Jump to content

Зиракӣ (деҳа, н. Кӯлоб)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Зиракӣ)
Деҳа
Зиракӣ
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Кӯлоб
Ҷамоат Деҳоти Зиракӣ
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 3098 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3322
Нишонаи почта 735140
Нишон додан/Пинҳон кардани харита

Зиракӣдеҳа дар деҳоти Зиракӣ, ноҳияи Кӯлоб. Аз Зиракӣ то маркази ноҳия 8 км. Аҳолиаш 3098 нафар (2017), тоҷикон.

Деҳаи Зиракӣ, маркази маъмурии деҳоти Зиракӣ буда, масҷид, мактаб ва мағозаҳо дорад. Шуғли асосии сокинони ин деҳа кишоварзию чорводорӣ ба шумор меравад. Зиракӣ вожаи (форс.: جماعت) ва тоҷикӣ буда, маънояш ҳушёрӣ мебошад. Аҳолиаш аз 3059 нафар дар соли 2010 ва 1674 нафар дар соли 1978 иборат буд. Мувофиқи барӯйхатгирии аҳолӣ, соли 1978 ин ҷо асосан тоҷикон ва ӯзбекҳо зиндагонӣ мекунанд. Аз байни ин деҳа роҳи Р-24 Кӯлоб-Муъминобод мегузарад. Мувофиқи Қарор аз 28.07.1954 протоколи №44, §45 дар ноҳияи Кӯлоб, Совети қишлоқи Зиракӣ барҳам додашуда, территорияи он ба Совети қишлоқи Даҳана дохил карда шуд. Аз деҳаи Зиракӣ ҷанговарони зерини интернатсионалистӣ дар ҷанги Афғонистон иштирок карда буданд: Тоҳир Ҳасанов (1960—1983); Ғаюрбек Холов (1962—1981); Олим Шарифов (1962—1981).