Jump to content

Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон
Пешво: Ғулом Ҳалимзода
Асосгузор: Сафаралӣ Кенҷаев
Санаи асосгузорӣ: 15 июн 1996
Қароргоҳ: Душанбе, Тоҷикистон
Маром: socialism[d] ва democratic socialism[d]


Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ) — ҳизби сиёсии расмӣ дар Тоҷикистон мебошад. Раиси ҳизб — Ғулом Ҳалимзода (аз соли 2024).

Ҳизб 15 июни соли 1996 таъсис дода шудааст, ва 6 августи ҳамон сол сабти ном гардид.[1] Ҳизби сусиёлисти Тоҷикистон дар нахустин анҷумани он дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, таъсис ёфт ва нахустин раҳбари он зан буд. Аммо дар соли 1997 раҳбарии ҳизбро Сафаралӣ Кенҷаев, ҳуқуқдони саршинос, раиси пешини Шӯрои Олӣ ё порлумони Тоҷикистон ва яке аз раҳбарони фақиди Ҷабҳаи миллии ин кишвар ба уҳда гирифт. Сафаралӣ Кенҷаев дар моҳи марти соли 1999, ҳашт моҳ пеш аз интихоботи дуввуми раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ки интизор мерафт дар он ширкат кунад, дар яке аз маҳаллоти шаҳри Душанбе аз сӯйи афроди номаълум ба қатл расид. Пас аз марги Сафаралӣ Кенҷаев, дар соли 2000, Мирҳусейн Назриев, корманди Пажӯҳишгоҳи физики нуҷумии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон раҳбари ин ҳизб интихоб шуд. Вале дар соли 2004 дар миёни аъзо ва тарафдорони ин ҳизб шикофе ба миён омад. Дар моҳи июли ҳамон сол Абдуҳалим Ғаффоров ва Қурбон Восиев бо баргузории як ҷаласаи ҳизбӣ Мирҳусейн Назриевро аз симати раҳбарии ҳизби сусиёлист дар ғиёбаш барканор карданд.[2]

Анҷумани 12-уми ғайринавбатии ҲСТ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Анҷумани 12-уми ғайринавбатии ҲСТ, ки рӯзи 23 июли соли 2024 дар Душанбе баргузор шуд, Абдуҳалим Ғаффоров пас аз 20 сол аз раисии ҳизб канор рафт. Ғаффоров пас аз 20 сол аз раисии ҳизб канор рафт. [3].

Бо тариқи овоздиҳӣ дар Анҷуман Ғулом Ҳалимзода раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон интихоб гардид. [4].

Интихоботи соли 2020

[вироиш | вироиши манбаъ]

1 марти соли 2020 интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба ҷонибдории рӯйхати

Ҳизб Фоиз Курсӣ
     Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 50,40% 36 / 63
     Ҳизби аграрии Тоҷикистон 16,50% 4 / 63
     Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 16,61% 4 / 63
     Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон 5,15% 1 / 63
     Ҳизби демократии Тоҷикистон 5,10% 1 / 63
     Ҳизби коммунистии Тоҷикистон 3,11% 0 / 63
     Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон 0,32% 0 / 63

раъйи интихобкунандагонро касб намуданд.

Ҳамин тариқ, тибқи рӯйхати ҳизбӣ дар парлумони нав: Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистонро 1 нафар вакил намояндагӣ мекунанд.[5]

Рӯйхати номзадҳо аз Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

12 феврали соли 2025 Бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи моддаҳои 12 ва 35 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар асоси пешниҳоди ҳуҷҷатҳои номзадҳо рӯйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ ба қайд гирифта шуд.

Рӯйхати номзадҳо аз Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон

Рўйхати номзадҳо аз Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати 6 нафар ба қайд гирифта шуд:

  1. Ҳалимзода Ғулом Ғанӣ, таваллудаш соли 1983, сармуҳосиби «Амир Зия», сокини шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд.
  2. Аҳмадзода Муртазо Содиқ, таваллудаш соли 1973, раиси Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, сокини шаҳри Душанбе.
  3. Саидошурова Давлатхоним Луқмоншоевна, таваллудаш соли 1979, мудири кафедраи забонҳои Муассисаи давлатии «Коллеҷи кӯҳии ба номи С.Юсупова дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон», сокини шаҳри Душанбе.
  4. Раҷабова Меҳринисо Нуралиевна, таваллудаш соли 1976, духтури дандон дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нозимиён», сокини шаҳри Бохтари вилояти Хатлон.
  5. Юсупов Маъруф Мадалихоҷаевич, таваллудаш соли 1962, муовини директори Корхонаи давлатии коммуналии «Биржаи молу мулки вилояти Суғд», сокини шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд.
  6. Аброқулова Майсара Донабоевна, таваллудаш соли 1978, духтури дандон дар Муассисаи давлатии «Маркази саломатии шаҳрии №4»-и шаҳри Душанбе, сокини шаҳри Душанбе.[6]

ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025.

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар асоси рӯйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ, ки дар КМИР пешниҳод ва тасдиқ гардида буд, шахсони зерин вориди порлумони нав - Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум шудаанд:

Вакилони Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон:

  1. Ғулом Ҳалимзода, Раиси ҳизб[7]
  1. http://www.osce.org/item/24067.html
  2. http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2013/09/130918_zkh_elex_social_party_candidate.shtml
  3. Ашӯрзода ва Ҳалимзода. Ду чеҳраи нав дар фазои сиёсии Тоҷикистон/Барканории Ғаффоров пас аз 20 сол (tj). pressa.tj(пайванди дастнорас — таърих) (24 Декабри 2024). 20 Январ 2025 санҷида шуд.
  4. Ғулом Ҳалимзода раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон интихоб гардид (tj). hovar.tj(пайванди дастнорас — таърих) (24 Декабри 2024). 20 Январ 2025 санҷида шуд.
  5. ИНТИХОБОТ-2020. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуд. 18 марти 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 ноябри 2022.
  6. ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Рӯйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ ба қайд гирифта шуд(тоҷ.). www. khovar.tj. 15 феврали 2025 санҷида шуд.
  7. НОМ БА НОМ. Кӣ ва аз кадом ҳизбу ҳавза вакили парлумон интихоб шуд?(тоҷ.). www.asiaplustj. 15 феврали 2025 санҷида шуд.