӣ | 411 нафар (2017) |
Ҳайати миллӣ | тоҷикон |
Ҳайати динӣ | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Коди телефон | +992 3245 |
Нишонаи почта | 735140 |
Коди мошин | TJ03 |
Болшевик — деҳа дар ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён. Аз Болшевик то маркази ҷамоат 4 км, то маркази ноҳия 30 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 411 нафар (2017), тоҷикон.
Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]
Мувофиқи шаҳодати Фаттоев Ҳоҷӣ Додиллои 78-сола деҳа соли 1930 таъсис ёфтааст. Соли 1948 дар деҳа 17 хоҷагӣ мавҷуд буда, дар ҳайати колхози ба номи Максим Горкий бо номи участкаи Крупская (аз соли 1987 ба номи Д. Нуриддинов) вуҷуд дошт. Соли 1970 номи Болшевикро гирифт.
Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]
Бунгоҳи тиббӣ, нуқтаи савдои хусусӣ, масҷиди панҷвақта ва 4 хоҷагии деҳқонӣ дорад. Деҳа мактаб надорад. Талабагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Бирлик таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, чорводорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз рӯди Вахш обёрӣ мешаванд. Айни замон дар Болшевик 15 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд аст.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]
- Болшевик // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2