Jump to content

Портал:Таърих

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
вироиш  

Портали Таърих

Таърих
Таърих

Таърих - илм дар бараи сабти фаъолияти инсон, ҷамъият ва сивилизатсия мебошад. Таърих (вожаи арабӣ) - илмест, ки маҷмӯи воқеа ва ҳодисаҳои дар ҳаёти инсоният рӯйдодаро меомӯзад. Таърих пажӯҳиш дар рухдодҳо ва корҳои инсон дар гузашта аст. Ҳарчанд ғолибан ин риштаи мутолиотеро дар зергурӯҳҳи аз улуми инсонӣ ё улуми иҷтимоӣ қарор додаанд, бо инҳол метавон онро ба унвони пуле байни ин ду шохаи таллақӣ кард; зеро равишҳои мутолиоти мухталифи он аз ҳар ду шоха вом гирифта шудаанд. Таърих ба унвони як риштаи мутолиотӣ дорои шохаҳо ва гироишҳои ҷанбӣ зиёде аст, ки аз он миён метавон ба таърихшуморӣ, таърихнигорӣ, таърихшиносӣ, хатнигорӣ таърихӣ (китобшиносӣ) ва cliometrics ишора кард. бештар...

вироиш  

Мақолаи барҷаста

Исёни Муқаннаъ - (776-780/783) - Ҳошим ибни Ҳаким - Муқаннаъ дар деҳаи Козаи наздикии ш. Марв зиндагӣ мекард. Номи аслии ӯ Ҳошим ибни Ҳаким ва Муқаннаъ бошад, лақаби ўст. Худи калимаи "Муқаннаъ" арабӣ буда, маъниаш "чодарпўш" ва ё "ниқобдор" аст. Ин лақаб ба иллати он, ки Муқаннаъ ҳама вақт ба рӯяш чодари сабз пӯшида мегашт, ба ӯ дода шудааст. Исёни Муқаннаъро таърихнависон бештар "шӯриши сафедҷомагон" мегӯянд. Ӯ дар лашкари Абумуслим мансаби сарҳангро, иҷро мекард. (бештар...)

вироиш  

Акси барҷаста

Девори Бузурги Чин
Девори Бузурги Чин

Девори Бузурги Чин

вироиш  

Зиндагиномаи барҷаста

Бобоҷон Ғафуров (ба форсӣ: باباجان غفورف‎, ба русӣ: Бободжан Гафуров, ба англ.  Bobojon Ghafurov) Қаҳрамони Тоҷикистон, арбоби сиёсию давлатӣ, муаррихи барҷаста, шарқшиноси машҳури тоҷик, доктори илми таърих, профессор, узви пайвастаи АИ Тоҷикистон (1951), узви пайвастаи АИ Иттиҳоди Шӯравӣ (1968), Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1967). Бобоҷон Ғафуров 31 декабри соли 1908 дар рустои Исфисор, ҳоло ш. Ғафурови вилояти Суғд ба дунё омад. Дар ташаккули ӯ, чун инсони комилу хоксор, ватандӯст, олими нуктасанҷ оилаи меҳнатдӱст, падараш Сангинов Ғафур деҳқон ва коргари роҳи оҳан (соли вафот 1935) ва хусусан модари маърифатпарвари ӯ шоира Розия Озод (Розия Бойматовна Ғафурова) таъсири мусбӣ расонидаанд. Давраи ҷавонии ӯ дар вазъияте мегузашт, ки ҷараёни сиёсӣ-иртиҷоии туркпарастон (пантуркистҳо) вуҷуд доштани халқи тоҷикро инкор карда, Осиёи Миёнаро ба империяи «Туркияи бузург» пайваст карданӣ буданд. Бобоҷон Ғафуров cолҳои 1928-1930 шунавандаи курсҳои олии ҳуқуқшиносии ш. Самарқанд ва cолҳои 1931-1935 Институти умумииттифоқии рӯзноманигории ш. Москва буд. 1930-1931 дар Комисариати халқии адлияи ҷумҳурӣ, рӯзномаи «Қизил Тожикистон». Солҳои 1935-1938 ҷонишини муҳаррир, муҳаррири «Қизил Тожикистон» кор кардааст. Солҳои 1938-1941 аспиранти институти таърихи АИ Иттиҳоди Шӯравӣ таҳсил намуда соли 1941 рисолаи номзади илмро дифоъ намудааст. Аз соли 1941 то 1944 котиби КМ ҲК (б) Тоҷикистон оид ба пропаганда ва агитатcия (ташвиқ ва тарғиб), аз 1944 то 1946 вай дар вазифаи дабири дуввум ва аз соли 1946 то 24 майи соли 1956 дар вазифаи нахустин дабири Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон буд. Дар баробари кори ҳизбӣ Бобоҷон Ғафуров бо фаъолияти омӯзгорӣ ва илмӣ мағул шудааст. Аз соли 1936 то соли 1938 дар Мактаби олии хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон омӯзгори иқтисоди сиёсӣ буд. Аз соли 1939 то соли 1940 дар Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Сталинобод таърихи халқҳои ИҶШС таълим медод. Аз соли 1942 то соли 1948 мудири сектори таърихи Инстиути таърих, забон ва адабиёти шӯъбаи тоҷикистонии АИ СССР ва дар соли 1951 аъзои ҳақиқии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.[1] Аз соли 1956 то поёни зиндагиаш Б. Ғафуров вазифаи директори Пажуҳишҳои шарқшиносии (Фарҳангистони Улуми Иттиҳоди Шӯравӣ) ва сармуҳаррири маҷаллаи "Осиё ва Африка" - ро бар ӯҳда дошт. Бо сарварии Б. Ғафуров Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1948), Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951) ташкил дода шуд.бештар...

