Jump to content

Мирзоумари Мирзоаҳмад

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мирзоумари Мирзоаҳмад
Ном ба ҳангоми таваллуд: Мирзоумар Мирзоахмедов
Таърихи таваллуд: 24 сентябр 1961(1961-09-24) (63 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Хуҷанд, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Касб: ҳунарпешаи театр, ҳунарпешаи синамо
Ҷоизаҳо: Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2023)

Мирзоумари Мирзоаҳмад (Мирзоумар Мирзоахмедов; зод. 24 сентябри 1961, ноҳияи Хуҷанд, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон) — ҳунарпешаи театри тоҷик, ҳаҷвнигор, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2023)[1].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мирзоумари Мирзоаҳмад 24 сентябри соли 1961 дар ноҳияи Хуҷанди вилояти Ленинобод ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби №15-и ноҳия дар соли 1978 ба шуъбаи актёрии Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон то соли 1982 таҳсил карда, аз устодони бузурги ҳунар Аскар Абдураҳмонов, Фаррух Қосимов, Шамсӣ Қиёмов, Хушназар Майбалиев, Назар Назаров, Азиза Азимова ва дигарон нозукиҳои ҳунари актёриро омӯхтаст.

Дар соли 1982 баъди хатми донишкада дар Театри давлатии мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ба фаъолият оғоз кард ва то имрӯз дар ин макон кору фаъолият дорад.

Мирзоумари Мирзоаҳмад тайи солҳои фаъолият дар саҳнаи Театри Хоҷа Камол беш аз 50 нақшҳои хурду бузург офарид, ки Журден аз «Ашрофпарат»-и Ж. Б. Молйер, Домоди пир аз «Табиби паррон»-и ҳамин драматург, «Қорӣ почо» аз «Абдуи Хуҷандӣ» (варианти тоҷикишудаи «Найрангҳои Скопен»-и Ж. Молйер аз ҷониби режиссёр Барзу Абдураззоқов), Профессор Шодизода аз «Шаҳраки мо»-и Т. Уайлдер, Афандӣ аз «Панҷ зани Афандӣ»-и Иброҳимбеков ва ғайра аз ҷумлаи нақшҳои барҷастаи офаридаи ӯ дар саҳнаи театранд[2].

Як бахши муҳими фаъолияти эҷодии Мирзоумари Мирзоаҳмад ба Театр-студияи «Хандинкамон» алоқманд аст. Маҳз тавассути иҷрои нақшҳо дар саҳнаҳои ин гуруҳи ҳаҷвӣ ҳунарманд дар саросари кишвар машҳур шудааст.

Дар филми «Падари моҳтобӣ»-и Бахтиёр Худоназаров, «Дов»-и Муҳиддини Музаффар, филмҳои ҳаҷвии «Таксӣ» ва «Наврӯз дар Наврӯз»-и «Хандинкамон» нақшҳои лаҳзаӣ офаридааст[2].

Мирзоумари Мирзоаҳмад ба унвони «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон», медали «Хидмати Шоиста» (2009) ва унвони «Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон» (2023) қадр шудааст.

  1. Аз Абдуғаффору Моҳрухсор то Моҳпайкару Нигина. Киҳо унвони “халқӣ” ва “шоиста” гирифтанд?. www.asiaplustj.info. ASIA-Plus (31 августи 2023). 5 сентябри 2023 санҷида шуд.
  2. 2.0 2.1 Одили Нозир. Мирзоумари Мирзоаҳмад: Дар умрам нақши бад наофаридаам!(тоҷ.). oila.tj. ОИЛА (1 сентябри 2023). 19 сентябри 2023 санҷида шуд.