Вилояти Кӯлоб
Вилояти Кӯлоб | |
---|---|
Донистаниҳо | |
Кишвар : | Иттиҳоди Шӯравӣ |
Ҷумҳурӣ : | ҶШС Тоҷикистон |
Марказ : | Кӯлоб |
Замони таъсис : | 27 октябри 1939 29 декабри 1973 |
Замони барҳам хурдан: | 25 августи 1955 2 декабри 1992 |
Ҷуғрофиёи табиъӣ | |
Паҳноварӣ : | 12 000 км² |
Шумораи шаҳракҳо : | 1 |
Шумораи ноҳияҳо : | 8 |
Мардум | |
Аҳолӣ (1989) : | 621 000 кас |
Забони расмӣ : | русӣ, тоҷикӣ |
Забонҳои гуфторӣ : | тоҷикӣ, узбакӣ |
Мазҳаб : | ҳанафӣ |
Нишониҳо | |
Сарвожа : | |
ISO-намоя : | |
Пешшумора : | |
Нишонии почта : | |
Замон : | UTC+5 |
Шумораи мошинҳо : | КЮ |
Вилояти Кӯлоб (форсӣ: ولایت کولاب) — воҳиди тақсимоти кишварӣ дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон дар солҳои 1939—1955 ва 1973—1988 буд. Ин вилоят дар ҷануби кишвар, дар дараи рӯди Қизилсу ҷойгир буд.
Маркарзи идории вилоят шаҳри Кӯлоб буд.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Вилояти Кӯлоб бори нахуст дар соли 1924 ташкил шуд ва то соли 1929 вуҷуд дошт, аммо дар он сол ба округ табдил дода шуд. Соли 1931 округи Кӯлоб барҳам дода шуд ва сарзамини он тобеъи ниҳодҳои раҳбарии ҷумҳурӣ шуд. Солҳои 1931—1936 сарзамини Кӯлобро ба ноҳияҳо бахш карданд. 12 марти соли 1938 округи Кӯлоб дубора бунёд шуд, аммо як сол пас барҳам дода шуд.
Дувум бор вилояти Кӯлоб бо Қарори Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ аз 27 октябри соли 1939 таъсис ёфт ва ноҳияҳои Балҷувон, Данғара, Дашти Ҷум, Кангурт, Қизилмазор, Колхозобод, Кӯлоб, Муъминобод, Сарихосор, Фархор, Ховалинг ва Шӯроободро дар бар мегирифт.
Вилояти Кӯлоб бо Қарори Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ аз 24 августи соли 1955 барҳам дода шуд ва сарзамини он тобеи ниҳодҳои раҳбарии ҷумҳурӣ ва бахше аз вилояти Қурғонтеппа шуд.
29 декабри соли 1973 вилояти Кӯлоб севум бор таъсис дода шуд ва то сентябри соли 1988 мавҷуд буд то ин ки бо вилояти Қурғонтеппа ҳамроҳ шуд ва вилояти Хатлонро ташкил дод.
Бахшбандии вилояти Кӯлоб дар соли 1988
[вироиш | вироиши манбаъ]Ноҳияҳои вилояти Кӯлоб дар соли 1988[1] | |||||||||||
Ноҳия | Марказ | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Восеъ | Восеъ | ||||||||||
Данғара | Данғара | ||||||||||
Кӯлоб | Кӯлоб | ||||||||||
Ленинград | Ленинград | ||||||||||
Маскав | Маскав | ||||||||||
Совет | Совет | ||||||||||
Ховалинг | Ховалинг | ||||||||||
Фархор | Фархор |
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ нусхаи бойгонӣ. 18 июни 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 июли 2010.