Jump to content

Ҷуғрофиёи Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷуғрофиёи Тоҷикистон
Нигора
Кишвар
Гурӯҳи вобаста Category:Tajikistan geography-related lists[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ ҷойгир аст. Роҳи баромадан ба баҳр надорад.

Дар шимолу ғарб бо Ӯзбекистон (1161 км), дар шимолу шарқ бо Қирғизистон (870 км), дар шарқ бо Чин (414 км) ва дар ҷануб бо Афғонистон (1206 км) марз дорад. Марзҳои Тоҷикистон бисёр печдор буда дар тӯли чандин аср ташаккул ёфтаанд. Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон соли 1885 таъйин шудааст ва он аз рӯдҳои Панҷ ва Омударё мегузарад.

Табиати Тоҷикистон

Тоҷикистон аз рӯи хусусияти сатҳи замин кишвари кӯҳ­­­сор бо баландиҳои мутлақи аз 300 то 7 495 м мебошад[1].

Мақолаи асосӣ: Кӯҳҳои Тоҷикистон

Кӯҳҳо 93%-и ҳудуди Тоҷикистонро ишғол менамоянд, ки ба системаи кӯҳҳои баландтарини Осиёи Марказӣ – Тиёншон ва Помир мансубанд. Тақрибан нисфи ҳудуди Тоҷикистон дар баландии зиёда аз 3 000 м ҷойгир шудааст[1].

Кӯҳҳои Тоҷикистон дар давраҳои гуногун ташаккулу пай­­­­до шудаанд. Баъзе аз онҳо чандин маротиба дучори ҳа­ра­катҳои тектоникӣ гардидаанд. Масалан, силси­лакӯҳ­ҳои Қу­ра­ма ва Ҳисору Олой дар давраи палеозой, дар на­тиҷаи пай­­доиши чинҳои давраҳои каледонию ҳерсинӣ ташаккул ёфтаанд. Ин кӯҳҳо аз варақсангҳои палеозойи поин, ҷинс­ҳои карбонатию терригении девони миёна – кар­бони по­ин, ҷинсҳои вулкании палеозойи боло ва ҷинсҳои грани­тии то девону палеозойи боло иборатанд. Кӯҳҳои дав­раи палеозой, ки садҳо миллион сол вуҷуд доштанд, тад­риҷан шуста шуда, ба ҳамвориҳои теппадор табдил ёф­танд. Дар эраҳои мезозой, кайнозой дар ҳудуди мин­та­қаҳо таҳшинҳои плат­формаӣ ҷамъ омадаанд, ки онҳо аз ҳаракатҳои текто­ни­кии алпӣ чиндор шуда, боиси пайдоиши релйефи ҳо­зи­раи Ҳисору Олой гардидаанд. Дар давраи кайнозой сил­силакӯҳҳое, ки Помирро аз тарафи шимол иҳота кардаанд, сар афрохтаанд. Ҷунбиш (ҳаракат)-ҳои нави орогенӣ бои­­си пайдоиши тарқишҳо дар сохтҳои нисбатан қадими кӯ­ҳӣ ва баландшавии нобаробари хар­сангҳо, дар баъзе маҳалҳо боиси пастшавии онҳо гардида­анд. Бахусус, силсилакӯҳҳои Қурама, Ҳисору Олой ва По­мир баландшавии бошиддатро аз сар гузаронидаанд. Релйефи ҳозираи То­ҷикистон натиҷаи ҷунбишҳои якҷои тек­то­ни­кии алпии қишри замин ва равандҳои де­ну­дат­си­онӣ (суфта шу­дани сатҳи замин) мебошад. Дар кӯҳ­ҳои То­ҷикистон ҳодисаҳои вулканӣ ба мушоҳида намерасанд, аммо зилзилаҳои қув­ваашон гуногуни дар нати­ҷаи ҳаракатҳои тектоникии зуд-зуд баамалоянда ба қайд гирифта мешаванд[1].

Унсурҳои асосии кӯҳнигории То­ҷикистон:

  • риштагӯҳи Қурама ва кӯҳҳои Муғултой;
  • ҳавза (пастхами)-и Фарғона;
  • низоми кӯҳҳои Ҳисору Олой (Тиёншони Ҷанубӣ);
  • пастхамии Тоҷикистон (қис­ми нишебии ҷанубу ғарби Тоҷикистон);
  • Помир.

Як қисмати мамлакатро қаторкӯҳҳои Помир ташкил намуда, дар натиҷа пайдо гаштани дарёҳои тезоб ва кӯлҳои васеъро ба вуҷуд меорад. Калонтарин дарёҳои мамлакат Амударё, Сирдарё, Зарафшон, Вахш ва Панҷ ба шумор меравад.

Мақолаи асосӣ: Кӯлҳои Тоҷикистон

Қарокӯл дар байни кӯлҳо калонтарин аст. Он дар қисмати шарқии Помир воқеъ аст. Масоҳати ин кӯли шӯри пӯшида 380 км мураббаъ аст. Кӯли Сарез дар қисмати ғарбии Помир ҷойгир шуда, амиқтарин кӯли Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Масоҳати умумии кӯли мазкур 86,5 км мураббаъ буда, чуқуриаш 490 м аст. Афзун бар ин, оби кӯли номбурда дар Осиё муҳимтарин аст.

Калонтарин пиряхи Тоҷикистон – Федченко ном дошта, дарозиаш 77 км ва бараш аз 1700 то 3100 м мебошад. Иқлими Тоҷикистон аз рӯи тафовути минтақаҳо ва баландиҳои мухталиф тағйирёбанда аст. Дар фасли зимистон ҳарорати мӯътадили водӣ аз сифр то 2 дараҷа гарм мешавад. Дар минтақаҳои баланд ҳарорат паст буда, аз сифр то 27 дараҷа хунук хоҳад шуд

  1. 1.0 1.1 1.2 Табиат / Х. Муҳаббатов // Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома. — Д.: СИЭМТ, 2021. — С. 46—51. — 696 с. — ISBN 978-99985-0-005-1.