Jump to content

Порис

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳалли аҳолинишин
Порис
фр. Paris[1]
Парчам Нишон[d]
Парчам Нишон[d]
Кишвар  [[|]]
Роҳбар Anne Hidalgo[d]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис асри III то м.[2]
Масоҳат
  • 105,4 км²[3]
Баландии марказ 48 м[4]
Минтақаи замонӣ UTC+1[d] ва UTC+02:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Забони расмӣ фаронсавӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон 1
Нишонаи почта 75116, 75001, 75002, 75003, 75004, 75005, 75006, 75007, 75008, 75009, 75010, 75011, 75012, 75013, 75014, 75015, 75016, 75017, 75018, 75019, 75020 ва 75000
Коди мошин 75
paris.fr(фр.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Порис (фр. Paris, русӣ: Париж) — шаҳр ва пойтахти Фаронса. Маркази маъмурии ноҳияи Ил-де-Франс аст. Коммуна ва департаментро ташкил мекунад, ки аз 20 ҳавза иборат аст.

Аҳолӣ — 2,274 млн одам (2014 год), панҷум шаҳри Иттиҳоди Аврупо аз ҷиҳати ҳаҷм[6]. Ба ҳисоби умумии аҳолии дохили Порис ва маҳаллаҳои атрофи он («Пориси Калон») 10,6 млн нафар одам сукунат мекунад (2011). Дар қисми шимолии Фаронса, ва ҳамвории ҳавзаи Порис дар соҳили дарёи Сена чой гирифтааст.

Маркази муҳимтарини сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Фаронса аст. Ҳамчун яке аз марказҳои молияи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Инҷо қароргоҳи ЮНЕСКО (UNESCO — The United Nations Educational, Scientific and Cultural Organization) ва дигар муассисаҳои байналмилалӣ ҷойгир шудаанд.

Маркази таърихӣ, ки аз ҷазираи Сите ва ҳарду соҳилҳои дарёи Сена дар тулли як чанд аср ташаккул мекард. Дар нимаи асри XIX дар Порис таъмири ҷиддӣ шуда гузашт. Дар назди шаҳр қаср ва боғи таърихӣ Версал қарор дорад, ки манзараи мутаносибро ташкил мекунад.

Замони таъсиси Порис аз асри III п. м. бо қабилаи келтҳо (паризиён) равнақ гирифт. Аз асри III—IV ҳамчун шаҳри галӣ-румӣ Паризиён маълум аст. Аз охири асри X бо қатъшавии муваққатан — пойтахти Фаронса.

Таърихи пеш аз милод

[вироиш | вироиши манбаъ]

Париж дар ҷои маҳаллаи аҳолинишини Лютесия (лот. Lutetia — хонавода дар байни об), ки қабилаи келтҳо (паризиён) дар асри III п.м. бунёд карданд. Маҳалла дар ҷазираи бехатари Сите, ки бо оби дарёи Сена иҳота шудааст, қарор дорад. Дар асри II п.м. дар Лютесия девори қалъагӣ сохта шуд. Асли иқтисоди маҳаллаи келтиро тиҷорат ташкил мекард: Сена баҳри Миёназаминро бо ҷазираҳои Британия пайваст мекард. Соли 52 паризиён ба шуриши галҳо ба муқобили ҳукмронии Рум дар зери сарварии Версингеториг, ки аз қабилаи авернҳо буд, ҳамроҳ шуданд.

Харобаи ҳамоҳои румӣ

Дар ҳудуди ҳамин сол мӯҳориба дар назди Лютесия воқеъ гашт, ки дар он римиён ғолиб баромаданд. Таълифи Юлий Сезар «Навиштаҷот дар боби ҷанги Галл» ба ҳамин вақт рост меояд, ки дар он Лютесия ҳамчун — «шаҳри паризиён ва мавқеъи он дар яке аз ҷазираҳои дарёи Сена» сабт шудааст. Баъди вай сарлашкари румӣ Тит Лабиен Лютесияро мӯҳосира кард, паризиён бар замми ин пулҳоро хароб карда шаҳрро ба оташ гирифтор мекунанд.

Римиён шаҳрро аз нав бунёд карданд ва аз санг роҳҳои румӣ, хонаҳои бо ҳашамат, қубури об, ки дарозиаш 16 километрро ташкил мекард, се чашмаи гарм, амфитеатр (дар Юнон ва Руми Бостон — тамошогоҳи болокушодаи нишастгоҳаш гирда ё нимдоираи зина-зина) ва форуми Рим бо базилика (иморати асрҳои миёна ва антиқӣ). Маъмурияти Рум дар ҷазираи Сите ҷой гирифт ва бандаргоҳ амали худро давом дод. Дар асри III шаҳр ба тохтутози яке аз қабилаҳои олмонӣ алеманҳо дучор гашт, ки ин воқеъ ба мигратсияи аҳоли аз соҳили чапи дарёи Сена ба ҷазираи Сите ки бехатар буд таъсир расонд. Ҳамон вақт Лютесия ҳамчун «шаҳри паризиён» (лот. Civitas Parisiorum) ном гирифт ва дертар, Порис (фр. Paris). Дар асри IV дар шаҳр якум калисои насронӣ сохта шуд. V аср бо амали азизи Женевеваи Порисӣ маъруф гашт, ки аз рӯи дини насронӣ, нигаҳбони Порис ба ҳисоб меравад. Соли 470 франҳои салӣ бо сарварии Ҳилдерик I зиёда аз 10 сол шаҳрро зери мӯҳосира гирифтанд. Дар охири асри панҷ V Хлодвиг I муваққатан Порисро ба пойтахти давлати франкҳо табдил дод.

Асрҳои миёна

[вироиш | вироиши манбаъ]
Мӯҳосираи Порис аз ҷониби викингҳо соли 845

Соли 508 Порис пойтахти подшоҳии Меровингҳо гашт. Дар асри VI дар қаламрави тамоми шаҳр калисоҳо бунёд мегаштанд. Дар ин маврид аҳоли 15-20 ҳазор нафарро ташкил мекард. Дар ҷазираи Сите қалъае намоён буд, ки дар он қароргоҳҳои подшоҳ ва давлатдорони дини насронӣ вуҷуд дошт. Тиҷорат дар ҳудуди дарёи Сена қисми аслии вуҷудиёти зиндагии мардумро ташкил мекард ва ин чунин сабабгори пайдоиши тоҷирони суриёӣ ва яҳудӣ аз ҷониби Шарқ шуд.

Асри VII Порис ҳамчун пойтахт барҳам хӯрд пас аз кучидани подшоҳи франкҳо Хлотар II ба Клиши-ла-Гаренн, ва дертар ба Карли Бузург — ба Ахен. Пас аз подшоҳи якуми Фаронса шудани Гуго Капет дар асри X Порис боз пойтахти давлат мешавад.

Дар охири асри IX шаҳр ба тохтутози қабилаи норманҳо дучор шуд. Солҳои 856—857 онҳо соҳили чапи Порисро хароб ва ғорат карданд. Аз соли 885 то 887 шаҳрро на кам аз 40 ҳазор норманҳо бо 700 киштӣ мӯҳосир мекарданд. Дар аввали асри XII аҳолии Порис асосан дар ҷазираи қалъагии Сите мавқеъ гирифтанд, ки то нимаи асри XV қароргоҳи подшоҳӣ буд. Дар ҳамин ҷо қасри усқуф (мансаби олии рӯхониёни насронӣ) ва калисои Марями Порисӣ. Дар дохили калисоҳо ва дайрҳо бемористон барои мардуми камбизоат амал мекарданд. Асрҳои XII—XIII соҳилҳои рости дарёи Сенаро дар назди бандаргоҳ мардум фаъолона ҷои маскун карданд. Дар вақти ҳукмронии Филипп II Август девори нави қалъагӣ дар ҳарду соҳилҳои дарёи Сена сохта шуд ва дар кучаҳо роҳҳоро аз нав бо санги чортарош обод карданд. Дар асри XIII донишкадаи Порисӣ амал мекард, ки чор факулта дошт: ҳуқуқи қонунӣ ва фиқҳ, тиб, санъат ва филология. Дар замони ҷанги садсола аз декабр соли 1420 дар давоми 16 сол Порис забт гашт аз ҷониби аскарони подшоҳи инглис Генрих V, ва пас герсог (унвони дворянҳои олимартаба ё князьҳои мулкдори европаи Ғарби) Бедфорд (ноибуссултони Фаронса аз соли 1422). Аз байни асри XV то байни асри XVI пойтахти Фаронса дар шаҳри Тур воқеъ буд.

Соҳилҳои Сена дар соли 1991[7] ба руйхати мероси фарҳанги умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гашт. Қасри наздишаҳрӣ Фонтенбло[8] ва қасри Версал[9] ҳам соли 1979 ва 1981 ин чунин.

Париж аз ҷиҳати мероси адабӣ, ки шоёни диққат аст сарватманд мебошад ва на фақат бо санъти меъморӣ, балки бо кучаҳо, пулҳо, осорхонаҳо ва майдонҳо. Дар Порис 1800 ҷойи таърихӣ ва 130 осорхона, — 14-тои он ба шаҳр итоат мекунад ва даромад ба онҳо бе пул аст. Яке аз онҳо бурҷи оҳании Эйфел мебошад, ки аз рӯи лоиҳаи мӯҳандис Эйфел Гюстав сохта шудааст. Аз рӯи фикри аввал ин иншоот ҳамчун иншооти муваққатӣ барои гузаронидани намоиши умумиҷаҳонии 1889 сохтанд, сипас бурҷ ҳамчун рамзи Париж гашт. Дар шимоли бурҷи Эйфел дар доираи уфуқ Сакре-Кёр сарбаланд аст, ки дар пуштаи Монмартр қарор дорад, ва дар ҷануб — бурҷи тоқ Тур Монпарнас, ки дар ноҳияи ҳамвор ҷой гирифтааст.

Меҳвари таърихии мероси санъати бинокорӣ хати шаҳрро аз марказ то ғарб бурида меравад ва аз осорхонаи шинохтаи умумиҷаҳонӣ Лувр сар карда ба воситаи боғи Тюилри, хиёбони Саҳрои Елисей то Тоқи нусрат, ки дар асри XIX дар маркази Майдони Ситора сохта шуда буд, давом дорад. Дар даҳаи солҳои 1960-ум дар давоми сатҳи хат гузари Дефанс, ки марказаш Тоқи калони Дефанс шуд, обод гашт.

Дар маркази қисми таърихӣ Хонаи маҷрӯҳон, ки дар он осорхонаи артиш ҷой гирифтааст ва дар он ҷасади Наполеон Бонапарт ҳифз шудааст. Дар ҳамин ҷо калисои пешина Пантеон воқеъ аст, ки ҳамчун оромгоҳи ашхосони шинохтаи фаронсавӣ ҳизф шудааст.

Маркази таърихии шаҳр — ҷазираи Сите аст ва дар он ду калисои аз ҳама маъруфтарини Фаронса калисои Марями Порисӣ ва Сент-Шапел қарор доранд. Назди ҷазираи Сите боз як ҷазира воқеъ аст — Сен-Луи, ки бо яхмосҳои худ маъруф аст ва дарҷаҳон аз ҳама беҳтарин ба шумор меравнд[10].

Бурҷи Эйфел Тоқи нусрат Калисои Марями Парижӣ Қасри Версал
  • Париж // Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона: В 86 томах (82 т. и 4 доп.). — СПб., 1890—1907.(рус.)
  • Париж — статья из Большой советской энциклопедии(рус.)
  • Париж — мақола аз донишномаи «Британника»(англ.)
  • Комбо, Иван. История Парижа. — М.: Весь мир, 2002. — 176 с.(рус.)
  • Ayers, Andrew. The Architecture of Paris: An Architectural Guide. — Stuttgart/London: Edition Axel Menges, 2004. — 415 p.(англ.)
  • Пилявский В. И. и др. Париж / Союз архитекторов СССР, Ленингр. отд. — Л.: Стройиздат, Ленингр. отд., 1968. — 112 с. — (Архитектура и строительство городов мира). — 25 000 экз. (обл., суперобл.)(рус.)
  • Лакост, Елена. Шпаргалка по Парижу: путеводитель. — М.: Гелеос, 2007. — 368 с.(рус.)
  • Маджи, Джованна. Париж. — Флоренция: Casa Editrice Bonechi.(ит.)