Jump to content

Каҷровут

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Каҷровут
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Суғд
Ноҳия Деваштич
Ҷамоат Деҳоти Исмоили Сомонӣ
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 1303 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3464

Каҷровутдеҳа дар ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонии ноҳияи Деваштич. Аз Каҷровут то маркази ҷамоат 8 км, то маркази ноҳия 37 км. Аҳолиаш 1303 нафар (2017), тоҷикон.

Каҷровут калимаи яғноби буда, маънояш (каҷ-каҷ,ровут-дара) “Каҷдара” мебошад.

Тавре пиронсолони нақл мекунанд, то замони ташкил шудани деҳа аз ин ҷо роҳе мегузашт. Косибону ҳунармандон аз Мастчоҳи кӯҳӣ ба воситаи ҳамин роҳ ба Истаравшан мол мебурданду аз онҷо боз ба тариқи ҳамин роҳ бармегаштанд. Азбаски роҳ бисёр дур буду косибон то ба манзили худ расидан бисёр азоб мекашиданд, онҳо барои истироҳати худ дар мавзеи “Хирмани Халил” кулбае месозанд. Бо мурури замон миқдори хонаҳо дар сари роҳ рӯз то рӯз меафзояду дар натиҷа деҳае бо номи “Каҷровут” бунёд мегардад.

Аксари мардуми деҳа аз Яғнобу Мастчоҳи кӯҳӣ омада муқимӣ шудаанд. Лаҳҷаи гуфтугӯи мардуми рустои кӯчак бо шевои Мастчоҳиён монандӣ дорад. Деҳа бисёр манзараҳои зебову тамошобоб дорад. Аз он ҷумла Сойи Мазор. Ин мавзеъ макони муқаддасе ба ҳисоб меравад. Ин ҷойро оромгоҳи Эшони Суфӣ низ меноманд.

Деҳа мактаби миёнаи умумӣ, 2 мағоза, бунгоҳи тиббӣ ва масҷиди панҷвақта дорад. Аксарияти бошандагони деҳа ба кишти ғалладонаву картошка машғуланд.

Шахсиятҳои маъруф

[вироиш | вироиши манбаъ]