Сурмапазӣ
Сурмаро аз замонҳои қадим занҳо истифода мебаранд. Он на танхо зебоии чашмро меафзоёнад, балки равшании онро низ беҳтар мекунад. Аз ин рӯ, сурма хусусияти шифоҳӣ ҳам дорад. Сурма 2 навъ мешавад: сурмаи говӣ ва сурмаи сангӣ.
Сурмаи говӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин намуди сурмаро аз равғани гов (на барзагов!) тайёр менамоянд. Асбоби махсуси пухтани сурма вуҷуд дорад. Чароғи дастие, ки дорои пилтаи махсус аст, барои сурмапазӣ истифода мешавад.
- Тарзи омода намудан
Дар чароғ равғани говро мерезанд. Он об мешавад. Он сӯхта истода, болояшро бо косаи аллюминӣ то пурра сӯхтани равған мепӯшонанд. Вақте ки равған сӯхта тамом шуд, коса аз болои чароғ гирифта мешавад. Даруни коса пури дуди аз равған хориҷшуда мегардад. Ин сиёҳиро дар зарфе ҷамъ карда мегиранд. Ин сиёҳӣ сурма мебошад. Барои сурма халтачаҳои махсус дӯхта мешавад. Салафан - клеёнкаи дохилаш матоъи суфӣ ширешшударо мебуранд ва онро аз ду тараф медӯзанд. Тарафи сеюмаш (як қисми бари он) қат карда шудааст, яъне ҷойи дӯхта шудан надорад. Тарафи чаҳорумро (болои он) кушода мемонад. Сурмаро ба халтачаҳои чаҳоргушаи тайёрнамуда пур карда, ба болояш каме пахта мегузоранд. Баъд онро бо сӯзану ришта (мисли ду тарафи он) медӯзанд. Нӯги донаи гӯгирдро сӯзонида, борик мекунанд, ё яке аз донаҳои дандонҳилолро гирифта, ба сурмаи дохили халтача тар намуда, ба чашм мемоланд.
- Фоиданокӣ
Нури чашмро зиёд мекунад ва газаки чашмро мегирад.
Сурмаи сангӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сурмаи сангӣ табиӣ мебошад. Онро аз кӯҳҳои Помир дастрас менамоянд. Он дар кӯҳҳои шаҳри Хоруғ, Поршнёв ва аз ҳама зиёдтар дар кӯҳҳои ноҳияи Ишкошим вомехӯрад.
- Тарзи омода намудани он
Санги сурмаро бо оби хунук тоза мешӯянд ва дар як истакон шир (то хушк шудани он) меҷӯшонанд. Ва ё дар зарфе як пораи равғанини гӯшти говро гирифта, санги сурмаро ба он ҳамроҳ намуда, дар оташи паст меҷӯшонанд. Дар ин ҳолат санг равғанро ба худ ҷаббида гирифта, фоиданок мегардад. Барои истифодабарӣ санги сурма тайёр мешавад. Аз ягон пораи он сангдастро низ тайёр мекунанд. Сангдаст борик буда, вазифаи чӯбчаи сурмакаширо адо мекунад. Нӯги сангдастро аз сангҳои Бадахшон дар дастгоҳи чархзанандаи махсус борик карда, барои молидани сурма омода менамоянд.
- Фоиданокӣ
Ин намуди сурма низ газаки чашмро гирифта, нури чашмро зиёд менамояд.
- Истифодабарӣ
Занон ва мардон барои муолиҷаи чашм, зиёд кардани нури чашм ва ороиш истифода мебаранд. Сурмаро ба чашмону абрӯвони кӯдакони навзод низ мемоланд.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |