Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон | |
---|---|
Пешво: | Эмомалӣ Раҳмон |
Асосгузор: | Эмомалӣ Раҳмон |
Санаи асосгузорӣ: | 10 декабр 1994 |
Қароргоҳ: | |
Маром: | давлатгароӣ[d], иқтидоргароӣ, секулорисм, зидрӯҳонигарӣ[d], муҳофазакории миллӣ[d], миллигароӣ[d], мактаби суннатгароӣ[d] ва анти-коммунизм |
Матбуоти ҳизб: | Рӯзномаи «Минбари халқ» |
Сайт: | hkhdt.tj |
![]() |
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ; таъс. 10 декабри соли 1994) — ҳизби сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Раиси ҳизб — Эмомалӣ Раҳмон. Нашрияи марказии ҳизб — рӯзномаи «Минбари халқ».
Таърих
Ҳизби Халқии Тоҷикистон 10 декабри соли 1994 дар Анҷумани муассисони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкил ёфтааст. Дар вазорати адлияи ҷумҳурӣ 15 декабри соли 1994 таҳти рақами 199 сабти ном шудааст. Дар арафаи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 25 июни соли 1997 дар шаҳри Душанбе Анҷумани III Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барпо шуд. Дар он номи ҳизб ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табдил дода шуд.
Нашрияи марказии ҳизб Рӯзномаи «Минбари халқ» аст, ки бо теъдоди 28 ҳазор нусха бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ ҳафтае ду бор мебарояд. ҲХДТ маҷаллаҳои ҷамъиятию сиёсии «Меҳвар» ва «Зани муосир» низ дорад. Дар вилоятҳои Ҷамҳурии Тоҷикистон Кумитаҳои иҷроияи вилояти Суғд[1], вилояти Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳрҳои ноҳияи тобеи марказ таъсис дода шудаанд.
- 10 декабри соли 1994 Анҷумани муассисони ҳизб дар бораи ташкилёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор қабул намуда, Оиннома ва Барномаи онро тасдиқ кард.
- 15 декабри соли 1994 Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро таҳти №199 расман ба қайд гирифт.
- 30 марти соли 1996 Анҷумани 2 – юми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардида буд.
- 25 июни соли 1997 Анҷумани 3 – юми Ҳизби Халқии Тоҷикистон доир гардида, ибораи “Демократия” ба номи ҳизб ворид карда шуд ва аз ҳамон муҳлат Ҳизби Халқии Тоҷикистон ном бурда мешавад.[2]
- 18 апрели соли 1998 Анҷумани 4 – уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расман раиси ҳизб интихоб намуд.
- 23 сентябри соли 1999 Анҷумани 5 – уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номзад ба мансаби ҲХТ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуд.[2]
Ҳизб ҳамчун қисми таркибии низоми сиёсии ҷумҳурӣ, аз рўзи нахустини вориди майдони сиёсӣ гаштанаш, тавассути сиёсати бунёдкорона ва татбиқи собитқадамонаи ҳадафҳои барномавии худ, бо такя ба масъулиятшиносию қудрати зеҳнии аъзоёнаш омили таҳкимбахши раванди созандагиву бунёдкории ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол гардидааст.
Ғояҳои сиёсӣ ва иҷтимоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби аксарияти мардуми кишвар дастгирӣ ёфта, дар бартараф намудани мухолифатҳои дохилӣ, барқарории сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ, баргузории ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ тавонист, ки дар ташаккули сохтори давлатдории нав нақши муҳимро бозад.[2]
Идеология
Фаъолияти ҳизб барои бунёди давлатӣ соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқӣ, дунявӣ, ягона ва самти иҷтимоӣ дошта, аз лиҳози иқтисодӣ тараққиёбанда ва беҳдошти сифати ҳаёти мардум равона шудааст.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба хиради олии сиёсӣ, сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ ва маънавиёти баланди аъзои худ такя намуда, донишу маҳорати онҳоро ба амалӣ гардонидани ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии хеш сафарбар менамояд. Ҳамчунин ба таҳкими истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мусоидат мекунад.
Фаъолият
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ, қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналхалқии ҳуқуқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, ҳамчунин дар доираи Барнома ва Оинномаи хеш фаъолият мекунад.
Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон бо назардошти рушду пешрафти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияву созмонҳои ҷамъиятӣ, ки фаъолияташон дар доираи Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, ҳамкорӣ мекунад.
