Jump to content

Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон
Таърих 5 майи 1992 — 27 июни 1997
Макон Тоҷикистон
Сабаб Шароити душвори иқтисодӣ дар мамлакат, маҳалгароию қабилабозии тоҷикон, мухолифати динӣ ва ғ.
Натиҷа Сулҳ, созмон ëфтани Комиссияи оштии миллӣ
Тарафҳо

 Тоҷикистон

 Русия
 Ӯзбекистон[1]
 Қирғизистон
 Қазоқистон[2]

Шаблон:Country data Ҷиҳод Исламское движение Узбекистана[4]
Афғонистон Давлати исломии Афғонистон

Афғонистон Толибон (ограниченное участие)[5]
при поддержке:
Шаблон:Country data Ал-Қоида[6]
 Эрон
 Покистон

Фармондеҳ

Тоҷикистон Раҳмон Набиев
Тоҷикистон Сафаралӣ Кенҷаев
Тоҷикистон Сангак Сафаров
Парчами Тоҷикистон Маҳмуд Худойбердиев
Штандарт президента Республики Таджикистан Эмомалӣ Раҳмон
Штандарт президента Российской Федерации Борис Елтсин
Парчами Ӯзбекистон Ислом Каримов
Парчами Қирғизистон Аскар Акаев
Штандарт президента Республики Казахстан Нурсултон Назарбоев

Парчами Тоҷикистон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ (Глава Объединённой таджикской оппозиции)
Парчами Тоҷикистон Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода (Глава Духовного управления мусульман Таджикистана)
Мохаммадшариф Химматзода (Председатель Партии исламского возрождения Таджикистана)
Флаг Автономной Республики Бадахшан Гарибшо Шабозов
Шаблон:Country data Джихад Ҷумъа Намангонӣ (Глава Исламского движения Узбекистана)
Парчами Тоҷикистон Шодмон Юсуф (Глава Демократической партии Таджикистана)
Шаблон:Country data Джихад Мирзо Зиеев
Шаблон:Country data Джихад Мирзохуджа Ахмадов
Шаблон:Country data Джихад Мулло Сайриддин
Шаблон:Country data Джихад Аловуддин Давлатов
Шаблон:Country data Джихад Шох Искандаров

Қувваҳои тараф

Парчами Тоҷикистон Таджикистан:
2 000-3 000 (1992)[7]
18.000 (1995)[8]
5 000-7 000 (1998)[7]
8 000 (2002)[9]
Парчами Русия Русия:
3.500 (1993)[10]
24 000 (1996)[11]
25 000 (1999)[12]
115 000 (2000)[13]
12 000 (2002)[9]
Парчами Ӯзбекистон Ӯзбекистон:
69 000-76 000 (2002)Шаблон:Нет АИ
Парчами Қирғизистон Қирғизистон:
278 (1993-2002)[14]
Парчами Қазоқистон Қазоқистон:
500[2] (1993-2001)

Парчами Тоҷикистон ОТО:
16 000 (1992)[7]
5 000 (2000)[13]
5 000 (2002)[9]
Шаблон:Country data Джихад ИДУ:
500-1 000 (2001)[7]
2 000 (2002)Шаблон:Нет АИ
ИОА:
20 000 (1994)[15]
Тоҷикистон ДзМТ:
1 000 (1998)[7]
Афғонистон Толибон:
10 000 (2000)[13]
5 000 (2001)[16]

Талафоти умумӣ
ниг. ниже
 Парвандаҳо дар Викианбор
Душанбе. Моҳи феврали соли 1990

Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон — як даргирии мусаллаҳонаи даруниқавмӣ дар Тоҷикистон байни ҷонибдорони ҳукумати марказӣ ва гурӯҳҳои мухталиф ба намояндагӣ аз Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик аст, ки ба думболи эъломи истиқлоли кишвари Тоҷикистон дар натиҷаи пошхӯрии ИҶШС (1992—1997) ба вуқӯъ пайваст. Шадидтарин бархӯрдҳо аз охири моҳи августи соли 1992 то июли соли 1993, вақте ки кишвар воқеан ба ду бахш тақсим шуд, рух дод. Аз тобистони 1993 шиддати даргириҳо коҳиш ёфт, агарчи баъзе даргириҳо то замони оштии тарафҳои даргир дар 27 июни соли 1997 идома ёфт.

Дар остонаи фурӯпоши Иттиҳоди Шӯравӣ байни солҳои 1988 то 1991 ҷунбиши миллии озодихоҳии тоҷикон басуръат дар ҳоли шаклгирӣ буд. Вежагии ин ҷунбиш дар ин буд, ки истиқлолхоҳону равшанфикрони миллигаро ва мазҳабиёни исломӣ ҳамагӣ дар як сангар дар баробари ҶШС Тоҷикистон қарор гирифтанд[17].

Сабабҳои оғози ҷанг

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷанги ба вуқӯъ омада сабабҳои объективӣ ва субъективии худро дошт. Аввалан, дар рафти бозсозӣ чӣ дар миқёси Иттиҳоди Шӯравӣ ва чӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилиҳои иқтисодӣ ба амал омаданд. Аз кор мондани баъзе корхонаҳо, ба фурӯш нарафтани маҳсулот, сари вақт нагирифтани моҳона, зиёд шудани миқдори бекорон торафт норозигиро бештар мекард. Сониян дар ибтидои солҳои 90-ум норозигии иҷтимоӣ шиддат гирифта, мардуми баъзе ноҳияҳо аз хӯрок, либос, пойафзол мӯҳтоҷӣ мекашиданд.

Раванди демократикунонии ҳаёти чамъиятӣ, ки дар охири солҳои 80-уми асри XX дар Иттиҳоди Шӯравӣ сар шуд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба пайдошавии ҳизбу ҳаракатҳои исломию демократии Тоҷикистон — Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Ҳизби демократии Тоҷикистон, Ҷамъияти мардумии «Растохез», Ҷамъияти «Лаъли Бадахшон» ва дигар ҷамъиятҳои маҳаллӣ овард. Зиддияти ҳизбу ҳаракатҳои исломию демократӣ муқобили Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон дар воқеаҳои 11-14 феврали соли 1990 дар Душанбе, бо задухурди намоишчиён бо ҳукумат анҷомид. Ин муқовимати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (иборат аз аъзоёни Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон) бо ҳизбу ҳаракатҳои исломию демократии дар солҳои 1991 ва 1992 давом ёфта, оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ мубаддал гашт.

Саршавии Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон якчанд сабабҳо дошт:

  • нобаробар ҷойгир шудани корхонаҳои саноатӣ (бештар дар ноҳияҳои шимолӣ ва марказии Тоҷикистон), ки боиси паст шудани сатҳи зиндагии аҳолии ноҳияҳои ҷанубиву кӯҳистонӣ ва норозигии қавму гурӯҳҳои (элитаи)"ҷанубӣ" гардида буд;
  • дар сари роҳбарияти баландмакоми Тоҷикистон бартарӣ доштани намояндагони «шимол» — вилояти Ленинобод, ки боиси норозигии мансабхоҳони элитаи «ҷанубӣ» буд;
  • афзалияти тафаккури қавмию маҳалгароӣ нисбат ба миллӣ байни аҳолӣ (бо сабаби маҳдуд будани робитаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии байни минтақаҳои ҷумҳурӣ);
  • реша давондани мазҳабҳои гуногуни исломӣ ва баланд гардидани нуфузи пешвоёни дини ислом дар байни аҳолии деҳот, ва шиддат ёфтани зиддияти дохилимазхаби ва маҳалгароӣ байни пешвоёни дин;
  • зиёд будани аҳолии деҳотӣ (ки асосан камбизоат буданду шумораи бекорон дар ноҳияҳои ҷанубиву куҳистонӣ мунтазам меафзуд) нисбат ба шаҳрӣ ва диг.

Бо мақсади хотима додани ин фоҷиаҳо, ҳукумати эътилофӣ (коалитсионӣ) 14 майи соли 1992 ташкил ёфт. Вале ин ҳукумат аз уҳдаи хомӯш кардани воқеаҳои сиёсӣ баромада натавонист ва моҳи июли соли 1992 амалиёти ҷангӣ дар вилояти Қурғонтеппа сар шуд. Ҳамин тавр, оташи ҷанги дохилӣ, ё худ шаҳрвандӣ аланга зад. Ҳазорон шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҷои иқомати худро тарк карда ба давлатҳои Афғонистон, Узбакистон, Туркманистон, Русия ва дигар кишварҳои хориҷ фирор карданд. Ҷанг ба ҷомеа ҳам аз ҷиҳати маънавӣ ва ҳам аз ҷиҳати моддӣ зарар расонда, одамони зиёде ба ҳалокат расиданд.

Муқовимати сиёсӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муқовимати сиёсӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (иборат аз намояндагони Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон) ва ҳизбу ҳаракатҳои исломию демократии Тоҷикистон (ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби демократӣ, «Растохез», «Лаъли Бадахшон» ва диг.) дар замони сиёсати «бозсозии» Горбачёвӣ сар шуда ба тезудундшавии авзоъи дохилии иҷтимоию иктисоди, зиддиятҳои қавмию маҳаллӣ, мазҳабию идеолужӣ оварда буд. Оқибат мамлакат ба ду қувваи ба ҳам зид ҷудо шуда мубориза барои ҳокимят ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил ёфт.

Эълони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои ноороми мамлакат мегузашт. Қадриддин Аслонов, ки баъди ба истеъфо рафтани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов, вазифаи раиси Шӯрои Олии ҶТ ва иҷрокунандаи вазифаи Президенти ҷумҳуриро ба уҳда гирифта, мавқеи зиддикоммунистиро ишғол намуд. Гирдиҳамомадагон — ҷонибдорони ҳизбу ҳаракатҳои исломию демократии (Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон,Ҳизби демократии Тоҷикистон, «Растохез», «Лаъли Бадахшон» ва диг) аз ӯ талаб мекарданд, ки фаъолияти Ҳизби Коммунистии Тоҷикистонро манъ намояд. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Мақсуд Икромов ҳайкали В. И. Ленин, ки дар маркази шаҳр воқеъ буд, шаби 21 сентябри соли 1991 афтонда шуд. Ин амали мухолифин вазъиятро боз ҳам мураккабтар намуд. Акнун тарафдорони ҳизби коммунистӣ ва тартиботи Шӯравӣ ба майдон баромада талаб карданд, ки Қадриддин Аслоновро аз вазифааш озод намуда, фаъолияти ҳизби наҳзати исломиро манъ намоянд.

23 сентябри соли 1991 Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии ҶТ Қадриддин Аслоновро аз вазифаи раиси Шӯрои Олӣ ҶТ озод намуд ва ба ин вазифа Раҳмон Набиевро (собиқ котиби якуми Ҳизби Коммунистии Тоҷикистонро) интихоб намуд. Раҳмон Набиев дар як вақт иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Ҷонибдорони ҳизбу ҳаракатҳои исломию демократи, боз зидди Хукумат гирдихамоии шабонарӯзиро сар карданд. Муковимати руйдода бо миёнаравии вакилони Шурои Олии ИҶШС А. Собчак ва Велихов ҳалли хешро ёфт. Рӯзи интихоботи умумихалқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шуд, Раҳмон Набиев дар давраи интихобот аз вазифаи раиси Шӯрои Олии ҶТ муваққатан озод карда шуд.

24 ноябри соли 1991 интихоботи умумихалқии Президенти ҶТ гузаронида шуд. Аз 9 нафар номзад Раҳмон Набиев (58,8 %) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Давлат Худоназаров номзади ҳизбу ҳаракатҳои исломию демократи (зиёда аз 30 %) овозҳоро гирифт. Мухолифин интихоботро ғайришафоф ва беадолат эълон намуданд. 12 декабри соли 1991 Сафаралӣ Кенҷаев (вакили ШО ҶТ, прокурор) раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Оғози мухолифат

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 1991 нишонаҳои мухолифат тезу тунд шуданд. Октябри соли 1991 ва марти соли 1992 ду воқеае ба амал омад, ки онҳо мухолифатҳои ниҳониро ба умум ошкор намуданд. Воқеаи аввал, ин 5 октябри соли 1991 дар иҷлосияи Шӯрои Олии ҶТ боло гирифтани баҳси байни имомхатаби шаҳри Кӯлоб Мулло Ҳайдар Шарифзода ва қозии ҷумҳурӣ Ҳоҷи Акбар Тураҷонзода ба ҳисоб меравад. Ҳайдар Шарифзода Акбар Тураҷонзодаро барои норасоиҳои молиявӣ, худсариҳои ҳизби наҳзати ислом танқид намуд. Чунин ҳолат аксари руҳониёни ноҳияҳои Марказӣ ва Ҷанубии ҷумҳуриро ба ду гурӯҳи ба ҳам муқобил ҷудо намуд.

