Саттор Турсун
Таърихи таваллуд: | 15 феврал 1946 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 5 июн 2023 (77 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | нависанда |
Забони осор: | тоҷикӣ |
Ҷоизаҳо: |
Саттор Турсун (15 феврал 1946, Ноҳияи Бойсун, Вилояти Сурхондарё — 5 июн 2023, Душанбе) — нависанда, тарҷумон. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1972) ва Иттифоқи нависандагони СССР (1972), Нависандаи халқии Тоҷикистон (1998).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Саттор Турсун 15 феврали соли 1946 дар деҳаи Посурхии ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёи ҶШС Узбакистон дар оилаи деҳқон дида ба олам кушодааст. Соли 1970 бахши арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Фаъолияти кории худро аз маҷаллаи «Садои Шарқ» оғоз намуда, муддати бист сол дар вазифаҳои мудири шуъбаи очерк ва публитcистика, мудири шуъбаи наср, муовини сардабир, иҷрокунундаи вазифаи сардабири ҳамин маҷалла кор кардааст. Солҳои 1990—1991 мудири Шуъбаи идеологии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон буд.
Соли 1993 аввалин сухангӯи роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон буд, ҳарчанд дар ин вазифа зиёд кор накард, вале нақшашро дар таъсиси ниҳоди мазкур дар Дастгоҳи иҷроия муҳим медонанд. Солҳои 1994—1997 сардабири маҷаллаи адабии русии «Памир» буд. Баъдан чанд соли дигар вазифаи сардабирии нашрияи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон «Баҳори Аҷам»-ро ба уҳда дошт. Саттор Турсунро нависандае медонанд, ки набзи замонро некӯ эҳсос мекунад, ба воқеаву рӯйдодҳои муҳимми зиндагӣ воқеъбинона ва устокорона баҳо медиҳад. Аз соли 1972 узви Иттифоқи нависандагони ИҶШС мебошад.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Аввалин ҳикояҳои худро даврони донишҷӯӣ навиштааст, вале замони кор дар «Садои Шарқ»-ро оғози фаъолияти густардаи эҷодии худ медонад. Ва аввалин китобаш ҳам бо номи «Дили гарм» дар дувумин соли кораш дар «Садои Шарқ» рӯйи чопро дид. Дар як муддати кӯтоҳ аз ҳикоя ба повесту роман гузашт ва ин навиштаҳо яке паси дигар рӯйи чоп медиданд. Саттор Турсун миёни хонандагонаш бо повесту роман ва қиссаҳои «Камони Рустам», «Пайванд», «Ситораи корвонкуш», «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд(1976—1977)», «Зиндагӣ дар домани талҳои сурх», «Барф ҳам мегузарад», «Падар», «Се рӯзи як баҳор», «Думбура», «Пайғамбарзот» маъруф аст. Аввалин маҷмуаи ҳикояҳои ӯ бо номи «Дили гарм» соли 1971 рӯйи чопро дидааст ва ба дунболи он маҷмуаи дигари повесту ҳикояҳояш бо номи «Сукути қуллаҳо» интишор ёфт. Асарҳо ва китобҳои дигари нависанда: «Камони Рустам» (1976), «Аз субҳ то шом» (1979),, «Дувоздаҳ ҳикоя» (барои бачаҳои синни калони мактабӣ, 1986), «Дарахти ҳазорсола» (1991), «Санг дар бағал ба тӯфон» (2002), «Чорбанди домангир» (2011) ва ғайра. Повесту роман ва ҳикояҳои ӯ ба беш аз 20 забони халқҳои дунё тарҷумаву нашр шудааст.
Тарҷумонӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Худи ӯ низ дар тарҷумаи асарҳои адибони шинохтае чун Лев Толстой, Ҷек Лондон, Андрей Упит, Грант Матевосян дасти расо дорад. Асарҳои алоҳидаи В. Телпугов, И. Друтсе, А. Беляев, М. Левин, С. Хонзодян, М. Муродалиев, Э. Аъзамов ва дигар суханварони русу шӯравӣ, ҳикояҳои ҷудогонаи Ш. Андерсен, А. Ғаллоб ва Ӯ. Камолро ба тоҷикӣ гардондааст.
Соли 1982 Киностудияи «Тоҷикфилм» дар заминаи «Камони Рустам» филми ҳунарии «Айёми туманҳои тобистон»-ро ба навор овардааст.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон (1994), Нависандаи халқии Тоҷикистон (1998) ва барандаи Ҷоизаи давлатии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2006) аст.
Даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Саттор Турсун шоми 5 июни 2023 дар 77-солагӣ дар Душанбе даргузашт[1] ва дар оромгоҳи Лучоби ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд[2].
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ҷоизаи Комсомоли Ленини Тоҷикистон (1985);
- Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ;
- Нависандаи Халқии Тоҷикистон (1998);
- Корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Ифтихорномаи раёсати Шӯрои Олии Тоҷикистон;
- Ифтихорномаи Кумитаи Сулҳ;
- Медали биринҷии Намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқи Иттиҳоди Шуравӣ[3].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Рао/Ро. Саттор Турсун дар 77-солагӣ даргузашт(тоҷ.), Радиои Озодӣ (5 июни 2023). Проверено 6 июни 2023.
- ↑ Меҳрофарин Наҷибӣ, Бобохон Эшонов. "Мисли қаҳрамони асараш даргузашт". Дар Душанбе бо Саттор Турсун видоъ карданд. www.asiaplustj.info. ASIA-Plus (6 июни 2023). 7 июни 2023 санҷида шуд.
- ↑ Саттор Турсун. navisandagan.tj. 30 октябри 2019 санҷида шуд.
- Зодагони 15 феврал
- Зодагони соли 1946
- Зодагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон
- Даргузаштагони 5 июн
- Даргузаштагони соли 2023
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Адибон аз рӯи алифбо
- Нависандагон аз рӯи алифбо
- Нависандагони Тоҷикистон
- Нависандагони асри XX
- Тарҷумонҳо аз рӯи алифбо
- Тарҷумонҳои Тоҷикистон
- Тарҷумонҳои асри XX
- Нависандагони тоҷик аз рӯи алифбо
- Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
- Барандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ
- Тарҷумонҳои адабиёти бадеӣ