Фаъолияти ташкилию таблиғотиашро ҲХДТ дар асоси усулҳои зерини демократӣ ба амал мебарорад:
- умумияти ғоявӣ, рафоқати ҳизбӣ, ягонагии манфиату ҳадафҳои ҳизб, баробарии ҳуқуқу уҳдадориҳои ҳамаи аъзоёни ҳизб, интизоми бошуурона;
- эҳтиром ба нуқтаи назари ҳар як аъзои ҳизб, худидоракунии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ошкорою шаффоф будани фаъолияти ҳизбии сиёсӣ;
- интихобӣ будани ҳамаи вазифаҳои роҳбарикунандаи ҳизбӣ аз поён то боло;
- ҳамеша ҳисоботдиҳанда будани мақомоти ҳизбӣ;
- интизоми қатъии ҳизбӣ ва ҳатмӣ будани қарорҳои мақомоти болоии ҳизбӣ барои мақомоти поёнӣ;
- роҳбарии дастҷамъона ба ҳамаи мақомоти ҳизбӣ, масъулияти шахсии ҳар аъзои ҳизб барои иҷрои вазифаҳою супоришҳои ҳизбӣ.
ҲХДТ дар фаъолияти худ ба кори миёни занону ҷавонон эътибори махсус медиҳад. 3,5 ҳазор ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ки дар ҳамаи маҳаллаю кӯчаҳо, ҷамоатҳои ҷумҳурӣ фаъолият доранд, дар сафҳояшон бештар аз 102 000 аъзои ҳизбро муттаҳид мекунанд. Аз онҳо 35 дарсадро занон ва бештар аз 48 дарсадро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Роҳбарият
Раиси ҳизб — Эмомалӣ Раҳмон (Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, 10 декабри соли 1994 — 25 июни соли 1997) ва (аз 25 июни соли 1997 Роҳбари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон)[2]
Натиҷаҳои интихобот
Интихобот | Раъй | % | Курсиҳо | +/- | Мавқеъ | Ҳукумат |
---|---|---|---|---|---|---|
1995 | 5 / 181 |
![]() |
![]() |
Мухолифин | ||
2000 | 64.5 % | 36 / 63 |
![]() |
![]() |
Аксарияти ҳукумат | |
2005 | 1,666,909 | 64.5 % | 49 / 63 |
![]() |
![]() |
Аксарияти ҳукумат |
2010 | 2,321,436 | 71.0 % | 55 / 63 |
![]() |
![]() |
Аксарияти ҳукумат |
2015 | 2 472 262 | 62.5 % | 51 / 63 |
![]() |
![]() |
Аксарияти ҳукумат |
Интихоботи соли 2020
1 марти соли 2020 интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба ҷонибдории рӯйхати
Ҳизб | Фоиз | Курсӣ |
---|---|---|
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон | 50,40% | 36 / 63 |
Ҳизби аграрии Тоҷикистон | 163,5011% | 4 / 63 |
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон | 16,61% | 4 / 63 |
Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон | 5,15% | 1 / 63 |
Ҳизби демократии Тоҷикистон | 5,10% | 1 / 63 |
Ҳизби коммунистии Тоҷикистон | 3,11% | 0 / 63 |
Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон | 0,32% | 0 / 63 |
раъйи интихобкунандагонро касб намуданд.
Ҳамин тариқ, тибқи рӯйхати ҳизбӣ дар парлумони нав: ҲХДТ-ро 12 нафар, ҲАТ-ро - 4 нафар, ҲИИТ-ро 4 нафар, ҲДТ-ро 1 нафар ва ҲСТ-ро 1 нафар вакил намояндагӣ мекунанд.[3]
Интихоботи соли 2025
12 феврали соли 2025 Бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи моддаҳои 12 ва 35 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар асоси пешниҳоди ҳуҷҷатҳои номзадҳо рӯйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ ба қайд гирифта шуд.
Рӯйхати номзадҳо аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.
