Арбоби ҳунари Тоҷикистон
«Арбоби ҳунари Тоҷикистон» (пешина «Ходими шоистаи санъати ҶШС Тоҷикистон») — унвони фахрӣ, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон январи соли 1997 таъсис ёфтааст.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1939—1990 Ходими хидматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон, 1991—1996 Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон ном дошт.
Унвони фахрии Арбоби ҳунари Тоҷикистон ба коргардонҳо, дирижёрон, оҳангсозон, рассомон, ҳайкалтарошон, дизайнерон, драманависон ва дигар ходимони ҳунар барои офариниши асарҳои баландмазмуни бадеӣ, спектаклҳо, барномаҳои консертӣ, барои хидматҳо дар тайёр ва тарбияи кадрҳои эҷодӣ, офаридани асарҳои илмӣ, дар соҳаи ҳунар15 сол ва бештар кор кардаанд ва чун қоида бо ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд, дода мешавад.[1]
Арбобони ҳунари Тоҷикистон
[вироиш | вироиши манбаъ]Шахсони зерин ба дарёфти ин унвон ноил гардидаанд:
- 1997: Арутюнян Норайр (ҳайкалтарош), Раҷабмад Амиров (арбоби фарҳангӣ), Муриват Бекназаров (рассом), Анушервон Бекасиён (рассом), Шамсӣ Низомов (коргардони театр), Валимад Одинаев (рассом), Шарифхон Орифов (мутриб, арбоби фарҳангӣ), Юсуфҷон Сангов (рассом),Рамазон Сафаров (рассом), Сербул Григорий (рассом)[2].
- 1998: Раҳматулло Абдураҳмонов (рассом), Раҳмат Ботуралиев (рассом), Иброҳимҷон Ғаниев (собиқадори матбаа), Наримон Каримов (арбоби фарҳангӣ), Акмал Миршакаров (рассом), Просмушкин Евгений (рассом), Қурбон Раҳимов (рассом), Юсуф Саодатов (устоди мусиқӣ), Султон Сафар (драматург), Фоменко Евгений (рассом), Қурчибек Юсуфов (меъмор).
- 1999: Гаврилова Римма (санъатшинос), Заболотников Виктор (рассом), Сафаралӣ Қурбонов (арбоби фарҳангӣ), Музаффар Мансурхоҷаев (реж. филмҳои тасвирӣ), Қодир Раҳимов (арбоби фарҳангӣ, ширинкор), Мизроб Холов (рассом), Муҳиддин Хоҷаев (нависанда), Чалкин Валерий (рассом), Чечетка Виктор (рассом).
- 2000: Заррина Миршакар (оҳангсоз), Зокир Нишонов (оҳангсоз), Саидалӣ Шералиев (арбоби фарҳангӣ).
- 2001: Ҷӯрабой Охунов (оҳангсоз), Юрий Пӯлодов (арбоби фарҳангӣ), Қудратулло Ҳикматов (оҳангсоз).
- 2002: Аллабергенев Ботир (рассом), Бек Наимов (рассом), Анваршо Сайфиддинов (рассом), Аҳмад Юсуфов (рассом).
- 2008: Ҷононбек Асоев (рассом), Амирбеки Мусо (оҳангсоз).
- 2011: Фароғат Азизӣ (ҳунаршинос).
- 2017: Ҳошим Гадо (актёр ва нависанда).
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Моддаи 27.
- ↑ Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷилди 3. — Душанбе,2004, с. 311.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арбоби ҳунари Тоҷикистон / Ё. Назармамадов // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.