Гулбаҳор Мирзоева

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Гулбаҳор Мирзоева
Таърихи таваллуд: 12 март 1959(1959-03-12)[1] (62 сол)
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ:
Касб: коргардони филм
IMDb: ID 2479548

Гулбаҳор Мирзоева (12 марти соли 1959) — нависанда ва коргардони синамо. Узви гилдияи режиссёрҳо ва муаллифони синамои Фаронса. Фарзанди шоир Ғаффор Мирзо.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Донишкадаи адабии ба номи М. Горкий (ш. Москва, 1981) ва Донишгоҳи Сорбонаи Фаронсаро (Порис, 1995) хатм кардааст.

  • 1981—1989 — мудири шӯъба дар маҷаллаи «Помир», рӯзноманигор ва тарҷумон аз забони русӣ.
  • 1989—1992 — коргардони телевизиони «Останкино» (ш. Москва).
  • 1996—1998 — муаллимаи забони русӣ ва лексияхони таърихи синамои шӯравӣ дар Донишгоҳи Страсбург (Фаронса).

Аз соли 1997 муаллиф ва коргардони филмҳои ҳуҷҷатӣ барои шабакаҳои телевизионии Аврупо. Филмҳои ӯ соҳиби ҷоизаҳои якчанд фестивалҳои байналмилалӣ ва Фаронса гардидаанд.[2]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]