Шофиркон
Шаҳр | |
Кишвар | Ӯзбекистон |
---|---|
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Масоҳат |
|
Баландии марказ | 241 м |
Минтақаи замонӣ | UTC+05:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | |
|
Шофиркон ( ӯзбекӣ: Shofirkon/Шофиркон, форсӣ: شاپورکام) — шаҳр ва маҳалли ҷойгиршавии ноҳияи Шофиркон дар вилояти Бухорои Ӯзбекистон аст. [2] Аҳолии шаҳр дар соли 1989 9,594 нафар, [3] ва дар соли 2016 14,000 нафар буд [4]
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Далелҳои бостоншиносӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки шаҳрак дар ҳудуди Шофирқони муосир дар асрҳои миёна бунёд ёфтааст.
Ба гуфтаи Наршахӣ, муаррихи форсизабон, бунёдгузори шаҳр шоҳзодаи Сосониён Шопури I аст, ки дар қарни 3 милодӣ зиндагӣ мекард. Шопур бо падари худ, ҳокими онвақтаи Сосониён ҷанҷол карда, ба Бухоро омад ва духтари ҳокими Бухороро ба занӣ гирифт ва дар мавзеи дарёи Зарафшон заминро ҳадя гирифт. Вай дар ин ҷойхо тез-тез шикор мекард, ки ин ба ӯ хеле маъқул буд. Дар ин ҷо канале кофта шуд, онро форсӣ: شاپورکام меномиданд ( Шопурком ) [5] ки ба маънои "Чунон ки Шопур хостааст" ба забони порсӣ аст ва қалъаи Вардонзӣ сохта шудааст, ки Шопур бо ҳамроҳонаш аз Форс ба он ҷо мекӯчад. Баъдтар қалъа ба маркази давлат табдил ёфт. Номи Шо(ҳ)пуркам баъдан дар миёни мардуми маҳаллӣ Шафуркам ва баъдтар Шофиркон хонда шудааст. [6]
Аҳамияти Шопуркам ҳамчун маркази минтақа пас аз фурӯ рафтани арзиши шаҳри бостонии Варданзӣ дар солҳои 1860 афзоиш ёфт.
Соли 1926 Шофиркон маркази ноҳия дар вилояти Бухорои Ӯзбекистон гардид.
Бо Укази Президиуми Комитети Иҷроияи Марказии ИҶШС аз 7 марти соли 1933 Укази Комитети Иҷроияи Марказии ҶШС Ӯзбекистон аз 3 ноябри соли 1932 дар бораи тағйир додани номи маркази райони Баумани қишлоқи Хоҷа Ориф ба қишлоқи Бауман қабул гардид.
Дар шаҳр омузишгоҳи касбй-техникии педагогӣ, техникуми хоҷагии қишлоқ, техникуми иқтисодӣ ва ғайра мавҷуданд.
Ҳоло Шофиркон маркази ноҳия дар вилояти Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад. Дар ин ҷо намояндагони миллатҳои гуногун: ӯзбекҳо, тоҷикҳо, русҳо, туркманҳо ва ғайра зиндагӣ мекунанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ перепись населения СССР 1989 года
- ↑ Classification system of territorial units of the Republic of Uzbekistan (uz, ru). The State Committee of the Republic of Uzbekistan on statistics (July 2020).
- ↑ Population census-1989
- ↑ Soliyev, A.S. Shaharlar geografiyasi [Geography of cities] (PDF) (in ӯзбекӣ). p. 144. Archived from the original (PDF) on 2022-07-09. Retrieved 2023-07-04.
- ↑ Narshakhi, Muhammad ibn Ja'far, and Abu Nasr Ahmad ibn Muhammad ibn Nasr Qubawi. 1939. Tarikh-i Bukhara. Tihran: Kitabfurushi-yi Sana'i. P.44
- ↑ Narshakhi, Muhammad ibn Ja'far, and Abu Nasr Ahmad ibn Muhammad ibn Nasr Qubawi. 1939. Tarikh-i Bukhara. Tihran: Kitabfurushi-yi Sana'i. P.44