Jump to content

Интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон (2005)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ ва Қонуни Конститутсионии ҶТ "Дар бораи интихоботи Маҳлиси Олии ҶТ" 27 феврали соли 2005 интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ барои 22 мандат аз ҷониби 6 ҳизби сиёсӣ, 61 номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешбарӣ гардиданд ва ба қайд гирифта шуданд. Дар ҳавзаҳои якмандатӣ ба вакилии Маҷлиси намояндагон 209 номзад пешбарӣ гардид, ки 170 нафар ба қайд гирифта шуда буданд.

Аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ барои 22 мандати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 ҳизби сиёсӣ:

  1. Ҳизби демократии Тоҷикистон,
  2. Ҳизби коммунистии Тоҷикистон,
  3. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон,
  4. Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ва
  5. Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон

мубориза бурданд. Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон , Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳадди 5-фоизаро гузаштанд. 22 вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот, аз ҷумла аз Ҳизби коммунистии Тоҷикистон - 3 , Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон - 2 ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон - 17 вакил ва аз ҳавзаи якмандатӣ 41 вакил интихоб гардид. Аз 63 вакил

Аз шумораи умумии вакилон 11 нафар занон мебошанд. Дар байни вакилони Маҷлиси намояндагон 11 нафар ҳуқуқшинос, 12 нафар муҳандис, 7 нафар иқтисодчӣ, 3 нафар агроному зоотехник, 26 нафар омӯзгор, 1 нафар духтур, 1 нафар рӯзноманигор, 1 нафар китобшинос, 1 нафар мутахассиси равобити байналмилалӣ, 2 нафар байтор фаъолият мекарданд. Аз онҳо 3 нафар узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, 7 нафар доктори илм, 11 нафар номзади илм.