Амондара

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Амондара
Кишвар Тоҷикистон
Вилоят Суғд
Ноҳия Панҷакент
Ҷамоат Деҳоти Амондара
Забони расмӣ тоҷикӣ
Аҳолӣ 3624 нафар (2017)
Ҳайати миллӣ тоҷикон
Ҳайати динӣ мусулмонон
Вақти минтақавӣ UTC+5
Коди телефон +992 3475
Коди мошин TJ02

Амондарадеҳа дар ҷамоати деҳоти Амондараи ноҳияи Панҷакент. Аз Амондара то маркази шаҳр 24 км; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 3624 нафар (2017), асосан тоҷикон, инчунин русҳо ва ӯзбекҳо зиндагонӣ мекунанд.

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, 3 сартарошхона, нуқтаҳои савдои хусусӣ ва истироҳатгоҳи «Санги Сипар» дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: ғаллакорӣ, боғдорӣ, чорводорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз сойи Амондара ва аз дарёи Зарафшон обёрӣ мешаванд. Нависанда Сорбон дар ҳамин деҳа таваллуд шудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2020.