Зарафшон (Ӯзбекистон)
| Маҳалли аҳолинишин | |
Зарафшон | |
|---|---|
| ӯзбекӣ: Zarafshon, Зарафшон | |
| | |
| Кишвар |
|
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Таъсис | 1965 |
| Баландии марказ | 400 ± 1 м |
| Минтақаи замонӣ | UTC+05:00 |
| Аҳолӣ | |
| Аҳолӣ | |
| Шиносаҳои ададӣ | |
| Нишонаи почта | 706801 |
|
|
|
Зарафшон (ӯзбекӣ: Zarafshon) — шаҳр дар вилояти Навоии Узбекистон. Аҳолиаш — бештар аз 85 100 тан[2] (2021).
Ҷуғрофиё
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар қисми марказии мамлакат, 200 км шимолтар аз шаҳри Бухоро ва дар наздикии кони бузургтарини истихроҷи тило ва урани дашти Қизилқум, дар нишебии ғарбии кӯҳи Тамдитоғ, дар сари роҳи автомобилгарди Навоӣ — Учқудуқ воқеъ аст.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1967 ба муносибати баҳрабардорӣ аз кони бузургтарини истихроҷи тилои Мурунтов ҳамчун шаҳрак бунёд шуд (солҳои 60 асри 20-ум 30 дарсади тилои Иттиҳоди Шӯравӣ дар Зарафшон истихроҷ мешуд). Аз соли 1972 мақоми шаҳрро гирифт. Зарафшон макони баргузории мусобиқаҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ буда, дар он соли 2003 чемпионати Осиё оид ба пауэрлифтинг, соли 2004 оид ба вазнбардорӣ ва заврақронӣ баргузор шуд. Муассисаҳои калонтарини шаҳр: Комбинати филиззоти кӯҳии Навоӣ (истихроҷ ва коркарди тило ва дигар конҳо); ба ҳайати он корхонаи муштараки Ӯзбекистону Амрико «Зарафшон-Нюмонт» (истихроҷи тило), з-ди истеҳсоли маснуоти заргарӣ, маҷмааи истихроҷу коркарди фосфорити Қизилқум (дар заминаи кони Ҷерой — Сардарин) дохил мешаванд. Ҳамчунин дар Зарафшон корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, фабрикаи кешбофии «Агама», комб. истеҳсоли маҳсулоти ширию гӯштии «Поток» фаъолият доранд. Аҳолии шаҳр ба воситаи пойгоҳи обкашӣ аз рӯди Ому (1969; дарозиаш 220 км, ба баландии 600 м) бо об таъмин мегарданд.
Фарҳангу маориф
[вироиш | вироиши манбаъ]Зарафшон осорхонаи таърихии азхудкунии биёбони Қизилқум, 3 муассисаи таҳсилоти миёна, мактаби мусиқӣ, беморхона, маркази саломатии шаҳрӣ, дармонгоҳ, қасри фарҳанг, толори кино, варзишгоҳ ва боғи истироҳат дорад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зарафшон // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Шарҳи ҷолиб аз Бойгонӣ шудааст 28 Декабри 2011 сол. Зарафшон дар сайти вилояти Навоӣ Бойгонӣ шудааст 28 Декабри 2011 сол.