Jump to content

Деҳоти Ворух

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ҷамоати Ворух)
ҷамоат
Ворух
Деҳоти Ворух
Кишвар  Тоҷикистон
Тобеъи Ноҳияи Исфара
Шомили 3 деҳа
Маркази маъмурӣ Ворух
Роҳбар Раҳматова Меҳрӣ Файзилаҳатовна
Таърих ва ҷуғрофиё
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 30 506[1] нафар нафар (2015)
Миллият тоҷикон, ӯзбекон
Мазҳаб мусулмонон-сунниҳо
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Рамзи ISO 3166-2 TJ.SU.
Коди телефон +992 3135
Нишонаи почта 735
Домени интернет tj
Коди мошинҳо TJ02
Ворух дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Деҳоти Ворух — ҷамоатест дар ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон. Аҳолӣ — 32 916 нафар (2022)[2].

Раиси ҷамоат – Раҳматова Меҳрӣ Файзилаҳатовна.

23 августи 1919 Шӯрои қишлоқи Ворух ташкил карда мешавад. Баъди тақсимоти миллию ҳудудии соли 1924 дар Осиёи Марказӣ, соли 1925 ҷамоатҳои Чоркӯҳ ва Ворух аз волости Исфара ҷудо гардида, волости Чоркӯҳро ташкил доданд. Соли 1929 дар асоси қарори комиссияи уездӣ Ҷамоаи Шӯрои меҳнаткашони Ворух дар ҳайати волости Исфара, уезди Қӯқанди вилояти Фарғона таъсис ёфт. 5.12.1936 зимни қабули Конститутсияи ИҶШС ба Комитети иҷроияи Шӯрои депутатҳои қишлоқи Ворух баргардонда шуд. 6 феврали 1945 ноҳияи Шӯроб ташкил меёбад ва Шӯрои қишлоқи Ворух ба ҳайати он дохил мегардад. 30.12.1948 бо Укази Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон Ворух барҳам дода, ҳудудаш ба ноҳияи Конибодом ҳамроҳ карда шуд. Аз 16 марти 1959 Шӯрои депутатҳои меҳнаткашони ноҳияи Исфара муттаҳид карда, бо Укази Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон Шӯрои қишлоқи Ворух дар ҳайати ноҳияи Исфара таъсис дода шуд[3].

Бинобар саршумори соли 2015 ҷамоат 30 506[4] нафар аҳолӣ дошт.

Сохтори маъмурию ҳудудии ҷамоат

[вироиш | вироиши манбаъ]
Деҳаҳои ҷамоат
Номи маҳалли аҳолинишинАҳолӣ
1Ворух11409
2Майдон9472
3Тидон10229

Шароитҳои табиию иқлимӣ ва захираҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2015 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан.. 11 июли 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 июли 2015.
  2. Ҷамоати деҳоти Ворух. isfara.tj. 11 Декабри 2022 санҷида шуд.
  3. Ворух / А. Азимов, Л. Махкамов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
  4. Demography. untj.org. 28 Январ 2023 санҷида шуд.