Jump to content

Абдурраҳим Ҳоҷибоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдурраҳим Ҳоҷибоев
Таваллуд 25 апрел 1900(1900-04-25)
Даргузашт 25 январ 1938(1938-01-25) (37 сол)
Фарзандон Baroat Abdurahimovna Hodzhibaeva[d]
Ҳизб
Таҳсилот

Абдураҳим Ҳоҷибоев — сиёсатмадор, ходими ҳизбӣ

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]
Абдураҳим Ҳоҷибоев — сиёсатмадор, ходими ҳизбӣ
Абдураҳим Ҳоҷибоев — сиёсатмадор, ходими ҳизбӣ

Абдураҳим Ҳоҷибоев соли 1890 дар Хуҷанд дар оилаи деҳқони миёнаҳол таваллуд ёфта, дар мактаби русию маҳаллии Хуҷанд таҳсил кардааст. Баъди ғалабаи Инқилоби Октябр дар шуъбаи зироати Университети давлатии Туркистон дониш омӯхтааст. Соли 1918 дар вилояти Закаспии ҶМШС Туркистон, солҳои 1919-1922 дар уездҳои Қуқанд фаъолият меварзад. Солҳои 1925-1928 ба ҳайати комиссари зироати ҶМШС Ӯзбекистон кор кард. Сипас чун Раиси Шӯрои Нозирони тоҷик дар пеш бурдани хоҷагии халқи Тоҷикистон саҳми калон гузошт. Соли 1929 очерки иқтисодии ӯ «Тоҷикистон» дар Маскав нашр шуд. Мувофиқи қарори КМ ВКП(б) ва Пленуми КМ ВКП(б), комиссияи марказии назорати ҳизбии ҲК(б) Тоҷикистон соли 1933 Абдураҳим Ҳоҷибоев чун «миллатчии буржуазӣ» айбдор гардида аз вазифаи раиси ШКХ Тоҷикистон озод шуда ҳамроҳ бо Нусратулло Махсум ба Москва фиристонда шуд. 8 июли соли 1937 бо баҳонаи алоқаи наздик доштанаш бо гурӯҳи зиддишӯравии Н.И. Бухарин ва хато баровардани роҳи стахановӣ ба ҳабс гирифта шуда, ниҳоят ба қатл расид. (Рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ», 27.IV.1990).[1]