Шеър дар адабиёти тоҷик (асри XX )
Вусъатафзойии уфуқҳои ғоявиву эстетикии адабиёти тоҷик дар даврони шӯравӣ аз роҳу равишҳои инкишофи шеър ҳам ба хубӣ намоён мегардад. Таҳқиқи бадеии мавзӯъҳои ҷангу сулҳ, тақдири башарият, бедории халқҳо ва муборизаи онҳо дар роҳи озодиву истиқлол, ҳамдилии мардуми шӯравӣ бо халқҳои озодихоҳ, ки дар шеъри тоҷикӣ аз даврони баъд аз ҷанг оғоз ёфта буд, дар солҳои 60-80-ум суръату вусъати бештаре пайдо карда, дар достони «Аз Ганг то Кремл»-и Мирзо Турсунзода тобиши нави таърихиву фалсафӣ касб намуд. Дар ин давра достон аз шаклу усулҳои тасвири романтикӣ ба самти устувор гардонидани пояҳои реалистӣ рӯй овард, ки чунин ҷараён аз «Ҳасани аробакаш»-и М. Турсунзода шурӯъ ёфта, дар «Асрор»-у «Тоҷи давлат»-и Ғаффор Мирзо, «Кӯчабоғи ошиқон»-и Аминҷон Шукӯҳӣ, «Дашти лаванд»-и Мирсаид Миршакар хеле қувват гирифт.
Дар назми давра таълифи достони лирикӣ ва лирикии фалсафӣ, ки аз хатти ягонаи сужет маҳрум, вале аз андешаҳо ва драматизми шадид саршор аст, инкишофи бештаре пайдо карда, дар ин навъи адабӣ кӯшиши падид овардани хусусиёт ва моҳияти замонҳову шахсиятҳо, дарки иҷтимоъиву фалсафии таърих, муносибати инсону ҷомеа мақоми хосса пайдо кард. Достонҳои Мирзо Турсунзода «Чароғи абадӣ» ва «Ҷони ширин», Ғаффор Мирзо «Тоҷи давлат»-у «366 паҳлӯ», Муъмин Қаноат «Мавҷҳои Днепр»-у «Достони оташ», «Сурӯши Сталинград»-у «Тоҷикистон – исми ман» ва «Гаҳвораи Сино», Абдумалик Қаҳҳорӣ «Шаби пеш аз марг», Қутби Киром «Аввалин дидор», Гулрухсор Сафиева «Мотами сафед» агарчи аз лиҳози мавзӯъ, усули корбасти сухан ва хусусиёти жанриву услубӣ аз якдигар тафовути ҷиддӣ доранд, аз нигоҳи драматизми тасвири инсон дар шароиту ҳолатҳои гуногун, гузоришу ҳалли масъалаҳои пуртазоди муносиботи инсону ҷомеаву таърих умумиятҳои зиёде дошта, дар пешбурди жанри достон ва, умуман, назми муосири тоҷик нақши намоёне гузоштанд.
Аз нимаи дувуми солҳои 50-уми асри гузашта то имрӯз дар шеъри тоҷик тағйироти ҷиддии эстетикиву ғоявӣ рух намуда, сохтмони жанриву услубии шеър бо суръати тамом дигаргунӣ пазируфт. Аз ҷумла, асосҳои таҳлилӣ ва мушахассоти тасвир дар ашъори Ғаффор Мирзо дар омезиш бо фалсафаи мардум ва ҷузъиёти аҷибе падид омаданд. Ғаффор Мирзо ва Муъмин Қаноат тозагӯйиву навҷӯиҳоеро пеш гирифтанд, ки баъдтар дар эҷодиёти Файзулло Ансорӣ, Бобо Ҳоҷӣ, Ашӯр Сафар, Мастон Шералӣ, Қутбӣ Киром, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулназар Келдӣ, Гулрухсор Сафиева, Ҳабибулло Файзулло, Сайидалӣ Маъмур, Камол Насрулло, Ҳақназар Ғойиб, Алӣ Бобоҷон, Аскар Ҳаким, Султон Шоҳзода, Раҳмат Назрӣ, Ҳоҷӣ Мурод, Муҳаммад Ғойиб, Низом Қосим, Ширин Бунёд, Сафармуҳаммад Айюбӣ, Салимшо Ҳалимшо, Зулфия Атоӣ, Аҳмадҷони Раҳматзод, Фарзона, Сиёвуш, Ато Мирхоҷа, Озарахш, Раънои Мубориз, Салими Хатлонӣ, Муҳаммадалии Аҷамӣ, Алимуҳаммад Муродӣ ва диг. самараҳои хуб оварданд. Дар эҷодиёти номбурдагон унсурҳои тасвиру таҳлили бадеии ҳам воқеъияти имрӯзу гузашта, ҳам ғалаёнҳои ботинии инсон қувват гирифта, ҷанбаи ҳунарии шеър ба ҷойи аввал баромад.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 7 - 8 ISBN 978-99947-2-379-9