вироиш  

Оё шумо медонед...?

«НБО Сангтўда – 1»

16 феврали соли 2005 барои сохтани «НБО Сангтўда – 1» аз тарафи компанияи русиягии «Интер РАО ЕЭС» ва вазорати энергетикаи Тоҷикистон ҷамъияти саҳҳомии Русияю Тоҷикистон – «НБО Сангтўда – 1» бунёд шуд. Хароҷоти умумии сохтмон – $482 млн. муайян гардид. 75% саҳмияҳо аз Русия («Интер РАО ЕЭС»),25% аз Ҳукумати Тоҷикистон аст. Апрели соли 2005 сохтмони нерўгоҳ оғоз гардид. 15 декабри соли 2006 дар ҷои сарбанди ин нерўгоҳ маросими бастани дарёи Вахш, бо роҳи тарконидани соҳилҳо барпо гардид. 20 январи соли 2008 агрегати якўм ва июли соли 2009 агрегати охирин – чаҳоруми «НБО Сангтўда – 1» ба кор дароварда шуд. Иқтидори нерўгоҳ 670 меговатт, иқтидори солонааш 2,7 млрд кВт/ соат ва баландии сарбандаш – 75 метр мебошад.

вироиш  

Имрӯз дар Таърих

вироиш  

Порталҳои вобаста

вироиш  

Гурӯҳҳо

ТаърихДавраМинтақаМавзӯъГурӯҳи қавмӣТаърихшиносӣБостоншиносӣКитобҳоАснодХаритаҳоАксҳоМаҷаллаҳоСозмонҳоТахаюлӣОсорхонаҳоСаҳифаҳои нопурраХронологияОдамон

Таърихшиносони Википедиа

вироиш  

Мавзӯъҳои Таърих

АвестоОриёноОриёӣҲахоманишиёнКуруши КабирДавлати ҲахоманишиҳоШӯриши СпитаменДавлати КаёниёнДавлати МанаДавлати МитанДавлати МодДавлати ПешдодиёнДавлати СосониёнДавлати Суғди қадимДавлати Хоразми БузургДавлати ЭламДавлатҳои ниёгони халқи тоҷикДавлатҳои сулолаҳои форисзабон (тоҷикон)Исъёни МуқаннаъДавлати ТоҳириёнСаффориёнСомонхудотХонадони СомониёнДавлати СомониёнВазирони давлати Сомониён«Амирон ва вазирони Сомонӣ»«Осор ул-вузаро»Ёдгориҳои бостонӣ ва меъмории Ҷумҳурии ТоҷикистонЁдгориҳои фарҳангии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дар ТоҷикистонҒуриёнХалқи тоҷик дар ҳайати давлатҳои сулолаҳои турку муғулнажодАморати БухороШӯриши ВосеъМаорифпарвариБухорои Шариф (рӯзнома)Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии ТоҷикистонҶумҳурии Шӯравии Сотсиалистии ТоҷикистонҶанги шаҳрвандии ТоҷикистонОсорхонаи ба номи академик Бобоҷон ҒафуровОсорхонаҳои Ҷумҳурии ТоҷикистонФеҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО

вироиш  

Коре, ки Шумо метавонед кард

вироиш  

Викилоиҳаҳо

  1. Бобоҷон Ғафуров