Воқеъаи дуюм, ин бегоҳии 25 марти соли 1992 суханронии раиси Шӯрои Олии ҶТ Сафаралӣ Кенҷаев ба воситаи оинаи нилгун буд, ки вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ М. Навҷувоновро ба зери танқид гирифта, масъалаи аз вазифа сабукдӯш намудани ӯро гузошт. Рӯзи дигар, 26 март соли 1992 бо ташаббуси ҷамъияти «Лаъли Бадахшон» наздикони вазир, барои дифои М. Навҷувонов дар назди қасри Президент гирдиҳамоии эътирозӣ намуданд. Бо онҳо тарафдорони ҳизби наҳзати ислом ҳамроҳ гардида роҳбарии майдонро (майдони «Шаҳидон») ба дасти худ дароварданд. Ҳозирини майдони «Шаҳидон», аксарият аз минтақаҳои Ғарму Бадахшон ва вилояти Қурғонтеппа нисбати Ҳукумат ва Шурои Олии ҶТ суханҳои танқидӣ гуфта, истеъфоашро талаб мекарданд. Гирдиҳамои рӯз ба рӯз характери зиддиҳукуматӣ ва зиддикоминистиро мегирифт. Президент Раҳмон Набиев бепарвои зоҳир намуда, оқибатҳои чунин вазъиятро дарк карда натавонист.

21 апрели соли 1992 мухолифин 20 нафар ҷонибдорони Ҳукуматро гаравгон гирифтанд, аз ҷумла 16 вакилони Шурои Олӣ ва 2 муовини сарвазири мамлакат. Рӯзи дигар Сафаралӣ Кенҷаев аз вазифаи Раиси Шурои Олии ҶТ ба истеъфо баромад ва Акбаршо Искандаров раиси Шӯрои Олии ҶТ гардид.

26 апрели соли 1992 дар майдони дигари Душанбе, ки он вақт майдони «Озодӣ» ном гирифта буд, ба тарафдории ҳукумати расмӣ гирдиҳамоии нав ба амал омад, аксарияти иштирокчиёни он аз минтақаҳои Ленинободу(ҳоло вилояти Суғд) Кӯлоб ва Қурғонтеппаву водии Ҳисор буданд. Мардум, нисбат ба ҳамдигар истифода бурдани суханҳои таҳкиромез «вовчик» (нисбати гирдиҳамомадагони майдони «Шаҳидон») ва «юрчик» (нисбати гирдиҳамомадагони майдони «Озодӣ»), вазъиятро муташанниҷ гардонида буд.

Иштирокчиёни ҳар ду майдон рӯз ба рӯз зиёд мегардиданд ва бо роҳҳои гуногун мусаллаҳ мешуданд. 1 майи соли 1992 Президент Раҳмон Набиев бо фармони хеш Горди миллиро таъсис намуда ба ҷонибдоронаш 1800 автомат таксим намуд.

5 майи соли 1992 дар роҳи Душанбе-Ёвон, назди ҷамоаи Оли совет аввалин задухурди хунини байни тарафҳои муқовимат руй дод. Ин амал ба муташаниҷ гардидани вазъият дар Душанбе ва огози ҷанги шаҳрвандӣ сабаб гардид.

Фоҷиаи хунини 5 майи соли 1992, ки дар ҷамоаи Оли Совет руй дода буд, ба амалиёти зидди ҳукуматии мухолифин дастак шуд. Ҳамон бегоҳ, мухолифин ТВ ҷумҳуриро забт намуда ба воситаи он ташвиқоти зидди ҳукуматиашонро сар карданд. 6 май дастаҳои мухолифин бинои аэропорт ва вокзалро зери назорат гирифтанд. Милитсия, ОМОН қисман бетараф ва қисми дигар ҷонибдори мухолифин гардид. Мушовири Президент оид ба масъалаҳои ҳарби, генерал-майор Баҳром Раҳмонов, ки ба зимаи ӯ муҳофизати бинои Ҳукумати ҶТ вогузошта шуда буд, бо техникаву аслиҳа ба ҷониби мухолифин гузашт.

Президент Раҳмон Набиев дар бинои Кумитаи амнияти миллӣ паноҳ бурд. 10 май ҷонибдорони мухолифин бо мақсади «сарнагун намудани хукумати Президент Раҳмон Набиев» ба ҷониби Кумитаи амнияти миллӣ рохпаймои намуданд. Дар инҷо задухурд ба амал омад, ки дар натича 14 нафар аз намоишчиён халок гардиданд. Ба задухурд ҳарбиёни гарнизони дивизияи 201 Русия, ки бо танку БТР-хо ба чойи муқовимат омаданд, хотима доданд. Баъди ин фоҷеаи хунин намоишгарони майдони «Шаҳидон» (ҷонибдорони мухолифин) Душанберо тарк намуданд.

14 майи соли 1992 ҳукумати эътилофӣ (коалитсионӣ) ба ном «Ҳукумати муросои миллӣ» ташкил карда шуд. Ба он А. Искандаров, Д. Усмон, Х. Холиқназаров, З. Вазиров, М. Мираҳимов ва дигарон шомил буданд. Вале «Ҳукумати муросои миллӣ» барои пешгирии ҷанг коре карда натавонист. Баръакс, худи ҳамон рӯз дар Душанбе, дар назди бинои Кумитаи амнияти миллӣ, дар байни тарафҳои муқовимат, бархӯрди хунин ба амал омад. Дар натиҷа 8 нафар кушта ва 41 нафар захмӣ гардиданд. Бо ҳамин алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ Душанберо фаро гирифт.

Даргириҳо ва рафти ҷанги шаҳрвандӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар аввали моҳи июни соли 1992 муковимати мусаллаҳонаи ҷонибдорони президент Р.Набиев ва мухолифин аз Душанбе ба вилояти Қурғонтеппа гузашт. Зеро 18 июни соли 1992 гурӯҳи калони силохдороне, ки бо 2000 силох Душанберо тарк карда буданд савори чанд Мошини зиреҳпуш ва КИморотЗхо вориди Қурғонтеппа шуданд. Онҳо мехостанд, ки дар Қурғонтеппа Абдулло Саидовро боздошт карда, сипас ба Кофарнихон омада Турачонзода Акбарро дастгир намоянд. ҳангоми сафар ба хоҷагии Туркманистон ба мукоимати шадиди тарафдорони Абдулло Саидов рубару шуданд. Гурухи силохдорон, ки ба самти хоҷагии «Дружба» кафо нишастанд, аз ҷониби нафарони Абдулло дунболгир карда шуданд. Ва қисми зиёди он парронда шуд. Як қисми ками силохдорон ба худуди совхози «Маскав» омада, раштитаборонро барои маҷлис ба кулуби колхоз даъват карда беш аз 94 нафарро он чо парронданд. Ин огози чанги хунин буд.19 июн дар Душанбе таҳти сарварии муовини раиси Ҳизби нахзати исломии Тоҷикистон Давлат Усмон ва Раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Шодмон Юсуф Штаби «Наҷоти Ватан» таъсис ёфт, ки ба он тарафдорони мухолифин шомил шуданд.

27 июни соли 1992 дар Қурғонтеппа задухурди мусаллахонаи ҷонибдорони президент Р.Набиев ва мухолифин руй дод. ҷонибдорони Набиев аз Кӯлоб ба воситаи радиои махали дар бораи ҳуҷуми мухолифин ба ноҳияи Вахш ва зулму куштори аҳолии ноҳия хабар дода, сокинони аз Кӯлобу Ленинобод муҳоҷиршуда ва узбекҳои Қурготеппаро ба муқобилияти зидди мухолифин даъват намуданд. Дар натиҷаи задухурди тарафайн мувофиқи маълумоти ВКД-и Тоҷикистон 35 наф. ҳалок гардида зиёда аз 50 наф. захмдор шудаанд. Ин воқеа боиси тарсу ваҳми мардум ва муҳоҷиршавии хазорон сокинони вилояти Қургонтеппа (асосан зодагони вилоятҳои Кӯлобу Ленинобод ва узбекону дигар миллатҳо) гардид.

Ҷанги шаҳрвандӣ ноҳияҳои водии Ҳисор ва Вахшро фаро гирифт. Ноҳияҳои вилояти Кӯлоб гирифтори бумбасти иқтисодӣ гардиданд. «Ҳукумати муросои миллӣ», ки дар асл ба ихтиёри мухолифин гузашта буд, чанд маротиба ба ноҳияҳои вилояти Кӯлоб корвони хуроки ва молҳои ниёзи мардумро фиристод, аммо мошинхоро горат ва ронандагонро ба асорат мегирифтанд. Дар натича ронандагон минбаъд баро ба Кӯлоб рафтан саркаши мекарданд. Хукумати Муросои милли мехост ороми бошад, аммо нафароне буданд, ки инро намехостанд. Ва аз ҷониби гурӯҳҳои махсуси разведкаи яке аз кишварҳои хамсоя кушта шудани муовини раиси комичроияи вилояти Кӯлоб-Сангов ин гуфтахоро тасдик мекунад. Сангов бояд ба Раҳмон Набиев вохурда ваколатии Раиси комичроияи вилояти Кӯлобро кабул мекард. Аммо уро аз кабулгоҳи Президенти вакт дошта пинхони бурда парронданд ва часади уро ба Кӯлоб интикол доданд, ки "бинед Санговро, барои нон ба Душанбе рафта буд чи гуна бо сангдили парронданд. Ин кори гурӯҳи сеюм буд. Акнун душманон хамачо овозаҳои дахшатнокро пахн мекарданд. Агар ноҳияҳои водии Вахшро ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифта бошад, пас аҳолии вилояти Кӯлобро гуруснагӣ, фаро гирифта буд."Тобистони соли 1992 баъд аз густариши даргириҳо дар водии Вахш, дар ҷануби Тоҷикистон, даҳҳо ҳазор нафар аз сокинон ба манотиқи амн паноҳ бурданд. Минтақаи Кӯлоб, маҳалли аслии фаъъолияти тарафдорони давлати кумунистии вақт, дар муҳосира қарор гирифт. Мардум ҳатто нони хӯрдан надоштанд. Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ, ки бархе аз раҳбарони гурӯҳҳои исломгаро ва демукротик шомили он буданд, натавонист вазъиятро ором кунад."[18]

Аксарияти муҳоҷирон ба вилояти Кӯлоб ва шаҳри Душанбе, дигарон дар ноҳияҳои гуногуни ҷумҳури ва давлатҳои ИДМ паноҳ бурданд. Тобистони соли 1992 бо шиддат ёфтани муковимат муҳоҷиршавии кавму маҳалҳои Ғарму Бадахшон низ ба вукуъ омад. Муҳоҷирони иҷбории дохилӣ (мувофики маълумоти УВКБ СММ дар соли 1992) тахминан 1 млн наф. ва дар давлатҳои ИДМ 195 ҳаз. наф. ташкил мекард.

29 июн дар Қургонтеппа ва 27 июли соли 1992 дар Хоруғ ду маротиба байни роҳбарони тарафҳои мукобил ва кумондонони саҳроии Кӯлоб ва мухолифин «шартномаи оташбас» ба имзо расида буд, Вале ин шартномаҳо аз ду ҷониби муқовимат риоя нагардида ҷанги шаҳрвандӣ давом мекард.

Дар Душанбе мухолифин мавқеи худро рӯз аз рӯз мустаҳкам менамуд. 24 августи 1992 аз ҷониби мухолифин додситони генералии ҷумҳурӣ Нурулло Ҳувайдуллоев кушта шуд. Ин амали терористии мухолифин гирдиҳамоии эътирозии сокинони ҷумҳуриро ба миён овард. Дар ин гирдиҳамоиҳо намоишчиён ба «Ҳукумати муросои миллӣ» нобоварӣ изҳор намуданд.

31 августи соли 1992 гурӯҳи мусаллахонаи «ҷавонони Душанбе» ҳамроҳи гурезаҳои вилоятҳои Қурғонтепа ва Кӯлоб қасри Президентро забт намуда 48 наф. аъзоёни Ҳукумати ҶТ ва диг. ба гарав гирифтанд. Мухолифин ва муовини Раиси вилояти Кӯлоб Санговро куштанд. Президент Раҳмон Набиев дар гарнизони дивизияи 201 Русия паноҳ бурда буд. Президент Раҳмон Набиев, аз тарс як ҳафта дар Қаратоғ пинҳон шуд.

2 сентябр аъзоёни Ҳукумати ҶТ зери фишори мухолифин ба «Изҳорот дар бораи нобовари ба Президенти ҶТ Раҳмон Набиев»-ро имзо намуданд. 4 сентябр дар Душанбе бояд иҷлосияи Шурои Олии ҶТ даъват мегардид. Ҳамин рӯз дар Қургонтеппа ҷонибдорони Раҳмон Набиев бо ташаббуси фармондехи дастаҳои муқобилиятнишодеҳии Кӯлоб Сангак Сафаров гирдиҳамои ташкил намуданд. Мухолифин ба намоишчиён ҳуҷум карданд, задухурди навбатии хунин ба амал омад, садҳо куштаву захмдор шуданд. Иҷлосияи Шурои Олии ҶТ, ки бояд 4 сентябр даъват мегардид, ба таъхир андохта шуд ва баргузор нагардид.

7 сентябрсоли 1992 Раҳмон Набиев ба кор баромад ва ҳангоми ба сӯи Хуҷанд гурехтан, дар фурудгоҳи Душанбе, аз тарафи гурӯҳи мусаллахонаи мухолифин маҷбур карда шуд, ки аз вазифаи президентӣ ба истеъфо барояд. «Ҳафтуми сентябри соли 1992 Раҳмон Набиев, раиси ҷумҳури вақти Тоҷикистон, ҳангоме ки мехост аз Душанбе ба Хуҷанд парвоз кунад, аз сӯйи гурӯҳе аз шибҳинизомиёни мухолифи давлат гаравгон гирифта шуд. Таҳти фишори ин гурӯҳ ӯ аз мақомаш истеъфо дод. Ин ҳодиса хашми тарафдорони Набиевро барангехт. Гурӯҳҳои тарафдори давлат дар Кӯлобу Хуҷанд ва водии Ҳисор истеъфои ӯро ғайриқонунӣ медонистанд.

Дар ҳар тараф гурӯҳҳои мусаллаҳ таъсис ва раҳбаре барои онҳо пайдо мешуд. Дар шаҳри Кӯлоб Ҷабҳаи халқӣ ба роҳбарии Сангак Сафаров, як сокини ин шаҳр, таъсис ёфт, ки ҳадафи худро барқарории ҳукумати қонунӣ медонист. Худи Сангак Сафаров фарде буд, ки то замони истиқлоли Тоҷикистон ба иттиҳоми қатл беш аз 20 соли умрашро дар зиндонҳои шӯравӣ сипарӣ карда буд.»[18]

Ҳамин тавр, дар Душанбе ҳокимият пурра ба ихтиёри мухолифин гузашт. Дар чунин ҳолат Шӯрои Олии ҷумҳурӣ озодона фаъолият карда натавонист. Мухолифин ҳар лаҳза намояндагони мардумӣ ва аъзоёни ҳукуматро, ки аз рӯи нақшаи онҳо амал намекарданд, гаравгон мегирифтанд. Радио ва оинаи нилгуни ҷумҳурӣ ҳам дар ихтиёри тарафи мухолифин буд.

Хулоса, рукнҳои давлатдорӣ дар Тоҷикистон фалаҷ гардида буд. Чунин ҳолат зарурияти таъсис намудани ҳокимияти нави қонунии ҷумҳуриро ба вуҷуд овард, ки онро бояд ҳар ду тарафи муқобил эътироф намоянд. Чунин ҳокимиятро бояд иҷлосияи Шӯрои Олии ҶТ, ки салоҳияти ҳуқуқӣ дошта буд ташкил медод.

Ҷабҳаи миллии Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Тобистони соли 1992 барои омузиши вазъи ҳарбию сиёси аз шаҳри Чирчики Ҷумҳурии Узбакистон бригадаи таъйиноти махсуси 14-15 ба вилояти Қурғонтеппа фиристода шуданд. Ислом Каримов пеш аз сафар бо полковник Чубаров вохурда мегуяд, ки" Барои Тоҷикистон мусикиро мо фармоиш медихем" Ва онҳо барои таъсиси «Фронти халқи» талош меварзанд.

Баъди истеъфои Раҳмон Набиев задухурдҳои байни мухолифин ва дастаҳои мусуллаҳонаи Кӯлоб дар вилояти Қурғонтеппа авч гирифтанд. Дар асоси иттифоки тарафайни Кӯлобиҳову ҳиссориҳо «Фронти халқии Тоҷикистон» (Ҷабҳаи халқӣ) ташкил ёфт, ки ҳадафи асосиашон барқарор намудани «сохти конститутсионӣ» дар Тоҷикистон гардид. Пешвоёни сиёсии «Фронти халқии Тоҷикистон» аз Кӯлоб — «авторитети» ҷинояткорон Сангак Сафаров ва ҳунарманд Рустами Абдурахим, аз водии Ҳисор — собиқ раиси Шӯрои Олии ҶТ Сафаралӣ Кенҷаев буданд.

Сентябр-октябри соли 1992 ҷангҳои хунин дар шаҳри Қурғонтеппа мегузаштанд. «Фронти халқи»-ро русхо бо техникаи зиреҳпуш ва аслиҳаи вазнинро таъмин мекарданд. Ва онҳо дар набардхо аз Танкҳои «Т-82» истифода мебурданд. Террору куштори бераҳмона нисбати аҳолии осоишта аз руи маҳалҳои қавмиашон (Кӯлобиву гармиву, дарвозиву, бадахшониву узбекҳо) аз ҷониби тарафҳои мухолиф истифода бурда мешуд.

Сентябри соли 1992 дастаҳои Фронти халқӣ дар водии Ҳисор ташкил ёфтанд. Онҳо дар ин води ба куштори зодагони Раштонзамин сар карданд. Аввалин курбонии онҳо сохибкор Ахлиддин Хомидов буд, ки дар Хисор таъсис ёфтани Фронти халқиро фаҳмида барои фаҳмидани максадҳои онҳо ба наздашон рафт. Уро бо ронандааш дар Хисор парронданд. Бо ҳамин вазъ дар ин води ноором шудан гирифт. Аз вилояти Кӯлоб бо сардории Курбони «муш» як гурӯҳи чангиён ба Хисор омаданд. Онҳо ба Хисорихо маслихат медоданд, ки аз 7 сола хамаи тоҷикони асили гармиву помириро куштан даркор. Гурӯҳи нави Турсунзодаву Ҳисор зидди мухолифин ба вуҷуд омад. Субҳи 24 октябр соли 1992 ин гурӯҳ бо сарварии Сафаралӣ Кенҷаев ва Рустами Абдураҳим ба Душанбе ҳуҷум намуда қасри Президент ва Маркази радиоро ишғол намуданд. Задухурди тарафҳо дар Душанбе бо маглубияти «ҳисориҳо» анҷомид. Дар он даххо одамон, аз ҷумла Рустами Абдураҳим кушта шуданд. Баъди маглубият дар Турсузодаву Шаҳринаву Ҳисор терори зидди тоҷикони асили гармиву бадахшони сар шуд ва роҳи оҳани Турсунзода — Душанбе вайрон карда шуд. Муҳосираи иктисодии Душанбе ва ноҳияҳои водии Ғарму Кӯҳистони Бадахшони оғоз гардид.

Иҷлосияи XVI Шурои Олии ҶТ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз 26 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд (вилояти Ленинобод) иҷлосияи XVI Шурои Олии ҶТ шуда гузашт. Дар иҷлосия Президент Раҳмон Набиев ва Раиси Шурои Оли Акбаршо Искандаров аз вазифаҳояшон сабукдуш шуданд (Сафарали Кенҷаев, собик раиси Шурои Олии ҶТ ҳамин вакт, аз ҷониби кормандони тартиботи ҳуқуқи боздошт шуда буд). 19 ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Ҳукумати вилояти Кӯлоб дар натиҷаи овоздиҳии вакилон Раиси Шурои Олии ҶТ интихоб гардид. 26 ноябр кумондонони саҳроии «Фронти халқии Тоҷикистон» ва «Артиши халқи-демократи»-и мухолифин созишномаи сулҳро ба имзо расониданд. Пешвоёни мухолифин аз ҳизбу ҳаракатҳои исломию демократии ба Хуҷанд наомаданд. Сарвазири Ҳукумати нави ҶТ Абдумалик Абдуллоҷонов таъйин шуд. Дар ҳайати нави Ҳукумати ҶТ ягон намояндаи мухолифин таъйин нашуда буд. Ба Конститутсия тагӣирот ворид карда шуда ваколати Президенти ҶТ муваққатан (то интихобот) боз дошта шуд. Ваколати Сардори давлат ба раёсати Шурои Олии ҶТ гузошта шуд.

Дар рафти кори иҷлосияи XVI Шурои Олии ҶТ охири ноябр — декабри соли 1992 аз ноҳияҳои чануби ба Афгонистон тахминан 60 ҳазор нафар, асосан аз қавмҳои гармиву дарвозиву бадахшони гуреза шуданд. Аз байни онҳо солҳои минбаъд дастаҳои мусаллаҳи мухолифин дар Афгонистон ташкил шуда буданд.

Вале Сафарали Кенҷаев, ки дар роҳбарияти нави мамлакат ба ягон мансабе соҳиб нашуд, бо дастаҳои ба худ содиқи ҳиссориҳо ба Душанбе ҳучум сар кард. Кисми гарбии пойтахт аз тупҳои «Град» охири ноябр ва аввали декабри соли 1992 тирборон карда шуд. 4 декабр сарварони «Артиши халқи-демократи»-и мухолифин ба воситаи радио эълон намуданд, ки ба Роҳбарияти нави чумҳури бо сарварии Э. Раҳмон итоат намекунанд. 10 декабр соли 1992 батальони махсуси (ки бо кумаки бевоситаи Узбекистон бо зиреҳпушхову аслиҳаи мусаллаҳ шуда буд) вазири корҳои дохилии ЧТ Ёқуб Салимов якчоя бо дастаҳои «Фронти халқии Тоҷикистон» ба Душанбе дохил гардида пойтахтро ишгол намуданд. Қувваҳои мухолифини дар Душанбе буда, ба қувваҳои ҳукумати муқобилияти сахт нишон надода, асосан ба сӯи ноҳияи Кофарниҳон (Ваҳдат) ақиб гаштанд. Маҳз чунин ҳолат Душанберо аз харобии зиёд эмин нигоҳ дошт.

Дар шаҳри Ваҳдат мухолифин то 20 декабр муқобилият нишон дода, ба водии Рашт қафо гаштанд. Баъди забт намудани Душанбе, аз ҷониби «Фронти халқии Тоҷикистон» Дар Душанбе муқобили қавмҳои гармиву бадахшонӣ таъқибу террор сар шуд. Якчанд рӯз дар шаҳр ҷиноякорони мусаллаҳ ҳукумрони мекарданд. Намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои мухолифин дастгир ва ҳабс карда шуданд.

Давоми ҷанг

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1993 Эмомалӣ Раҳмон ба ташкили Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ дар водии Вахшу Ҳисор машғул буд. Бисёриҳо ба он дохил шудан намехостанд, чунки ба устувору мустаҳкамшавии он шубҳа доштанд. Дар мамлакат асосан қумондонони саҳроии «Фронти халқии Тоҷикистон» ҳукумрони менамуданд ва ба Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон итоат намекарданд. Тобистони соли 1993 пули Анзоб дар роҳи автомобилгарди Душанбе — Хуҷанд тарконида шуд. Декабри соли 1993 вакилони вилояти Ленинобод ба иҷлосияи Шурои Олии ҶТ ҳозир нашуданд. Роҳбарияти вилояти Ленинобод таклиф мекард, ки идоракунии Президенти барқарор карда шуда вилоят ба минтакаи озоди иктисоди табдил дода шавад. Дар иҷлосияи Шӯрои Олии ҶТ қарор карда шуд, ки интихоботи Президент ва Конститусияи нав қабул карда шавад.

Дар водии Ғарм, ки тартиботи исломи ҷори шуда буд, ҷанги қувваҳои мухолифин бо хукумат давом меёфт. 21 июни соли 1993 коллегияи судии Суди Олии Тоҷикистон фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои исломию демократии мухолифинро манъ кард. Дар сарҳади Афғонистон, ки сарҳадбонони Русия муҳофизат менамуданд, амалиётҳои терористи зиёд шуданд. 13 июли соли 1993 муҷоҳидони афғон (200 нафар) ба заставаи 12 сарҳадбонони Русия ҳуҷум овард. Бо ёрии қисмҳои ҳарбии дивизияи 201 Русия муҷоҳидон аз худуди ҷумҳури пеш карда шуданд. Дар ҷанги нобаробар 25 нафар сарҳадбонон кушта шуданд.

Дарёфти сулҳ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хоҳишу мароми бевоситаи аксарияти мардуми Тоҷикистон ва қувваҳои сиёсии кишвар барои хотима додани ҷанги дохилӣ ва ҷустуҷӯи ҳамдигарфаҳмӣ. Чунин, ният дар рафти кори иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд соли 1992 оғоз гардида дар давоми музокироти байни тоҷикон оид ба оштии миллӣ солҳои 1994—1997 ва амалӣ шудани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон»(аз 27 июни соли 1997) дар соли 1997—2000 зоҳир гаштааст. Ба раванди сулҳсозӣ Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон (аз 9 марти 1996), ки байни роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва миллии Тоҷикистон ба имзо расида буд ва фаъолияти Харакати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон (аз 18 июни соли 1997) мусоидат карда буд.

Оғози музокироти байни тоҷикон оид ба оштии миллӣ, ки бо кумаки Созмони Милали Муттаҳид, сар шуда бо иштироки бевоситаи Дабири кулли СММ, намояндагони махсуси ӯ дар Тоҷикистон, Ҳайати Нозирони СММ дар Тоҷикистон ва бо дастгирии Шӯрои амнияти СММ гузашта буд. Амалиёти СММ доир ба эъҷоди сулҳ соли 19941997 амалӣ гардида бо ба имзо расидани санади ҷамъбастии музокироти байни тоҷикон 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба анҷом расид.

27 июн тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмии давлатӣ табдил ёфтааст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.[19]

Музокироти байни тоҷикон оид ба оштии миллӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Музокироти байни тоҷикон оид ба оштии миллӣ аз 5 апрели соли 1994 то 27 июни 1997 давом кардааст. Дар ин муддат 8 даври музокироти байни Ҳукумат ва мухолифин(ИНОТ) 3 машварати байниҳамдигарии тарафҳо ва 6 мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон ва Роҳбари мухолифин(ИНОТ) С. А. Нурӣ баргузор гардидааст. Дар рафти музокирот 9 асноди асосӣ, ки асоси «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон»-ро дарбар мегирифт, қабул шуданд.

Давраҳои музокироти миёни тоҷикон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Музокирот ва машваратҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳодияи нерӯҳои оппозитсиони тоҷик (ИНОТ) оид ба ҳалли ихтилофоти миёни тоҷикон ва расидан ба сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон (с-и 1994—1997):

  • Даври 1 — 5-19 апрели 1994 дар Маскав.
  • Даври 2 — 18-28 июни 1994 дар Теҳрон.
  • Даври 3 — 20 октябр — 1 ноябри 1994 дар Исломобод.
  • Даври 4 — 22 май −1 июни 1995 дар Алма-Ато.
  • Даври 5 -

Марҳалаи 1 — 30 ноябр — 22 декабри 1995 дар Ашқобод

Марҳалаи 2 — 26 январ — 18 феврали 1996 дар Ашқобод

Марҳалаи 3 — 8 — 21 июли 1996 дар Ашқобод

  • Даври 6 — 5-19 январи 1997 дар Теҳрон.
  • Даври 7 — 26 феврал — 8 марти 1997 дар Маскав.
  • Даври 8 -

Марҳалаи 1 — 9 — 16 апрели 1997 дар Теҳрон.

Марҳалаи 2 — 22 — 28 майи 1997 дар Теҳрон.

  • Музокироти ҷамъбастӣ — 24-27 июни 1997 дар Маскав.

Инчунин се даври машваратҳои тарафайн байни намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИНОТ дар рафти музокирот шуда гузаштаанд: даври 1 — дар Теҳрон, 12-17 сентябри соли 1994; даври 2 — дар шаҳрҳои Маскав, Душанбе, Исломобод, Теҳрон феврали соли 1995; даври 3 — дар Маскав, 19-26 апрели соли 1995 баргузор гардиданд.[20]

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Мулоқоти 1 — 17-19 майи 1995 дар Кобул. Изҳороти муштарак.
  • Мулоқоти 2 — 19 июни 1995 дар Теҳрон. Изҳороти муштарак.
  • Мулоқоти ғоибона — августи 1995 дар Душанбе-Кобул. Протокол «Дар бораи принсипҳои асосии барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» аз 17 августи соли 1995 (дар алоҳидагӣ ба имзо расидааст).
  • Мулоқоти 3 — 10-11 декабри 1996 дар Хусдеҳ (Афғонистони Шимолӣ). Изҳороти муштарак. Протокол «Дар бораи танзими авзои низомию сиёсии минтақаи муқовимат» аз 11 декабри соли 1996.
  • Мулоқоти 4 — 23 декабри 1996 дар Маскав. Созишномаи Президенти ҶТ ва Роҳбари ИНОТ. Протокол «Дар бораи вазифа ва салоҳиятҳои асосии Комиссияи оштии миллӣ» аз 23 декабри соли 1996.
  • Мулоқоти 5 — 20-21 феврали 1997 дар Машҳад. Изҳороти муштарак. Протоколи иловагӣ ба протокол «Дар бораи вазифа ва салоҳиятҳои асосии Комиссияи оштии миллӣ» аз 21 феврали соли 1997. Низомномаи Комиссияи оштии миллӣ.
  • Мулоқоти 6 — 16-18 майи 1997 дар Бишкек. Ёддошти Бишкек. Протокол «Дар бораи масъалаҳои сиёсӣ» аз 18 майи соли 1997.[21]

Созишномаи сулҳ

[вироиш | вироиши манбаъ]

27 июни соли 1997

Дар ин рӯзи таърихии тақдирсоз барои мардуми Тоҷикистон дар шаҳри Маскав санадҳои зерин ба имзо расидаанд.

Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон.

Протоколи ҳамдигарфаҳмии Президенти ҶТ Э.Раҳмон ва Роҳбари ИНОТ С. А. Нурӣ.

Изҳороти Маскав — аз ҷониби Президенти ҶТ Э.Раҳмон ва Роҳбари ИНОТ С. А. Нурӣ ва намояндаи махсуси Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Г. Д. Мерем ба имзо расидааст.[22]

Комиссияи оштии миллӣ (КОМ)

[вироиш | вироиши манбаъ]
Мақолаи асосӣ: Комиссияи оштии миллӣ

Таъсис ва фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ (КОМ) бо шумораи баробари намояндагони ҳукумат ва мухолифин, ҳамчун мақомоти асосии амалӣ сохтани «Созишномаи умумӣ» дар давраи гузариши соли 1997—2000. Ин мақомоти муваққатӣ ба яке аз воситаҳои сиёсии дарёфти ҳарчи зудтари сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон хидмат намудааст.[23][24][25]

Механизми татбиқи «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» аз 27 июни соли 1997 ки аз 9 санади муҳим иборат буд ба воситаи Комисияи оштии миллӣ мебоист ҳалли хешро меёфт. Ҳайат, вазифа ва салоҳияти Комисияи оштии миллӣ дар рафти музокирот ҳаллу фасл гардида доир ба он 2 санад 23 феврали соли 1997 дар Маскав, Протоколи иловагӣ ва Низомномаи Комисияи оштии миллӣ 21 феврали соли 1997 дар шаҳри Машҳад қабул шуданд.

Комисияи оштии миллӣ фаъолияти худро аввал дар Маскав 7-11 июл ва сипас аз 15 сентябри соли 1997 то 1 апрели соли 2000 дар шаҳри Душанбе пеш бурда вазифаҳои дар наздаш гузошташударо бомуваффақият ичро намудааст. Дар давоми фаъолияти КОМ гурӯҳи тамос бо иштироки намояндаи махсуси Дабири кулли СММ, САҲА, Созмони конфронси исломӣ ва сафирони 8 мамлакатҳои нозири музокироти тоҷикон ба ҳайси кафилони сиёсии татбиқи Созишномаи сулҳ саҳмгирӣ намуданд. Дар кумакҳои башардӯстона ба аҳолии ҷабрдидаи Тоҷикистон Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, дафтарҳои СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ саҳмгузор буданд.

  1. Political Construction Sites: Nation-building in Russia and the Post-Soviet States(пайванди дастнорас), page 77
  2. 2.0 2.1 В Казахстане вспоминают подвиг седьмой роты
  3. [1]
  4. Не признало перемирие, и продолжило боевые действия против правительственных сил
  5. Иморати исломии Афғонистон, который возглавляли талибы, официально объявил о своём нейтралитете в конфликте, однако некоторые подразделения движения Талибан сражались на стороне оппозиции
  6. Inside Al Qaeda: global network of terror, by Rohan Gunaratna, pg. 169
  7. 7.0 7.1 7.2 7.3 7.4 Uppsala conflict data expansion. Non-state actor information. Codebook pp. 338; 339; 363.
  8. Tajikistan - armed forces personnel
  9. 9.0 9.1 9.2 Armed forces - Tajikistan Состоит из 6000 военнослужащих, 800 сотрудников сил ВВС, более 1200 сотрудников пограничной охраны, повстанцы из ОТО составляли около 5000 бойцов.
  10. Analysis of the Transnistrian Conflict "Human Rights and Russian Military Involvement in the "Near Abroad"" Human Rights Watch December. 1993
  11. Tajikistan - National Security
  12. Global security - Tajikistan Civil War
  13. 13.0 13.1 13.2 Crisisgroup.org - Central Asia Briefing pp. 2; 3; 5. Включает в себя 15 000 советников и 100 тысяч военнослужащих.
  14. Боевые действия на таджико-афганской границе в начале 1990-х
  15. Kashmir Information Network (KIN) A Paradise Turned into Hell Бойгонӣ шудааст 26 сентябри 2011  сол.; Afghanistan Factor in Central and South Asian Politics Бойгонӣ шудааст 26 сентябри 2011  сол.
  16. Central Asia Region's countries need support for refugees | ReliefWeb 18 September 2001.
  17. پیمان صلح تاجیکان: مشروعیت ازدست‌رفته(форсӣ), BBC News فارسی. Проверено 7 феврали 2023.
  18. 18.0 18.1 нусхаи бойгонӣ. 23 Декабри 2012 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 сентябри 2012.
  19. Қонунҳо ва Қарорҳо.Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бойгонӣ шудааст 1 августи 2021  сол.
  20. Саъдиев Ш.Тоҷикистон: роҳи сулҳ ва ризоият — Душанбе,2002. — с. 9
  21. Саъдиев Ш.Тоҷикистон: роҳи сулҳ ва ризоият — Душанбе,2002. — соли 10
  22. Саъдиев Ш.Тоҷикистон: роҳи сулҳ ва ризоият — Душанбе,2002. — соли 13
  23. Саъдиев Ш.Тоҷикистон: роҳи сулҳ ва ризоият — Душанбе, 2002. — с. 15-16
  24. Нури С. А. Оштинома — Душанбе, 2001. — 280 c.
  25. Усманов И. К. Миростроительство в Таджикистане. — Душанбе, 2006. — 160 c.
  • Алимов Р., Лебедев М., Касымов Э. Таджикистан — ООН: История взаимоотношений. — М., 1995.
  • Белов Е. В. Исторический опыт переговорного процесса по урегулированию межтаджикского конфликта (1993—1997 гг.).- Душанбе, 1999.
  • Нури С. А. Оштинома — Душанбе, 2001.
  • Олимова С., Олимов М. Таджикистан на пороге перемен. — М., 1999.
  • Рахматуллаев Э. Миротворчество ООН в Таджикистане и перспективы дипломатии в Центральной Азии. — М., 2001.
  • Саъдиев Ш. С. Тоҷикистон: роҳи сулҳ ва ризоияти милли. — Душанбе, 2002
  • Таҷрибаи таърихии сулҳи Тоҷикистон. Маҷмӯи тезисҳои Симпозиуми байналмилалӣ. Душанбе, 26-27 апрели соли 2001.- Душанбе, 2001.
  • Усмон И. Сулҳнома. — Душанбе, 2001.
  • Усманов И. К. Миростроительство в Таджикистане. — Душанбе, 2006.
  • Инҷоро ҳам бингаред