Гултеппа (деҳа, н. Восеъ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Гултеппа
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Восеъ
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 1156 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3311
Нишонаи почта 735140
Нишон додан/Пинҳон кардани харита

Гултеппадеҳа дар ҷамоати деҳоти Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ. Аз Гултеппа то маркази ҷамоат 3 км, то маркази ноҳия 42 км; роҳ мошингард. Аҳолиаш 1156 нафар (2017), тоҷикон.

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Гултеппа нуқтаи савдои хусусӣ ва масҷиди панҷвақта дорад. Деҳа мактаб надорад. Талабагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Пахтакор таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, чорводорӣ, сабзавоткорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо аз дарёи Ёхсу обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гултеппа 13 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.

Мардум[вироиш | вироиши манбаъ]

Деҳа соли 1929 ташкил шуда, аксарияти мардумаш аз минтақаи Шугнови ноҳияи Ховалинг ба ин ҷо кӯчидаанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]