Бекобод
Шаҳр | |
---|---|
ӯзбакӣ: Бекобод, Bekobod | |
![]() | |
Кишвар | Ӯзбекистон |
Координатаҳо | 40°13′33″ с. ш. 69°13′45″ в. д.HGЯO |
Бекобод (ӯзбакӣ: Bekobod) — шаҳр дар вилояти Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз Тошканд 115 км ба самти ҷануб, дар соҳили Сирдарё, истгоҳироҳи оҳан ва дар хатти Хавос — Қӯқанд.
Нақлиёт[вироиш | вироиши манбаъ]
Роҳҳои автомобилгард Бекободро бо дигар шаҳрҳоии Осиёи Миёна мепайвандад. Фурудгоҳ дорад.
Аҳолӣ[вироиш | вироиши манбаъ]
Аҳолиаш 114 527 нафар (2010)[1], ӯзбекҳо, русҳо, тоторҳо, кореиҳо ва ғ.
Саноат[вироиш | вироиши манбаъ]
Бекобод яке аз марказҳои саноатии Ӯзбекистон аст. Аввалин з-ди филиззкории ҷумҳурӣ (1944), ки бо оҳанпораҳои аз Осиёи Миёна ғункардашуда ва чӯяни Уралу Қазоқистон кор мекунад. НОБ-и Фарҳод, комб. семент, з-дҳои маснуоти оҳану бетонӣ, хишт, шағалу рег, инчунин саноати сабуку хӯрокворӣ (з-дҳои нон, шир, комб. гӯшт ва ғайра), техникуми саноатӣ, омӯзишгоҳи тиббӣ авҷуданд.
Варзиш[вироиш | вироиши манбаъ]
Бекобод ду клуби футбол — «Металлург» ва «Сементчӣ» дорад. Варзишгоҳ барои 15 ҳазор нафар сохта шудааст. Бекобод соли 1945 дар ҷойи деҳаи хурд бунёд ёфтааст. Аз Хуҷанд то Бекобод (49 км) автобус мегардад.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]
- Бекобод // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.