Низом Қосим
Зоҳир
(Тағйири масир аз Низом Қосим пури Ҷаҳонгир)
Низом Қосим пури Ҷаҳонгир | |
Таърихи таваллуд: | 16 сентябр 1958 (66 сол) |
Зодгоҳ: | шаҳри Қурғонтеппа |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | раиси иттифоқи нависандагони тоҷикистон,адиб |
Жанр: | шеър[d], шеър ва рӯзноманигории эътиқодӣ[d] |
Забони осор: | тоҷикӣ |
Ҷоизаҳо: |
Низом Қосим пури Ҷаҳонгир - адиб, Шоири халқии Тоҷикистон, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, собиқ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати IV, Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Низом Қосим пури Ҷаҳонгир 16 сентябри соли 1958 дар шаҳри Қурғонтеппа таваллуд шудааст.
- Cоли 1979 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро бо ихтисоси филолог - журналист хатм кардааст.
- ба ҳайси мухбири рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон», корманди идораи тарғиботии Иттифоқи нависандагон, муҳаррири нашриёти «Адиб» ва сармуҳаррири Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
- Солҳои 2006-2010 дар мансаби Директори муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон - Баҳористон» кор кардааст.
- Аз марти соли 2010 то ба имрӯз вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
- 1 марти соли 2015 ҳамчун вакил ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб шудааст.
- июни соли 2015 дар анҷумани Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо аксарияти овозҳо Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шудааст. (бинобар ин, ӯ ваколати вакили МО ҶТ ба дигар нафар аз аъзои ҲХДТ — Саидқул Билолов супоридааст).[1]
- Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бо медали «Хидмати шоиста»,
- унвони Шоири халқии Тоҷикистон,
- медали ҷашнии «20 - солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон»
- Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сарфароз гардидааст.[2]
Интихоботи парлумон
[вироиш | вироиши манбаъ]Низом Қосим пури Ҷаҳонгир аз аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ (Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон) - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V интихоб шудааст.[3]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ . http://www.tojnews.org/tj/news/nizom-kosim-8-umin-raisi-ittifoki-navisandagoni-tochikiston Бойгонӣ шудааст 3 июли 2015 сол.
- ↑ Номзадҳо ба вакилӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон. 8 марти 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 13 апрели 2015.
- ↑ КМИР рӯйхати вакилони тозаинтихоби Маҷлиси намояндагонро чоп кард. 9 марти 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 июли 2015.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]МАЪЛУМОТНОМА ДАР БОРАИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН
Гурӯҳҳо:
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 16 сентябр
- Зодагони соли 1958
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Адибон аз рӯи алифбо
- Шоирон аз рӯи алифбо
- Шоирони тоҷик
- Шоирони асри XX
- Шоирони асри XXI
- Адибони Тоҷикистон
- Рӯзноманигорони Тоҷикистон
- Аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
- Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
- Барандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ
- Маҷлиси Намояндагони МО Тоҷикистон даъвати IV
- Вакилони Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V
- Шоирони халқии Тоҷикистон