Читгарӣ
1. Читгарӣ — ҳунари тайёр кардани газвори чит, ки аз нахи пахта бофта мешавад ва нақшу нигор андохтан ба он.
Читгар — бофанда, он ки ба чит нақшу нигор меандозад. Чит, матоъи сабуки бофтаест. Читбофӣ дар мамлакатҳои Шарқ аз қадим маъмул аст. Тору пуди чит пурра аз ресмони пахтагӣ иборат аст. Чит якранг ва гулдор мешавад. Суфи хомро махсус пардоз карда, чит тайёр мекунанд. Аз чит куртаҳои мардона, занона, бачагона, кӯрпа, кӯрпача, парда, чодар ва ғайра медӯзанд.
Читгарӣ ҳунарест, ки бо истифодаи қолабҳои махсус матоъҳои сафеди пахтагинро оро медоданд. Рангҳое, ки дар читгарӣ истифода мешаванд, аз рустанӣ, пӯсти меваву решаҳои дарахтон таҳия мешаванд. Ин гуна матоъҳо барои либос, ороиши хона, дастархон, барои кӯрпаву кӯрпача ва ҳар чизе ки ба инсон барои ҳавасаш лозим буд, истифода мешаванд. Ҳунари читгарӣ аз насл ба насл авлодан мегузарад. Дар баробари ҳунари читгарӣ ба ҳунарманди читгар қолаб мерос мемонад. Умри қолабҳо 300-400 - сола ҳам мешавад. Қолабҳо шакли гулҳои гуногунро дошта, тариқи онҳо матоъ ба як қолини хеле забои пурнақш табдил меёбад. Дар гузашта аз рангҳои сиёҳ, сафед, сурх ва зарду сабз истифода мекардаанд, аммо то имрӯз тарзи таҳияи ранги сабз аз байн рафтааст. То имрӯз омода кардани 4 ранг - сиёҳ, сафед, сурх, зард боқӣ мондааст. Аҷиб ин аст, ки ҳарчанд матоъ дар ҳар деги ранг алоҳида ҷӯшонида шавад ҳам, ҳар як гули он танҳо ранги пешбинӣ намудаи косибро ба худ мегираду халос ва сифати худро солҳои тӯлонӣ нигоҳ медорад.
Тарзи тайёркунӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Матои сафеди пахтагинро ба маҳлули махсус меандозанд. Матоъ маҳлулро ба худ мекашад. Баъд аз он ранги сиёҳро ба матоъ мегузаронанд. Танҳо ҳамон ҷойҳое, ки маҳлул молида шудааст, вақти ҷӯшонидан рангро ба худ мегирад. Дигар ҷои матоъ бетағйир боқӣ мемонад. Рангҳо ки табиӣ ҳастанд, дуру дароз сифаташонро гум намекунанд. Тамоми нақшу нигор ва ҳатто хатҳои хурдтарин дар матоъ бо даст кашида ва муҳр зада мешаванд. Матои дарозиаш се ва бараш як метр дар 17 рӯз омода шуда бо нархи барои мардуми маҳаллӣ гарон фурӯхта мешаванд. Барои мисол нархи як дастрӯймол аз 15 то 20 сомонӣ аст. Харидори маҳсули читгар касоне ҳастанд, ки санъати қадимаи мардуми худро дӯст медоранд. Намояндагони осорхонаҳои дунё низ харидорӣ мекунанд.Бо мурури замон косибони читгар кам шуда, аз байн рафтанд.
Имрӯз танҳо дар шаҳри Истаравшан ягона оилаи Усто Мирамин Саидови читгар боқӣ мондааст. Усто Мирамин мегӯяд, ҳарчанд читгарӣ пешаи душвор ва захматталаб аст, аммо ба хотири аз байн нарафтани ин ҳунари бадеӣ ба он машғул аст ва шогирдонро тарбия мекунад. Ӯ дар хонааш бо ташаббуси Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ мактаби омӯзиши читгариро таъсис додааст ва имрӯз дар баробари фарзандону наберагонаш ба тарбияи 5 шогирди дигар машғул аст. Ҳунарманди дигар Шарофи читгар (усто Шароф Саидов: таваллудаш соли 1919, шаҳри Ӯротеппа, наққош, ҳунарманди халқӣ) ҳунари қадимаи гулпартоии матоъро аз падараш усто Саид омӯхтааст. Матоъҳои гулкорикардаи Шарофи читгар бештар барои дӯхтани дастархон, абраю астари кӯрпаву кӯрпача, сӯзанӣ, астари ҷома ва ғайра ба кор мерафт. Намунаи офаридаи ӯ дар осорхонаҳои таърихию кишваршиносии шаҳрҳои Ӯротеппа, Хуҷанд, Душанбе, осорхонаҳои Москваю Санкт-Петербург гузошта шудаанд. Шарофи читгар соли 1977 дар Фестивали I-уми умумииттифоқии эҷодиёти бадеии меҳнаткашон иштирок карда, бо диплом ва медали Кумитаи ташкилии фестивал сарфароз гардид. Намунаи ҳунари ӯ бо тавсияи Кумита дар шаҳри Лондон дар Намоишгоҳи умумиҷаҳонӣ манзури тамошобинон гардид.[1]
2. Санъати нақшгузории матоъи сӯф тавассути қолибҳо. Матоъро пас ҷӯшонидан ва оҳар додан ба болои намади харак паҳн карда, аввал нақшҳои сиёҳи онро бо қолибҳо мекӯбанд. Пас аз нақши сиёҳ гузоштан, читро меовезанд, то ки ранги он хушк шавад. Коргари дигар бо ранги сурх нақши гулҳоро насб кунад. Матои орододашударо дар оби тоза обгардон намуда мехушконанд. Сипас чити нақшдорро ранги сурх пошида, ба деги рангобаш ҷӯшида истода меандозанд ва чанд соат меҷӯшонанд. Вақте ки матоъ ранги сурхи мунаққашро мегирад, онро аз дег берун оварда мехушкониданд. Дар Истаравшан дар ҳоли азбайнравӣ қарор дорад.[2]
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]1. Раҳимов Д. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. Д., 2014.
2. Қодиров Ф. Читгарони Истаравшан // Фарҳанг ва ҳунар, №1, 2007;
3.Турсунов, Н. Из истории городского ремесла северного Таджикистана. Д., 1974;
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Читгарӣ. 14 июли 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 феврали 2017.
- ↑ Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 117
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |