Сорбон (нависанда)
Облоқул Пури Хамроҳқул | |
Таърихи таваллуд: | 27 январ 1946 (78 сол) |
Зодгоҳ: | ноҳияи Панҷакент, ҶШС Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | |
Жанр: | ҳикоя |
Забони осор: | забони тоҷикӣ |
Ҷоизаҳо: |
Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ. |
Сорбон — нависанда, Нависандаи Халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Рӯдакӣ
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Облоқул пури Ҳамроқул (Сорбон) 27 январи соли 1940 дар деҳаи Амондараи ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд (пешина Ленинобод)дар оилаи колхозчӣ ба дунё омадааст. Ӯ соли 1958 Омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент, соли 1963 факултаи филологии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В И Ленинро (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) хатм карда, дар кафедраи забони тоҷикӣ ба кор мондааст. Баъдан муҳаррири барномаҳои адабии радиои Тоҷикистон, муҳаррири калони нашриёти «Ирфон», мухбири калони рӯзномаи «Маданияти Тоҷикистон» будааст. Чанд сол дар нашриёти «Маориф» ва Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ фаъолият доштааст.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз соли 1965 ба навиштани ҳикоя шурӯъ намуда, нахустин гулчини ҳикоёташ «Гап дар дил» соли 1969 интишор ёфтааст. Муаллифи қиссаву романҳои маъруфи «Занги аввал», «Санги сипар», «Ҷӯгӣ», «Сабо», «Қумрӣ», «Пиндор», «Марди танҳо», «Чархи эҳтиётӣ», «Санам», «Спитамон», «Шинел», «Дашти Морон», «Кабӯтари сафед», «Буд, набуд», «Зарафшон», «Актёр», «Достони писари Худо», «Туғрал», «Росу», «Кадевар», «Барзгар» ва чандин маҷмӯаи гуногунмуҳтаво мебошад.
То имрӯз 12 ҷилди Куллиёти осораш ба дасти чоп расидааст.
Сорбон нависандаи нозукбаён буда, дар симои қаҳрамонони асарҳояш тавонистааст азамату ҳашамати мардум ва бурду бохти зиндагиро соддаю оммафаҳмона ба қалам оварад ва яке аз маҳбубтарин нависандагони кишварамон шинохта шавад. Дар тарҷумаи адабиёти русӣ саҳм гузоштааст.[1].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зодагони 27 январ
- Зодагони соли 1946
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Панҷакент
- Нависандагон аз рӯи алифбо
- Нависандагони Тоҷикистон
- Нависандагони асри XX
- Тарҷумонҳо аз рӯи алифбо
- Тарҷумонҳои Тоҷикистон
- Тарҷумонҳои асри XX
- Тарҷумонҳои наср ба забони тоҷикӣ
- Адибон аз рӯи алифбо
- Нависандагони тоҷик аз рӯи алифбо
- Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
- Барандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ
- Нависандагони халқии Тоҷикистон