Jump to content

Тоҷикистон дар соли 2015

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
  • 25 декабри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» ба имзо расонид. Қонун дар асоси пешниҳоди бархе аз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон 9 декабри соли 2015 аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» қабул ва 18 декабри соли 2015 аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон якдилона ҷонибдорӣ карда шуд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқлоли давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, пойдориву бардавомии давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон таҳия ва қабул карда шудааст. Қонуни мазкур аз муқаддима ва 16 модда иборат буда, вазъи сиёсиву ҳуқуқӣ, салоҳият, дахлнопазирӣ, бунёди осорхона, бойгонӣ, китобхона, амният ва кафолатҳои иҷтимоию иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатро муқаррар мекунад.[1]
  • 17 декабри соли 2015Википедиаи Тоҷикӣ https://tg.wikipedia.org/
  1. Шумораи мақолаҳо - зиёда аз 40 000
  2. Шумораи саҳифаҳо - 89 426

Аз рӯи шумораи мақолаҳо Википедиаи Тоҷикӣ дар ҷойи 83-ӯм қарор гирифтааст.

  • 18 октябр - дар ноҳияи Айнӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди Айнӣ - Панҷакентро ифтитоҳ намуд. Роҳи мошингарди Айнӣ - Панҷакент 112,6 километрро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ моҳи октябри соли 2012 оғоз гардида, моҳи октябри соли 2015 ба охир расид. Навсозии роҳ бо маблағи 115 миллион доллари амрикоӣ аз ҳисоби ҷалби сармояи хориҷию ватанӣ иҷро карда шудааст. Дар ин шоҳроҳ, 31 адад пулҳои хурду бузург ва иншооти зиёди ёрирасон сохта шудаанд. Корҳои асосии сохтмонӣ ва таъмиру навсозиро ширкати чинии Сансиян Бейсин бо ҷалби мутахассисону роҳсозони маҳаллӣ, ки беш аз 80% шумораи умумии коргаронро ташкил медиҳанд, иҷро кардааст.[2]
  • 18 октябр Дар Панҷакент Президенти мамлакат Фабрикаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Корхонаи муштараки заршӯии “Зарафшон”-ро ифтитоҳ намуд. Коргоҳи дуюми заршӯии корхонаи муштараки «Зарафшон» дар давоми як сол сохта, ба истифода супорида шуд. Арзиши лоиҳавии Фабрикаи заршӯӣ бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна маъдан дар як шабонарӯз бо инфрасохтори мавҷуда 1миллиард сомонӣ мебошад. Дар ин коргоҳ дар як сол то 2,2 тонна тилои холис истеҳсол карда шуда, қариб 11 ҳазор тонна маъданро дар як шабонарӯз коркард менамояд. Дар корхонаи муштараки "Зарафшон" то имрӯз танҳо ду коргоҳ фаъолият мекард, ки имкон дошт то 4 ҳазор тонна маъданро дар як шабонарӯз коркард намояд. Баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳи бузург иқтидори умумии корхона дар як шабонарӯз ба коркарди 17 ҳазор тонна маъдан баробар гардида, иқтидори истеҳсолии корхонаи муштараки «Зарафшон» то 5 тонна тило дар як сол расонида мешавад.[3]
  1. Шумораи мақолаҳо - зиёда аз 32 500
  2. Шумораи саҳифаҳо - зиёда аз 70 000

Аз рӯи шумораи мақолаҳо Википедиаи Тоҷикӣ дар ҷойи 85-ӯм қарор гирифтааст. [5]

Аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба ҷонибдории рӯйхати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) - 1,6% , Ҳизби коммунистии Тоҷикистон (ҲКТ) - 2,2%, Ҳизби демократии Тоҷикистон (ҲДТ) - 1,7% ва Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) - 0,5%-и интихобкунадагон овоз доданд. Ба иттилои манбаъ, дар интихобот 4 млн. 319 ҳазору 395 интихобкунандагон ба қайд гирифта шуда, аз ин шумор 3 млн. 791 ҳазору 827 нафар овоз доданд. Тибқи натиҷаҳои ниҳоии интихобот дар 41 ҳавзаи якмандатии интихоботӣ 35 нафар номзадҳои ҲХДТ, 2 номзади ҲАТ, 2 намояндаи ҲКТ ва 1 нафарӣ номзадҳои ҲДТ ва ҲИИТ пирӯзӣ ба даст оварда, ба парлумон роҳ ёфтанд.[6]