Институти забон ва адабиёти Рӯдакӣ
| |
Соли таъсис | 1932[1] |
Президент | Фарангис Шарифзода (аз 2022) |
Аъзои вобаста | 153 |
Нишонии ҳуқуқӣ | ш. Душанбе, 734025, хиёбони Рӯдакӣ, 21 |
Сайт | izar.tj |
Институти забон ва адабиёти А.Рӯдакӣ (форсӣ: انستیتوت زبان و ادبیات رودکی) — аз муҳимтарин ва қадимитарин маркази тадқиқу таҳқиқи забону адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик мебошад, ки дар маҷмӯъ муассисаи умдаи омӯзиши фарҳанги миллати тоҷик ба шумор меравад.[2][3][1]
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Таъсиси он бо ташкили Пойгоҳи тоҷикистонии АИ ИҶШС марбут аст. Бо Қарори Раёсати АИ ИҶШС аз 17 марти соли 1932 дар ҳайати Пойгоҳи тоҷикистонӣ бахши таъриху забошиносӣ ба фаъолият шурӯъ кард. Ба иҷрои тадқиқоти филологӣ дар Тоҷикистон вуруди як гурӯҳ олимони маъруфи шарқшиноси рус ва ширкати фаъоли онҳо дар кори бахш мусоидат намуд: Е. Э. Бертелс, И. С. Брагинский, А. А. Семенов, М. С. Андреев, В. С. Расторгуева, А. З. Розенфелд, И. М. Оранский, В. А. Лившитс, А. П. Смирнова, И. Эделман, Р. Л. Неменова, Л. В. Успенская, Н. Н. Ершов ва дигарон.
Соли 1940 дар заминаи бахши таъриху забоншиносӣ Институти таърих, забон ва адабиёт таъсис дода шуд, ки ҳамчун муассисаи мустақили илмӣ ба таркиби Шӯъбаи тоҷикистонии АИ ИҶШС дохил гардид.
Пас аз таъсиси АИ ҶШС Тоҷикистон дар соли 1951 бо қарори Шӯрои Вазирони ҷумҳурӣ Институти забон ва адабиёти мустақил бо чор бахши илмиву тадқиқотӣ ташкил карда шуд: забон, адабиёти классикӣ, адабиёти шӯравӣ ва луғатҳо. Аз с. 1955 дар назди институт қисмати нав — осорхонаи Садриддин Айнӣ ба фаъолият шурӯъ намуд.
Соли 1958 ба муносибати 1100-солагии таваллуди бунёдгузори адабиё-ти форсу тоҷик Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ба институт номи ӯ гузошта шуд[4].
Институт дорои фондҳои ғанӣ мебошад, ки дар онҳо маводи нодир оид ба шеваҳои забони тоҷикӣ, забони ҳозираи тоҷик, эҷодиёти даҳонии халқи тоҷик ва мероси бойгонии адибони асри XX тоҷик ҷамъоварӣ шудааст. Масалан, фонди фолклори институт аз феҳристе иборат аст, ки як миллион баргаро дар бар мегирад ва сарчашмаи таҳқиқоти илмӣ мебошад. Дар институт ҳамчунин фонди устодони барҷастаи сухан, амсоли А.Лоҳутӣ, М.Раҳимӣ, М.Аминзода, А. Деҳотӣ, П.Толис, Ҳ.Юсуфӣ, Ҷ.Икромӣ, Ф.Ниёзӣ, С.Улуғзода таъсис ёфтааст, ки дар асоси онҳо осори адибони мазкур ба нашр омода карда шудаанд.
Дар назди институт Иттиҳодияи осорхонаҳои адабӣ амал менамояд, ки Осорхонаи Айнӣ, Осорхонаи адабии Лоҳутӣ, Осорхонаи адабии Турсунзода, Хона - музейи Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Хона - музейи Муҳиддин Аминзода дар шаҳри Хуҷанд, осорхонаи Лутфулло Бузургзода — Навгилем, Исфараро дар бар мегирад.
Сарварони пажӯҳишгоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Олимони маъруфи ҷумҳурӣ Муллоҷон Фозилов (1952—1958), Холиқ Мирзозода (1958—1959), Носирҷон Маъсумӣ (1959—1972), Абдулқодир Маниёзов (1972—2000), Додихудо Саймуддинов (2000—2005), Сайфиддин Назарзода (2005—2011), Акбар Турсун (2011—2015), Сахидод Раҳматуллозода (2015—2019), Носирҷон Салимӣ (2019—2022), Боймурод Шарифзода (2022) сарвари институт буданд[5]. Аз соли 2022 сарварии муассисаро Фарангис Шарифзода бар уҳда дорад.
Муттаҳид гардидани институтҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 4 феврали соли 2011, №36 Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ бо Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ муттаҳид гардида, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хатии ба номи А. Рӯдакӣ номгузорӣ шуд. Узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илми фалсафа Акбар Турсун директори институт таъйин гардид.[6].
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 RUDAKI INSTITUTE OF LANGUAGE, LITERATURE, ORIENTAL AND WRITTEN HERITAGE. Tajik Academy of Sciences. 7 марти 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 феврали 2021.
- ↑ TAJIKISTAN ACADEMY OF SCIENCES. Encyclopædia Iranica. 7 марти 2021 санҷида шуд.
- ↑ Дар бораи Институт. Rudaki Institute of Language and Literature. 7 марти 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 28 феврали 2021.
- ↑ Институти забон ва адабиёти А.Рӯдакӣ(тоҷ.). anrt.tj (2022). 9 май 2024 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 май 2024.
- ↑ Директорони Иститути забон ва адабиёт. www.iza.tj. ИЗА. 2 феврали 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 30 май 2023.
- ↑ Институти забон ва адабиёти А.Рӯдакӣ(тоҷ.). anrt.tj (2022). 9 май 2024 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 май 2024.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- iza.tj — вебгоҳи расмии Институти забон ва адабиёти Рӯдакӣ