Рӯйхати номзадҳо аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати 28 нафар ба қайд гирифта шуд:
- Шермуҳаммад Шоҳиён, таваллудаш соли 1962, то 3 феврали соли 2025 Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе
- Матробиён Саодатшо Қосимзода, таваллудаш 1973, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе
- Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ, таваллудаш соли 1989, то моҳи январи соли 2025 муовини сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе
- Ғанизода Шуҳрат Абдулмаҷид, таваллудаш соли 1982, то моҳи январи соли 2025 сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе
- Исҳоқӣ Ҳусния Давлаталӣ, таваллудаш соли 1979, муовини раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон, сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон
- Маҳмудзода Аҳмад Маҳмуд, таваллудаш соли 1974, муовини директори генералии Ширкати «Транс Таджик Газ Пайплайн Компани Лимитед», сокини шаҳри Душанбе
- Имомзода Нилуфар Муҳаммадюсуф, таваллудаш соли 1983, муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе
- Набизода Тоҳир Толиб, таваллудаш соли 1981, профессори кафедраи идоракунии молияи давлатии Академияи давлатии идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе
- Мусоҷонзода Ҷамила Мансур, таваллудаш соли 1984, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, сокини шаҳри Душанбе
- Ҷалолзода Миршакар Саид, таваллудаш соли 1987, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, сокини шаҳри Бӯстони вилояти Суғд
- Бобоиён Мадина Абдуяқинзода, таваллудаш соли 1982, муовини раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд, сокини шаҳри Исфараи вилояти Суғд
- Муродуллозода Дилноза Муродулло, таваллудаш соли 1983, раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрави ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон
- Абдулмаинзода Зарина Қадамшо, таваллудаш соли 1975, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе
- Сафарзода Хуршед Ҳайдар, таваллудаш соли 1986, директори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода», сокини шаҳри Душанбе
- Иброҳимзода Зафаршо Сафо, таваллудаш соли 1972, директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе
- Ғафорзода Ҷонона Ғафор, таваллудаш соли 1988, декани факултаи иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, сокини шаҳри Душанбе
- Шодиён Исматулло Раҳматуллозод, таваллудаш соли 1979, котиб – ҳамоҳангсози Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе
- Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло, таваллудаш соли 1975, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, сокини шаҳри Душанбе
- Қодирзода Фарҳод Анвар, таваллудаш соли 1985, профессори кафедраи факултети молиявӣ ва иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе
- Қосимӣ Назокат Шералӣ, таваллудаш соли 1983, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияиА.Ҷомии вилояти Хатлон, сокини ноҳияи А.Ҷомии вилояти Хатлон
- Каримзода Мирзоқосим, таваллудаш соли 1984, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, сокини шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд
- Неъматзода Насрулло Исматулло, таваллудаш соли 1983, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш, сокини ноҳияи Лахш
- Ҳамидиён Орзу Зубайдулло, таваллудаш соли 1987, муовини раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, сокини шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон
- Усмонзода Аюб Ислом, таваллудаш соли 1972, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, сокини шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд
- Суярова Сарвиноз Ҷумъаевна, таваллудаш соли 1983, мудири кафедраи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон бо номи Шириншоҳ Шоҳтемур, сокини шаҳри Душанбе
- Шарифзода Фарангис Худоӣ, таваллудаш соли 1970, директори Институти забон ва адабиёти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе
- Азимзода Азимҷон Бахтиёр, таваллудаш соли 1992, муовини раиси шаҳри Турсунзода, сокини шаҳри Турсунзода
- Эшбуризода Баҳридин Эшбурӣ, таваллудаш соли 1981, муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон.[4]
Ҳамкориҳои байналмилалӣ
Ҳизб ҳамкориҳои дӯстонаро ба ҳизбҳои сиёсии зерин ба роҳ мондааст:
: «Русияи Воҳид»
: Ҳизби халқӣ-демократии «Нур Отан»
: Ҳизби «Озарбойҷони Нав»
: Ҳизби комунистии Хитой
: Ҳизби минтақа
: Ҳизби ҷумҳуриявии Арманистон
Эзоҳ
- ↑ Кумитаи иҷроияи Сомонаи расмии ҲХДТ дар вилояти Суғд. 24 апрели 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 Январ 2016.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 Таърихи ҲХДТ(тоҷ.). www. asiaplustj. 19 феврали 2025 санҷида шуд. Хатои ёдкард: Invalid
<ref>
tag; name ":0" defined multiple times with different content - ↑ ИНТИХОБОТ-2020. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуд. 18 марти 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 ноябри 2022.
- ↑ ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Рӯйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ ба қайд гирифта шуд(тоҷ.). www. khovar.tj. 15 феврали 2025 санҷида шуд.
Пайвандҳо
- hkhdt.tj — вебгоҳи расмии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон