Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Заркӯҳ (деҳа, н. Исфара)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Заркӯҳ
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Суғд
Ноҳия Исфара
Ҷамоат Деҳоти Хонобод
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 2055 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3462
Нишонаи почта 735920
Нишон додан/Пинҳон кардани харита

Заркӯҳ (то 14.12.2012 Қизилпилол) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Хонободи ноҳияи Исфара. Аз Заркӯҳ то маркази ҷамоат 1 км, то маркази ноҳия 5 км. Аҳолиаш 2055 нафар (2017).

Деҳа муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, дорухона, бунгоҳи тиббӣ, нуқтаи савдои хусусӣ, китобхона, чойхона ва сартарошхона дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: ғаллакорӣ, боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз рӯди Исфара обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа хоҷагиҳои деҳқонии «Чаман», «Мирзоқул Бозоров» ва 34 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд. Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Мирзоқул Бозоров дар ҳамин деҳа таваллуд шудааст.