Қурутоб
Қурутоб | |
|---|---|
| Табақи қурутоб бо гӯшт | |
| Маҳсулот | |
| Асосӣ | ҷурғот ё чакка, фатир, равғани зағир, помидор, бодиринг, кабудӣ, пиёз, намак |
| Иловагӣ | қурут, шир, равғани зард ё равғани пахта, қаламфур ё мурч |
| Дигар хӯрокҳо | |
| Монандҳо | шакароб |
Қурутоб — як навъ хӯроки миллии Тоҷикистон. Қурутоб хӯроки чӯпонон буда, асосан дар ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон ва баъзе минтақаҳои кӯҳистони Афғонистон омода карда мешавад. Дар Афғонистон онро қурутӣ меноманд.[1]
Тарзи омодакунӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Қурутоб таоми нисбатан осон буда, бо чанд маводи кам омода мешавад ва дорои миқдори зиёди калория мебошад. Барои тайёр кардани қурутоб қурутро дар оби ҷӯши ширгарм тар карда, сипас дар табақи чӯбин соида тамоман ҳал мекунанд. Баъд дар коса ё табақ фатирро реза карда, аз ҳамон қурутоб меандозанд. Ба коса ё табақ инчунин равғани зард ё маскаи доғ, мурч, намакро ҳам илова кардан мумкин аст[2]. Ба қурутоб мувофиқи табъ резапиёз, кабудӣ, мурч ё қаламфур ҳамроҳ мекунанд.
Дар водии Зарафшон қурутобро ин тарз мепазанд. Қурути қоқро бо оби ҷӯшида месалованд, сипас пиёзи оширо дар равғани зард зирбонда аз болояш мерезанд ва ҳамчун таоми дуюм истеъмол менамоянд. Дар болооби дарёи Зарафшон қурутро дар оби гарм каме тар карда, баъди мулоим шудан ба девораҳои зарфи чӯбин совида қурутоб тайёр мекунанд. Сипас қурутобро ба косаҳо мегиранд, баъд равғани зарди гудохта андохта аз болояш нон реза мекунанд[3].
Қурутоб таоми серғизо буда, онро аз ҷурғоти чакка низ тайёр мекунанд. Барои 2‒3 фатир як коса қурути обкардашуда ё ҷурғот, 2‒3 бандча пиёзи кабуд ва кабудӣ, 200 г равған ва мувофиқи табъ мурч лозим аст[2].
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Qurooti. PBS Food. PBS.
- 1 2 Қурутоб / Н. Шарипов // А — М. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик : [дар 2 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2015—2016, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-79-8.
- ↑ Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /National list of intangible cultural heritage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ — Душанбе: «Аржанг» 2016, — С. 164