Jump to content

Муҳаммадраҳими Карим

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муҳаммадраҳими Карим
Муҳаммадраҳими Карим
Ном ба ҳангоми таваллуд: Муҳаммадраҳим
Таърихи таваллуд: 10 феврал 1953(1953-02-10) (71 сол)
Зодгоҳ: деҳаи Мундоқи ноҳияи Данғара ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият: нависанда
Солҳои эҷод: 1975 — то ҳол
Самт: реализм
Жанр: роман, публитсистика
Забони осор: забони тоҷикӣ
Ҷоизаҳо: Ордени Шараф, Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ (2012) ва Мукофотҳои гуногуни мамолики узви ИДМ.

Муҳаммадраҳими Каримнависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2010), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ (2012)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муҳаммадраҳими Карим 10 феврали соли 1953 дар деҳаи Мундоқи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба ҷаҳон омадааст. Соли 1959 ба синфи якуми мактаби миёнаи №11 рафта, соли 1969 хатмаш кардааст. Солҳои 1969-1970 дар мактаби номбурда сарпешоҳанг будааст. Соли 1970 вориди факултаи сохтмони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ шуда, соли 1975 бо ихтисоси муҳандиси бинокор ба итмом расондааст. Соли 2004 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро бо ихтисоси режиссёри театру кино хатм кардааст. Соли 1975 дар Колоннаи механиконидаи сайёри №38 ноҳияи Данғара ба кор оғозидааст. Солҳои 1980-1981 устои қитъаи сохтмонии КМС–13, аз соли 1981 муовини сардори КМС–11, аз соли 1983 сардори идораи таъмиру сохтмони ноҳия, аз соли 1994 муовини аввали раиси ҳукумати ноҳияи Данғара будааст. Солҳои 1999-2001 сарпарасти Ансамбли «Ганҷина»-и буда, моҳи декабри соли 1998 ҷонишини аввали раиси Ширкати «Маводи сохтмон» таъйин шудааст. Аз феврали соли 2001 то имрӯз директори генералии КВД «Тоҷиксемент» мебошад. Соли 2002 Ансамбли халқии тарона ва рақси «Рухшона»-ро дар назди КВД «Тоҷиксемент» таъсис додааст, ки ҳадафи он тарғиби санъати асили мардумист. Аз солҳои ҷавонӣ ба адабиёту санъат шавқу ҳаваси гарме дошта, солҳои мактабхонӣ ва донишҷӯӣ дар хусуси проблемаҳои соҳаи фарҳанг ва иқтисоду иҷтимоиёт мақолаҳо навишта, пайваста дар рӯзномаҳои ноҳиявию ҷумҳурӣ ба нашр расондааст. Соли 2005 депутати Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, 25 марти соли 2005 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати сеюм) интихоб шудааст. Аз соли 2010 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дар таҳияи як силсила барномаҳои адабию мусиқии телевизионӣ ҳамчун таҳиягар саҳмгузорӣ кардааст. Илова бар ин, қиссаи «Ширин»-ро таълиф намуда, аз рӯи он филми бадеӣ таҳия намудааст. Муаллифи қиссаи таърихии «Чилдухтарон (кӯҳ)|Чилдухтарон» ва силсилаи романҳои таърихии «Ориёно», «Ҳасрати Зардушт» ва «Биҳишти гумшуда» (дар ҳамқаламии Ҷумъа Қуддус) мебошад, ки соли 2007, дар Фестивали IV байналмиллалии китоб (Маскав), сазовори дипломи дараҷаи дувум гардидаанд. Ғайр аз ин, муаллифи китобҳои илмӣ ва илмӣ-оммавии «Фарҳанги бинокории Мовароуннаҳр дар қарнҳои IX-XII» (ба забони русӣ) ва «Луғати истилоҳоти сохтмон», киноповести «Ширин» (2005), романи таърихии «Ориёно-1. Ҳасрати Зардушт» (2006), «Ориёно-2. Биҳишти гумшуда» (2007), қиссаи «Шифо» (2008), сенарияи филми ҳунарии «Наврӯзи Аҷам (2005), филм-спектакли мусиқии «Соли нав», филмҳои ҳуҷҷатии «Бӯйи баҳор», «Базми хиромон», «Об агар садпора гардад…», «Саҳна ба худ мехонад», «Ҳамовоз», «Душанбе – саҳнаи дунё» ва ғ., беш аз 500 деворнигора, драмаи «Рӯдакӣ», рисолаҳои илмии «Фарҳанги меъмории Мовароуннаҳр дар асри IX ва аввалҳои асри XII» («Строительная культура Мавераннахра IX – начала XII вв.») «Қасрҳо ва иншооти ёдгории Осиёи Марказӣ» «Храмы и мемориальные сооружения Центральной Азии» (2007), Маводи сохтмони Осиёи Марказӣ: анъана ва навоварӣ», «Луғати русӣ-тоҷикии тафсирии мухтасари меъморию бинокорӣ» ва ғ. мебошад.

  • Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ (2012);
  • Ордени «Шараф»;
  • Мукофотҳои гуногуни мамолики узви ИДМ.[1]
  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с.99-100 ISBN 978-99947-2-379-9